«Дӯстон зинда бошанд»
Маҷмуаи ҳаҷвнигори шодравон Бурҳон Ғанӣ зери унвони «Дӯстон зинда бошанд» дар нашриёти «ЭР-граф» ба зевари табъ ороста гардид.
Аз Бурҳон Ғанӣ дар замони зиндагиаш се маҷмуа – «Хушомадгӯёнро азиз доред», «Аз ҳар калла як садо» ва «Хеши падарӣ» ба дасти хонандагон расидааст. «Дӯстон зинда бошанд» баргузидаи осори нависанда мебошад.
Дар пешгуфтори китоб аз қавли нависандаи маъруф Абдулҳамид Самад чунин оварда шудааст: «Ба ҷуз маҷмуаҳое, ки аз Бурҳон Ғанӣ дар даст дорем, аз ӯ як роман ва як қиссаро ҳам мутолиа карда будам ва ҳарду асар тамоюли ҳаҷвӣ доштанд. Яке дар бораи қалъаи Ботурхӯҷа, ки дар Масчо машҳур аст ва дигаре аз лутфу зарофати мардуми ҳамин диёр иборат буд».
Ба ақидаи Н.Зуҳурӣ, нависанда романеро ба сурати ҳикоя андар ҳикоя зери унвони «Деҳаи бобом» ба нашриёт супорида буд. Мутаассифона, ин ду асар то кунун дастрас нагардидааст. Умед бар он дорем, ки соҳибзавқе пайдо мешаваду осори чопнашудаи адибро дастраси хонандагон мегардонад.
Фурӯғи худшиносӣ
Дар остонаи ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матбааи «Дониш» китоби нави шоир ва пажӯҳишгар Ҳасани Султон «Фурӯғи худшиносии миллӣ»-ро ба нашр расонд.
Дар китоб дастовардҳои даврони Истиқлол, бахусус заҳматҳои Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба арҷгузорӣ ба забони тоҷикӣ ба сифати рукни муҳимми давлатдории миллӣ, эҳёи расму ойин ва ҷашнҳои қадими ориёӣ, гиромидошти бузургони гузаштаву имрӯзи миллат, бунёдкориҳои бемисли даврон, аз ҷумла сохтусози Неругоҳи барқобии «Роғун» тасвиру тафсир ёфтаанд.
Корномаи чеҳраҳои мондагори таъриху фарҳанг ва ситораҳои дурахшони адабиёт – Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Мир Саййидалии Ҳамадонӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Хоҷа Ҳофиз, Садриддин Айнӣ аз ҷониби муаллиф бо далелҳо бозгӯйӣ шудаанд.
Китоб барои истифода ба доираи васеъи хонандагон пешниҳод гардидааст.