25.4 C
Душанбе

“Инсоне боистеъдод ва заминӣ”

(Асланшоҳ Раҳматуллоев дар шинохти ёрону коршиносон)

Асланшоҳ Раҳматуллоев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон рӯзи 27-уми апрел дар 71-солагӣ аз олам даргузашт. Маросими видоъ бо ӯ субҳи 28-уми апрел дар саҳни манзилаш, ки дар канори синамосарои “Ватан” ҷойгир аст, барпо шуд. Дар ин маросим ёрону дӯстон, ҳамкорону ҳамнишинон ва алоқамандони ҳунари ӯ гирд омада, бо ҷасади ин ҳунарпешаи саршинос хайрбод гуфтанд. Пас аз он ҷанозаи ин ҳунарпешаи саршинос дар масҷиди ҷомеъи Имоми Аъзам Абуҳанифа баргузор ва ҷасадаш дар оромгоҳи Лучоб, дар канори дигар бузургмардони миллат ба хок супурда шуд.

Коршиносон ва аҳли ҳунар аз Асланшоҳ Раҳматуллоев шинохти гуногун доранд. Бархе ӯро ҳамчун одами шӯх ва чеҳракушод тавсиф мекунанд, дигарон аз вай ба унвони шахсияти содиқ ба ҳунар, чеҳраи мондагори синамоӣ ва инсон бо ҳарфи калон ёдоварӣ мекунанд.

“СИМОИ ХОС ДОШТ”

Сафар Ҳақдод, раиси Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон мегӯяд, Асланшоҳ Раҳматуллоев ва ҳамнаслони ӯ аз сулолаи мактаби ҳирфаии синамо буданд. Ба назари вай, ин чеҳраи дурахшон ва Юнус Юсупов, Меҳрангез Ҳасанова ва Тоҷинисо Саидова дар синамо тағзия шуданд ва дар он замон умед ба онҳо зиёд буд.

“Асланшоҳ Раҳматуллоев дар миёни ҳампешагонаш аз ҷумлаи муваффақҳо буд. Дар филмҳои зиёди шуравӣ ва “Тоҷикфилм” нақш иҷро кард, аммо дар солҳои мушкил ба театр баргашт. Азбаски пуркор буд, дар театр низ дурахшид”, – иброз дошт Сафар Ҳақдод.

Ӯ афзуд, «равоншод Раҳматуллоев аслан аз дунёи театр вориди синамо шуд. Ҳаммактаби вай Мақсудшо Ҳимматшоев, ки дар хеле нақшҳои хуби синамоиро иҷро кардааст, ба коргардонию мусиқӣ рӯ овард, аммо Асланшоҳ ба ҳунарпешагӣ содиқ монд.»

Ба назари Сафар Ҳақдод, ҳарчанд Раҳматуллоев дар ҳавзаи коргардонии синамо низ ҳунари худро санҷидаву бо Юнус Юсупов филмҳои муштарак, аз ҷумла “Марги бегуноҳ” ва “Оворагардон”-ро сохтаааст, ҷомеаи ҳунарӣ ӯро чун ҳунарпешаи варзида мешиносад, зеро Асланшоҳ Раҳматуллоев мисли дигар шогирдони мактаби Сергей Бандарчук дар синамо чеҳра ва мақоми вижаи худро ёфта буд.

“Бозигарии ӯ ҳамеша ба танз омехта буд. Ҳатто нақшҳои драматикияш ҳам оҳанги танз дошт. Ва ба касе тақлид намекард”, – хулоса кард ҳамсуҳбати мо.

“БА ҲУНАР ВА “ОЙИНА” СОДИҚ БУД”

Аз сӯйи дигар Исфандиёр Ғуломов, ҳунарпешаи саршиноси синамо марги Асланшоҳ Раҳматуллоевро барои ҳунари тоҷикӣ талафоти бузург медонад. Ӯ мегӯяд, даргузашти чунин чеҳраҳо мояи таассуф аст, зеро ин гуна ҳунарпешаҳо воқеъан камшумор ҳастанд.

– Бибинед, дар як муддати кӯтоҳ Убайдулло Раҷабов, Аловуддин Абдуллоев, Қиёмиддин Чақалов ва монанди инҳо ин дунёро тарк гуфтанд, ки боиси таассуф ва нигаронист, – гуфт Ғуломов.

Ба назари ин ҳунарпеша, нақшҳое, ки Асланшоҳ Раҳматуллоев дар синамо офаридааст, дар хотири ҳар як бинанда мемонад. Дар театр нақшҳои ҳаҷвӣ бозӣ мекард, зеро мазҳакаро зиёд дӯст медошт.

