(Гуфтугӯ бо Зебо Ишроқӣ – ҳамсари Қайсари Аминпур)
Дар кӯчаҳои пуродами Теҳрон қадам мезанам. Боди барфовари зимистон ба шохҳои урёни дарахтон мепечад. Аз куҷое садои наҳифи тор ба гӯшу ҳуш мерасад ва ба рагу пайи инсон эҳсоси гармӣ мебахшад. Аз ин кӯчаҳо гузашта ба хиёбони бузургтаре меравам, ки номи Қайсари Аминпурро дорад. Чун ба хиёбони шоир мерасам, офтоб ҳам аз паси кӯҳҳои сокиту собит боло мешавад. Он гуна, ки хуршеди шеъри Қайсар дар Эрон тулуъ кард ва нурҳои ӯ саросари ҷаҳонро гирифтанд. Ин хуршеди беғуруб дар дили ошиқони сухани асил барои ҷовидона ҷой дорад.
Роҳ мегирам ба сӯйи “Хонаи шоирони Эрон”. Рӯйи ҳавлӣ нимпайкараи Қайсар бо нигоҳ, салобат ва тамкини хос ҷо гирифтааст. Дар сояи ин нимпайкара мунтазири ҳамсари шоир – Зебо Ишроқӣ мешавам. Хонум Зебо мазҳари илҳоми шоир, то охирин лаҳзаҳои умр ҳамрозу ҳамнафаси ӯ буд. Суҳбати мо оғоз мешавад аз бобҳои талху ширини қисмат…
– Аввалин бор қисмат Шуморо бо Қайсар дар куҷо рӯ ба рӯ кард?
– Мо бо ҳам дар Донишгоҳи Теҳрон шинос шудем, зеро баъзе дарсҳои муштарак доштем. Масалан, дарси дастури забон ва дарси Соибро дар як синфхона меомӯхтем, вале бо ҳам иртиботи хосе надоштем. Хеле дур будем – эшон бо як гурӯҳ дӯстони дигар ва мо бо дӯстони худамон. Он вақт таваҷҷуҳи хосе миёни мо шакл нагирифта буд. Қабл аз донишгоҳ ман фикр мекардам, ки синну соли Қайсар хеле болост. Чунки то он замон исмашро шунида будам ва бо шеъраш ошноӣ доштам. Аз ин рӯ фикр мекардам, як шоири миёнасолест. Вале вақте донишгоҳ омадам, дидам, ки эшон нисбатан хеле ҷавонанд.
Соли хатми таҳсилам буд, ки рӯзе Қайсар ба китобхона омад ва маро садо кард. Мо суҳбате доштем роҷеъ ба навиштану кору китоб, яъне аз ман суол кард, ки чӣ менависам ва чӣ мехонам? Ин чизҳо боби ошноии моро боз кард. Ҳоло намедонам Қайсар нияти дигаре дошт ва ё на, аммо аввал суҳбат дар ин заминаҳо буд. Ошноии мо ин тавр шакл гирифту баъд идома пайдо кард. Ва ҳамон шеъри маъруфи «Китобхона» ҳам эҳтимолан ҳамон ҷоҳо эҷод гашта буд.
– Ва баъд хатти тақдири шумо ба ҳам пайваст…
– Оре. Аммо ин ошноӣ чанд моҳ тӯл кашид. Эшон бештар мехост суҳбат кунад ва аз интихоби кардааш мутмаин бишавад. Аммо ман зудтар фаҳмида будам, ки интихобам дуруст аст. Моҳи обони соли 1369 (1991) мо аҳдкунон доштем ва шаҳривари соли 1370 (1992) арӯсӣ кардем ва сари зиндагии худамон ба Теҳрон омадем.
– Шумо шоҳиди офаринишҳои ҳамсар будед. Оё аввалин хонандаи ашъорашон низ Шумо будед?
– Маъмулан шеърҳоеро, ки тамом мешуданд ё шакли аввалияи ниҳоиро мегирифтанд, Қайсар ба ман медод, ки баланд хонам. Худаш ҳеч вақт намехонд. Мехондам, лек хеле шоирона бархурд намекардам. Аммо мехоҳам бигӯям, ки эшон қабл аз ман ҳам хеле офариниш дошт. Ёдам монда, як вақте маро ғофилгир карду як ғазале хонд ва гуфт, ки ин моли Ҳусайни Мунзавист. Ман ҳам бовар кардам, чунки хеле мунзавивор буд. Ҳоло қайсарвор як тавре дигар ва мунзавивор як ҳолу ҳавову таровати дигар дорад. Шеър хеле писандам омад. Ва баъд фаҳмидам, ки моли худаш аст. Ба ашъори Мунзавӣ алоқаи хос дошт. Шомлу ва Ахавонро ҳам хеле дӯст медошт.
– Чун аз ин бузургони адабиёт ёд кардед, лутфан бигӯед, ки оё Қайсар бо онҳо дидор дошт ё на?
– Як замон қарор буд, ки бо Шомлу дидоре дошта бошанд. Аммо як зарра парҳез дошт. Дар фикр буд, ки биравам ё на. Метарсид, ки устураи дар зеҳнаш шаклгирифта бишканад. Намехост, ки он тасвире, ки аз шеърҳои Шомлу дар зеҳнаш сохта буд, хароб шавад. Ин мулоқот тӯл кашид ва дар охир баргузор нашуд. Шомлуро хеле дӯст медошт… Аммо бо устод Ахавон чандин бор дидор доштанд. Ахавон баъд аз инқилоб як давраи кӯтоҳе ба Донишгоҳи Теҳрон даъват шуд. Ҳоло ҷузъиёташро намедонам, ки бо даъвати чӣ касе омаданд. Ҳамон ҷо Қайсар дар суҳбатҳои Ахавон иштирок дошт. Дар мақолаи “Боғи бебаргӣ”, ки барои ёдномаи ӯ навишт, мегӯяд, ки “як чанду чуни донишҷӯёнае ҳам ҳамроҳашон кардам”. Ӯ дар ҳамон мақолаи “Боғи бебаргӣ” иродаташ ва ишқашро ба Ахавон иброз мекунад. Як аксе ҳам доранд дар пояи муҷассамаи Ҳаким Фирдавсӣ. Ҳамон ҷо Қайсар дафтари аввалини шеърашро ба дасти Ахавон медиҳад. Ахавон ин шеърҳоро хонда, ҷо-ҷо таҳрир мекунад ва баъзе ёддошт ҳам менависад. То имрӯз ин дафтар дар дасти ман аст.
– Дар ин 16 соле, ки ҳамрозу ҳамнафаси шоири номвар будед, оё бо мушкилоте ҳам дучор мешудед?
– Аввал, ки одам пой дар ин водӣ мегузорад, хеле осон мегирад. Аммо мехоҳам бигӯям, ки инсон ҳарчи шоиртар аст, ҳассосиятҳо ва резабиниҳо дар ӯ бештар ба назар мерасад. Ва ҳаминаш андак мушкил буд. Чунки дар аввал ин чизро наомӯхта будам ва таваҷҷуҳ надоштам. Бигӯем, ки он ҳассосиятҳоро он тавре ки бояд риоя кунам, намекардам. Ҳамин чизҳо андак зиндагиро бароям душвор мекард, аммо билохира омӯхтам. Мехоҳам бигӯям, ки аз 16 соле, ки шумо мегӯед, мо танҳо 8 сол зиндагӣ кардем. Чунки 8 соли баъдаш ба як тасодуфи шадид, ки зиндагии моро дигар кард, нисбат мехӯрад…
– Ин тасодуф дар куҷо сурат гирифта буд?
– Шаби иди соли 1378 (2000) мо роҳ гирифтем ба сӯйи хонаи падару модари ман, то рӯзи ид он ҷо бошем. Дар роҳ ба як тасодуфи ваҳшатноке дучор шудем ва мошини мо ба як мошини боркаш бархурд. Қайсар дар паҳлуи ронанда менишаст ва ману духтарам Оя дар пушт. Ёд дорам, вақте маро бо пойи шикастаам берун кашиданд, нигоҳам ба Қайсар афтод. Шишаҳо ба сару рӯяш рафта буданд ва саропо ғарқи хун буд. Ӯро дар беморхонаи Рашт бистарӣ карданд ва амалҳои [ҷарроҳии] зиёдеро анҷом доданд. Ду ҳафтаи аввал ӯ ҳофизаашро куллан аз даст дода буд ва моро намешинохт. Қайсарро дӯстони меҳрубонаш лутф карданд ва ба бемористони Теҳрон оварданд. Ҳамон замон дар рӯзномаҳо ва дигар ҷоҳо овоза шуд, ки гӯё барои овардани Қайсар ҳавопаймои ихтисосӣ фиристода буданд, аммо аз ин чизҳо хабар набуд. Ҳама он ҷарроҳиҳое, ки дар Рашт анҷом шуданд, дубора дар Теҳрон такрор ёфтанд. Бовар мекунед, дар шаш моҳи аввали баъди тасодуф Қайсар 13 бор ба утоқи амал рафту баргашт. Як даврае буд, ки байни замину осмон будем. Пас аз он шаби ид дигар Қайсар 8 сол побанди бемористон шуд. Агар як рӯз хона бошем, рӯзи дигар ҳатман дар бемористон будем. Соли охир беморияш вазнинтар шуд ва шаш моҳ қабл аз маргаш қалби шоирро боз карданд. Ин сарнавишти талху дардноки мо буд.
– Аммо бо ин ҳолу ҳаво ҳам шеър мегуфт. Дуруст аст?
– Оре. Қайсар то охирин лаҳзаҳои умри худ шеър мегуфт. Аммо дар оғоз мотамаш аз он буд, ки дуктур фармуд, то дигар сигор набояд бикашад. Ӯ мегуфт, магар бидуни сигор метавон шеър навишт? Рӯзҳои авввал сигорро равшан мекард ва то хокистар шуданаш чашм намеканд. Хеле хаста шуда буд ва дардашро бо шеър мегуфт…
– Вопасин лаҳзаи дидор алами ҷонгудоз аст. Лутфан навори онро пеши назар биёред…
– Шаби охир, ки ин ҳодиса иттифоқ уфтод, он рӯз Қайсар дар Донишгоҳи Теҳрон дар ҷаласаи дифоъи яке аз донишҷӯён буд. Хеле хаста баргашт ва бегоҳ ҳамроҳ хӯроки шом хӯрдем. Ман зудтар хобидам, ӯ телевизор медид ва то дервақт нишаст. Нисфи шаб садоям карду зуд баланд шудам. Қалбаш дард гирифта буд. Ёрии таъҷилӣ занг задам. Ӯ мадорашро аз даст дода буд ва худам ба зӯр аз зинапояҳо кашонда то дари мошин бурдам. Ва дар мошин рӯйи пойи ман дароз кашид ва ҳамон ҷо қалбаш аз тапидан монд. Дар беморхона аз ман хостанд иҷозат бигиранд, ки бо дастгоҳи барқӣ ба қалбаш бизананд. Ман иҷозат надодам… Аз дардҳояш хеле огоҳ будам ва намехостам шиканҷааш бидиҳанд. Расидем ба ҷойҳои талхаш (ашк мерезад).
Вақте ки радио хабари марги Қайсарро дод, ҳар касе, ки як мисраъ аз ӯ хонда буд, барояш ашк рехт. Шахсияти Қайсар бо шеъраш хеле ягона буд. Хеле инсони дӯстдоштанӣ буд, на барои он ки ҳамсари ман буд, барои он ки шоири инсон ва инсони шоир буд.
– Шеъри охирини ӯро ёд доред?
– Як рӯз қабл аз маргаш ман як хоби пурталотуму ваҳшатноке дида будам. Симҳои телефон ҳама бо ҳам гиреҳ хӯрда буданд. Ҳаёт ва хиёбонҳо пур аз одам буданд. Ман Қайсарро меҷустам ва ӯро дида баланд садояш кардам. Субҳ ин хобамро ба ӯ гуфтам. Ва чанде пас ӯ шеъре навишт:
…Доштам мерафтам,
Ту садоям кардӣ, баргаштам…
Хоби маро ин тавр тафсир кард. Ин шеъри охирини Қайсар буд…
– Оё Қайсар аз Тоҷикистон ҳам сухан мегуфт?
– Тоҷикистонро хеле дӯст медошт. Иттифоқан суҳбатҳое ҳам шуда буд ва қарор буд, ки бо доктор Шафеъӣ (Шафеъии Кадканӣ) якҷо ба Тоҷикистон раванд, аммо дигар натавонистанд бираванд. Бо ин ҳама ӯ ҳамеша ба ёди Тоҷикистон буд ва бо хушнудӣ аз ҳамзабонҳои худ ёд мекард.
– Оё бо шоирони Тоҷикистон ошноӣ дошт?
– Аз шоирони тоҷик бештар бо бону Гулрухсор ошноӣ дошт. Ҳоло дигар ҷузъиёташро намедонам, ки бори аввал чи гуна ва дар куҷо бо ҳам дидор доштанд. Аммо як чизро мехоҳам бигӯям, ки дар ҷаласае дар Эрон чанд нафар аз бадхоҳони хонум Гулрухсор бар зидди ӯ чизе мегӯянд. Ҳамон ҷо Қайсар аз хонум Гулрухсор як дифоъи хеле тунду сахт мекунад ва аз шеъри баланду мартабаи шоир мегӯяд. Мутаассифона, ман бо хонум Гулрухсор пас аз марги Қайсар дӯст шудам. Як соле, ки Эрон омаданд, хоҳиш кардам, ки меҳмонхона нараванд ва биёянд хонаи мо, он ҷое, ки бо Қайсар мезистем. Чанд ҳафта меҳмони ман буданд, ки аз он рӯзҳо хотираҳои зиёде дорам. Ва боз бо кӯшиши эшон як гузидаи шеърҳои Қайсар дар Тоҷикистон чоп шуда буд…
– Имрӯз Оя – гулдухтари ягонаи шоир машғули чӣ корҳост?
– Чанд сол пеш Ояи мо издивоҷ кард. Ҳамсараш аҳли шеъру тарона аст ва ба адабиёт зиёд майл дорад. Масъули саҳифаҳои Қайсар дар шабакаҳои иҷтимоъист. Оя ҳам қалами хуб дорад, аммо ҳоло машғули кори дигар аст. Ӯ барои гурбаҳо меҳмонхонае дорад. Онҳое, ки сафар мераванд, гурбаҳояшонро мебаранд ба он меҳмонхона. Оя аз онҳо нигоҳбинӣ мекунад. Ӯ ошиқи гурбаҳост…
– Агар имкон мебуд ва чунин мешуд, ки як бори дигар Қайсарро бибинед, чӣ чизҳоро дигар мекардед?
– Қайсар ҳамеша ташнаи дӯст доштани ман буд. Ва интизор дошт, ки он тавре ки мехоҳад, дӯсташ дорам ва иброз кунам, аммо ман ин корҳоро балад набудам. Хеле зиёд ошиқаш будам, вале, афсӯс, ба забон оварда наметавонистам…
Аслан ман ба гузашта фикр намекунам, чун пушаймонӣ азиятам мекунад. Аҳли оҳу афсӯс нестам ва фикр мекунам, ин иштибоҳ набуд, зеро одам рушд мекунад. Наметавонад ҳама чизро дониста бошад. Қайсар ҳам ҳаминро дарк мекард, ки бо ман воистод…
Ин хотира аз хотирам ҳеч гоҳ зудуда нахоҳад шуд. Рӯзе ӯ дар Донишгоҳи Теҳрон тадрис мекард ва ман бо мошин барои оварданаш рафтам. Чун ба ошёнаи чорум чашм давондам, ӯ аз панҷара ба ман менигарист. Ман боло шудаму ӯро банди фикр дидам. Пурсидам, ки аз чӣ меандешад? Гуфт: Доштам фикр мекардам, ки агар бори дигар қарор бошад, ки касеро интихоб кунам, туро интихоб хоҳам кард…
Ҳамин гуна Қайсар инсони дӯстдоштанӣ буд…
– Ёдаш ба хайр бод!
Мусоҳиб Сайидо ШАРАФӢ,
“АС”