Андар шинохти мустанаднигор
Рисолаи Ҳилола Каримова зери унвони «Тасвири бадеии воқеияти иҷтимоӣ дар насри мустанади Ӯрун Кӯҳзод» дар нашриёти «Дониш» ба чоп расид.
Дар рисолаи мазкур насри мустанади Нависандаи халқии Тоҷикистон Ӯрун Кӯҳзод, ҳунари нависандагӣ, тарзи истифодаи воситаҳои адабию ҳунарӣ, тариқи сохтани бандубасти насри мустанад, нигориши воқеа аз зовияи диди нависанда, маҳорату сабк, рушд ва такомули ҳунари нигориши адиб дар адабиёти нави тоҷик баррасӣ шудааст.
Китоб ба мутахассисон, устодон ва донишҷӯёни риштаи суханшиносии муассисаҳои олии кишвар тавсия мешавад.
Ҳосили умр
Маҷмуаи ашъори шоири шинохта Алимуҳаммад Муродӣ таҳти унвони «Гарди хирмани умр» дар нашриёти «ЭР-граф» дар ҳаҷми 608 саҳифа ба нашр расид. Он аз бахшҳои «То он замон, ки қавми ман миллат намешавад», «Синаи даҳр чу аз шири мурувват холист», «Ҳар вожа дар ин сафҳа китобе бошад» ва «Монад ба шифохонаи тифлон қалбам» иборат аст.
Бахши аввалро ғазалҳо фаро мегиранд. Шоир ба ғазал таваҷҷуҳи хос дошта, аз оғози фаъолияти эҷодӣ то кунун аз он даст накашидааст. Маҳз ҳамин иродати хос буд, ки ғазал дар эҷодиёти Алимуҳаммад Муродӣ мавқеъи намоёнро касб кардааст. Аз ин лиҳоз, тақрибан нисфи маҷмуаи мазкурро ғазал ташкил медиҳад.
Бахши дувуми асар фарогири шеърҳо дар қолабҳои гуногун аст. Дар ин бахш чаҳорпора, шеъри нимоӣ ва амсоли онро метавон дид.
Бахши сеюми китоб иборат аз шеърҳои кӯтоҳ буда, баёнгари дилбастагии муаллиф ба ин гуна ашъор аст.
Дар қисмати охири китоб рубоию дубайтиҳо ҷо гирифтаанд, ки аз ҷиҳати мазмун гуногунранг буда, дар онҳо мазмунҳои иҷтимоъӣ, ишқу ошиқӣ, Ватану ватандорӣ, муқаддасоти миллӣ ва амсоли инро дидан мумкин аст.
«Гарди хирмани умр» ба муносибати 80-солагии Алимуҳаммад Муродӣ ба нашр расида, мукаммалтарин маҷмуаи ашъори ӯст. Бовар дорем, ки ин маҷмуа мавриди писанди хонандагон қарор хоҳад гирифт.