“Дар зиндагӣ як марди шӯху зиндадил буд. Ман вақте дар Маскав таҳсил мекардам, дӯст медоштам, нақши пирамардҳо ва мазҳакиро иҷро кунам ва чунин ҳам шуд. Асланшоҳ низ аз шумори чунин ҳунарпешаҳо буд. Барои мардум ин гуна нақшҳояш писандида буданд”, – ибрози андеша кард Исфандиёр Ғуломов.

Ӯ афзуд, ки Асланшоҳ Раҳматуллоев ҳунарпешаи болаёқате буд. Cолҳо дар театри Абулқосим Лоҳутӣ ва намоишсарои “Ойина” бо Убайдулло Раҷабов кор кард. Сипас худаш ин театрро сарварӣ ва то дами марг дар ин намоишсаро содиқона хидмат намуд.

Исфандиёр Ғуломов далели ин садоқатро дар дӯст доштани ҳунар мебинад: “Чунки бе театр ва ҳунар зиста наметавонист. Саъйу талош мекард, ки дар театру синамо бештар кор кунад. Ҳоло метавонист, бисёр нақш офарад, вале сад ҳайф”.

УМЕДҲО, АФСӮСҲО…

Румӣ Шоазимов, филмсози хушноми тоҷик Асланшоҳ Раҳматуллоевро инсони хориқулода ва мансуб ба чандин давраи таърихӣ мешуморад.

– Ин шахс даҳсолаҳо ба суди пешаву кишвараш ва саодати тоҷикистониён ошиқона заҳмат кашид. Ҳар коре, ки кард, барои пешрафти Тоҷикистон анҷом дод. Ӯ меҳану ҳамкасбон ва пешаи худро дӯст медошт. Даргузашти чунин шахс аз даст рафтани як давраи таърихи синамост, зеро чунин ҳунарпешаҳоро банудрат мешавад пайдо кард. Онҳо мактаби мунҳасир ба фард шумурда мешаванд, ки мо бояд аз он биёмӯзем ва ҳарчизи мусбати онро фаро бигирем. Ӯ инсон бо ҳарфи калон ва хеле хоксору боистеъдод буд, – самимона иброз дошт Шоазимов.

Ин коргардон нақл кард, ки дар майдони синамосозӣ бо Асланшоҳ Раҳматуллоев дар ду тарҳ кор кардааст ва махсус барояш нақшҳоро дар назар гирифтааст.

“Ба наздикӣ мо ният доштем, ки бо нақшофаринии вай филми муштараки Тоҷикистону Русияро филмбардорӣ кунем, ки бо дарназардошти ӯ филмнома навишта шуда буд. Дар робита ба ин чанд рӯз пеш бо эшон нақшаш дар ин тарҳро баррасӣ кардем ва ӯ омодагӣ мегирифт. Хеле аламовар аст… Вай аз тавонмандии зиёд, энержии бисёр, харизма ва одамияти баланд бархурдор буд”, – ба ёд овард Румӣ Шоазимов.

Афзун бар ин ӯ аз Раҳматуллоев ҳамчун ҳунарпешаи самимӣ ном гирифт: “Дар майдони филмбардорӣ хеле хоксор буд. Ӯ худро ҳунарпеша наменомид, ҳарчанд устура буд. Вуҷудаш ҳамеша лабрез аз шараф, инсоният ва ёрмандӣ буд”.

– Барои некиҳояш дар ҳаққи ман ҳамеша аз ӯ сипосгузорам. Ӯ бо хонаводаи мо бисёр робитаи наздик дошт. Модараш Низорамоҳ Зарипова бо модарбузурги ман – Марям Бозорбоева дугона буданд. Аз ин рӯ моро на танҳо дӯстӣ қарин мекард, балки дӯстии оилаҳоямон низ равобити моро наздиктар месохт. Ин зоеъа ҷуброннопазир аст. Номи вай дар қалбу ёди мо ҳамчун инсони комил боқӣ мемонад. Ҳамчун ҳунарпеша фавқулода боистеъдод буд… – бо ҳасрат гуфт Румӣ Шоазимов.

Гуфтанист, Асланшоҳ Раҳматуллоев аз ҷумлаи он ҳунарпешагоне буд, ки ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ қарор дошт ва коргардонҳо мехостанд дар тарҳҳои синамоияшон ӯро ҷалб кунанд. Дар ин замина Файзуллоҳ Файз, филмсози тоҷик дар як паём бо ибрози таслият навиштааст:

Агар дар он дунё вазъи синамо хуб бошад, ба умеди ҳамкорӣ. Афсӯс, ки дар ин дунё насиби ҳамкорӣ набудааст.

Ардашер ПАЙВАНД, “АС”

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо