37.8 C
Душанбе

Тоҷикистону Чин хостори сохтани филмҳои муштарак ҳастанд

Дар чаҳорчӯби барномаи «Табодул ва намоиши филму барномаҳои телевизионӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музофоти Шонсии Ҷумҳурии Мардумии Чин” Тоҷикистон 6 филми мустанад барои намоиш дар шабакаҳои телевизионии музофоти Шонсӣ бо зернависи чинӣ ва инглисӣ пешниҳод кардааст.

Ин нуктаро Носир Саидзода, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ эълом кард.

Ба гуфтаи ӯ, Чин 5 филм барои намоиш дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон ироа кардааст, ки дар ҳоли ҳозир аз шабакаҳои телевизионии ҳарду тараф пахш мешаванд.

Носир Саидзода гуфт, «дар оянда теъдоди бештари барномаҳои телевизионӣ ва филмҳо бештар табодул афзоиш хоҳад ёфт. Ҳамчунин қарор аст филмҳои мустанади муштарак наворбардорӣ шавад.»

Таъкид шуд, ки ҳадафи аслӣ табодули фарҳангӣ, намоиши филму барномаҳои телевизионӣ байни ду кишвар, тақвияти дӯстӣ ва густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ байни тарафайн аст. Ин ибтикор гоме муҳим дар ростои тарвиҷи фарҳанг, суннат ва маконҳои таърихию гардишгарии ду кишвар аст.

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо