Бори аввал намоиши “Тангои ҷиноятӣ” соли 1971 рӯи саҳнаи Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон гузошта шуд. Онро ҳамчун кори дипломӣ хатмкунандагони Донишгоҳи ҳунари театрии Луначарскийи шаҳри Маскав (ГИТИС) пешкаши бинандагон намуда буданд. Аз он замон 54 сол гузашт ва инак ин намоиш бори дувум бо ширкати гурӯҳи ҳунарпешагони ҷавони кишвар рӯи саҳна оварда шуд. Ғолиб Исломов ягона ҳунарпешаест, ки бо гузашти 54 сол такроран дар ин намоиш нақш бозӣ мекунад.
Ба андешаи мудири бахши адабии Театри ҷавонон Толиб Бобоев, сабаби дубора рӯй овардани таҳиягарон ба ин намоиш мавзуи марказии он аст, ки ба талаботи замона ҷавобгӯ мебошад:
– Ҳарчанд замона, сохти давлатдорӣ ва дарку фаҳмиши одамон тағийр ёфта бошад ҳам, мавзуъҳое, ки намоиш дар бар мегирад, ҳамон гуна доғи рӯз боқӣ мондаанд. Инҳо муносибати носолим миёни гурӯҳе аз хонаводаҳо, ба кӯйи гумроҳӣ рафтани қисме аз ҷавонон, худхоҳии баъзе ашхоси ҷомеа, ҷинояту ҷинояткорӣ ва ғайра аст, ки ҳамеша ба одамон бадбахтӣ меоранд.
Коргардони таҳиягар Ватандор Шеров мебошад. Ороиши мусиқӣ низ ба души ӯ вогузошта шудааст. Рассоми намоиш Равшан Расулов буда, нақшҳоро ҳунарпешагони номдори театр Моҳпайкар Ёрова, Маҳмадсолеҳ Шарифов, Шогун Давлатбекова, Комрон Набизода, Фурқат Ҷомизода, Шервонӣ Толибов, Аҳлиддин Ҳасанзода, Гулниссо Эгамбердиева, Меҳрона Сайдализода бозиданд.
Бояд гуфт, ки диққати тамошобинонро пеш аз ҳама бозии ҳунарпешагон, бахусус ҳунарпешагони ҷавони театр ба худ кашид. Нақши файласуф (Шервонӣ Толибов) Хирс (Аҳлиддин Ҳасанзода), Гулӣ (Гулниссо Эгамбердиева), Меҳрӣ (Меҳрона Сайдализода) хуб офарида шуданд. Ороиши саҳна ва ороиши мусиқӣ низ воқеа ва ҳолати қаҳрамононро ба хубӣ бозтоб медоданд. Камбуд бештар дар кори коргардонӣ ҷой дошт. Ба андешаи тамошобинон, ки аксаран мутахасисони касбии соҳа ба ҳисоб мераванд, саҳнаҳои пурсупоси “ҷинояткорон” аксаран беҳадаф ва нолозим буданд. Ба “насиҳат” пардохтани кор манди ҳифзи ҳуқуқ сохтакорӣ ва ғайритабиӣ ба назар мерасид.
Коршиносони соҳа ба ин андешаанд, ки намоиши “Тангои ҷиноятӣ” аз нигоҳи касбият хеле хароб буд ва дуруст нест, ки ширкаткунандаи Ҷашнвора-озмуни саросарии театрҳои касбии “Парасту- 2025” бошад.
Ватандор Шеров коргардони хеле ҷавони театру синамост. Ин сеюмин кори эҷодии ӯст. Умед аст, ки ӯ рӯйи ин намоиш дубора ва хеле ҷиддӣ кор мекунад ва онро дар шакли пухта ва ҷавобгӯ ба талаботи театр пешкаши бинандагон мегардонад.
Мижгон ХАЛИЛЗОДА, “АС”