Шоми 30-юми январ дар толори меҳмонхонаи «Серена-Душанбе» намоиши асарҳои рассом Давлаталӣ Розиқов баргузор гардид. Раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Наргис Ҳомидова зимни суханронии хеш иброз дошт, ки рассом дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ ба эҷоди асарҳо низ рӯ меорад. Асарҳои офаридаи рассом ба як жанр мутааллиқ набуда, ба равияҳои гуногун пайравӣ менамояд. Зикр гардид, ки дар фаъолияти эҷодии рассом ин аввалин намоиши инфиродӣ аст ва 49 асарашро дар бар мегирад. Тавре таъкид гардид, асарҳо дар жанрҳои мухталиф – натюрморт, манзаранигорӣ ва мавзуӣ офарида шудаанд. Худи рассом иброз дошт, ки асарҳои ӯ аксар ҷанбаи ҳаҷвӣ дошта, ба одамон хушҳолӣ мебахшанд. Ба андешаи санъатшинос Бика Ёғибекова мусав вараҳо ҷолибанд, чун бо услуби классикӣ, санъати миллӣ ва рангҳои равшан эҷод гардидаанд. Дар асарҳо зиндагии одӣ, манзараҳои зебои ва тан тасвир ёфта, ба дӯстдорони санъати тасвирӣ ва сайёҳон фарҳанги тоҷикиро нишон медиҳад. Аммо рас сом дар гузоштани номи асарҳо ба шитобкорӣ роҳ доасарҳо мазмуну мақсади асарро ифода карда на метавонанд. Бояд гуфт, ки Давлаталӣ Розиқов соли 1983 Омӯзиш гоҳи рассомии ба номи М. Оли мовро хатм намуда, аз соли 1987 дар бунёди мусав вирон фаъолият дорад. Ҳамзамон ӯ омӯзгори мактаб интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев буда, узви фаъоли Иттифоқи рассомони Тоҷикистон мебошад. Асарҳои рассом дар давлатҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Покистон, Туркма нистон ва Русия намоиш дода шудаанд. Хотиррасон мекунем, ки намоиши асарҳои рассомӣ то нимаи моҳи феврал идома хоҳад ёфт.
МИЖГОН ХАЛИЛЗОДА, “АС”





