15.1 C
Душанбе

ТОҶИ КУНГУРАДОРИ ЗАРРИН — ЁДГОРИИ НОДИРИ ТОҶИКОН

Ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар замони муосир яке аз унсурҳои муҳимми муаррифии давлату миллат мебошанд. Махсусан, онҳо диққати ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб намуда, боиси ворид гардидани ҳа зорон сайёҳу ҳаводорони таърихи пурға новати миллати тоҷик мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақае ҷой гирифтааст, ки аз лиҳози таърихӣ яке аз сарзаминҳои бостонии маскани инсоният маҳсуб меёбад. Ин сарзаминест, ки бо маҳбубияти таърихии хеш диққати садҳо муҳаққиқу сайёҳи ҷаҳонро ҷалб намуда аст. Маҳз ёдгориҳои бузурги таърихии кишвар ва бозёфтҳои нодири онҳо аз ни шонаҳои таърихи куҳан доштани тоҷикон ва тамаддунофар будани ниёкони мо ба ҳисоб меравад. Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи ташаккул ва рушди тамаддуни ниёкони тоҷиконро дар марҳалаҳои муайяни таърихӣ собит месозанд. Дар баробари он ки ёдгориҳои таърихӣ инъикосгари таърихи қадими ниёкони мо ба шумор мераванд, ҳамчунин, яке аз омилҳои рушди сайёҳӣ, махсусан, сайёҳии фарҳангӣ дар кишвар мебошанд. Яке аз бозёфт ё нигораҳои нодири таърихии мансуб ба миллати тоҷик тоҷи кунгурадори заррин (тиллоӣ) мебошад. Тоҷ бозёфти таърихии нотакрори оғози ташак кулёбии халқи тоҷик буда, ба ибтидои давлатдо рии Кӯшониён мансуб мебошад. Бархе дониш мандон бар онанд, ки тоҷи мазкур ҳамбастагии бевосита ба номи этникии тоҷик дорад. Вазни он 148,19 грамм, қутби давраш 35 см, баландиаш 17 см мебошад. Он ба асрҳои яки то милод ва яки милодӣ тааллуқ дорад. Дар пешбурди фаъолияти соҳавӣ дар бахши мероси фарҳангӣ низоми муайяни биманамоии (суғурта) нигораҳои таърихӣ вуҷуд дорад. Нигораҳои таърихие, ки ба намоишҳо мегузоранд, дар аксар мавридҳо барои эҳтиёт бима кунонида мешаванд, то дар сурати ба вуҷуд омадани хатарҳо ҷуброни зарарҳо ва чорчубаҳои ҳуқуқии муносибат бо ёдгорӣ муайян карда шаванд. Ҳамин тариқ, соли 2020 ҳайати мутахассисону коршиносон аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва дигар идораҳои дахлдор зимни ҷаласаи корӣ нархи бимавии тоҷи заррини мазкурро панҷ миллион доллари амрикоӣ муқаррар карданд. Гарчанде, нигораи таърихии мазкур арзиши аз он бештар ҳам дорад ва ба нархгузорӣ қобили муқоиса нест. Тоҷи кунгурадори заррин аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Осорхонаи мил лии Тоҷикистон ҳадя гардида, айни ҳол он дар толори боҳашамати «Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба намоиш гузошта шуда аст, ҳамарӯза ҳазорон нафар меҳмонони дохилӣ ва хориҷӣ онро тамошо мекунанд ва лаззати маънавӣ мебаранд.

МИРЗОШАРИФ АБДУСАЛОМОВ

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо