25.4 C
Душанбе

Тозанашр. Аз наср то назм

Аз рӯзгори устоди наср

Китоби Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад зери унвони «Инсон ва нависандаи нодир» дар нашриёти «Шарқи озод» ба табъ расид. Ин асар дар бораи нависандаи маъруф Фазлиддин Муҳаммадиев қисса мекунад.

“Инсон ва суханвари некном будан дар ҳама замонҳо падидаи нодир будааст. Ин мушоҳида ё андеша аз он сарчашма мегирад, ки ҷавҳари сухан ва осори на ҳар адиби овозадор ба рафтору кирдори ӯ ҳамоҳанг мешавад. Агар ин ҷоизаи худодод насиб бикунад, бахти баланди адибу хонанда хоҳад буд. Хушбахтона, шахсият ва осори рангину арзишманди Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, устоди зиндаёд Фазлиддин Муҳаммадиев аз ин ҷиҳат дурахшону пандомӯз аст”, – навишта шудааст дар шиносномаи ин китоб.

Дар ин асар устод Абдулҳамид Самад чанд нигоштаи солҳои гуногуни хешро дар бораи вежагии шахсият ва осори Фазлиддин Муҳаммадиев, ки дар нашрияҳои адабӣ чоп шуда буданд, гирд оварда, чун армуғон ба рӯҳи пок ва ёди гиромии устод ба хонанда ва аҳли назар пешниҳод кардааст.

Шингиле аз токзори наср

Китоби нави нависандаи маъруф Шераки Ориён бо номи «Занҳо ва бригадири якдаста» дар нашриёти «Ашӯриён» ба зевари табъ ороста гардид.

Дар ин китоб романи «Занҳо ва бригадири якдаста» ва ҳикояҳои «Хумори бачагӣ ё возиҷи ангур», «Чорчашма ё доири охирин саги диёри Ҳойит» ҷой гирифтаанд.

Дар романи тозаи адиб воқеоти солҳои ҷанги ҷаҳонӣ вобаста ба пахтазорон ва пахтакорони канораҳои кишвар тасвир шудааст.

Дар суроғи шеъри зебо

Маҷмуаи шеърҳои «Баҳор дар замҳарир»-и Шукрона Эраҷ намунаи равшани эҷоди як навқалами ҷавон аст, ки дар он эҳсоси самимии як навроҳ бо кӯшишҳои зебои шиносона дар тасвири табиат, ҷузъиёти муҳимми зиндагӣ, хаёлангезиҳои отифӣ мувофиқ ба синну сол ва фаҳму дарки ӯ бо лаҳни шоирона ифода ёфтааст.

Шукрона аз эҷоди шеъри кӯдак оҳиста-оҳиста ба гуфтани ғазал ва шеъри нимоӣ рӯй овардааст, ки гувоҳи ҷӯяндагии ӯст. Шукрона бо вуҷуди ҷавон будан кӯшидааст, ки эҳсосу андешаҳои худро ба андозаи қудрату тавони хеш баён созад.

Шеърҳои ӯ нишон медиҳанд, ки ҷавонон имрӯз дар ҷодаи адабиёт қадамҳои устувор мегузоранд ва чароғи умедро дар дили ҳаводорони шеър ва сухансанҷон фурӯзон мекунанд.

Дар шеърҳои Шукрона Эраҷ пайғоми шоирона дар ҳоли шакл гирифтан аст ва таассуроташ то андозае бозгӯкунандаи ангезаҳои шахсии ӯ аз зиндагист.

Дар маҷмуаи мазкур камбудҳое низ чун мантиқшиканӣ, риоя накардани таносуб, такрори мазомин ва хатоҳои имлоӣ ба назар мерасанд, ки ислоҳи онҳо дар оянда барои Шукронаи навроҳ ногузир аст. Муҳим ин аст, ки ӯ дар роҳи шеър устувор аст, пайваста меомӯзаду мутолиа мекунад ва барои сайқал ёфтани маҳораташ аз устодон маслиҳатҳо мегирад.

Ба Шукрона дар роҳи пурпечутоби шеър тавфиқу комёбӣ хоҳонем.

Латофат АБДУХОЛИҚЗОДА

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо