22.4 C
Душанбе

Тантанаҳои Ҷашнвораи китоби бачаҳо

Дар чаҳорчӯби Ҷашнвораи «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасон», ки бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола аз 2 то 9-уми апрел баргузор мегардад, шоирону нависандагон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат сафар намуда, бо хонандагони худ мулоқотҳо доир мекунанд. Ҳамин гуна чанд вохӯрӣ бо иштироки Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, шоир Файзи Ашӯр ва адиби бачаҳо Азизи Азиз дар театри ба номи Сайидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб баргузор шуд. Китобдӯстони шаҳр ва ноҳияҳои атрофи он адибонро бо гулу гулдаста ва созу суруд пешвоз гириф танд. Дар мулоқот Ҳақназар Ғоиб аз овони бачагии худ ёд карда, файзу баракати замони Истиқлол ва сулҳу ваҳдати се даҳсолаи охирро махсус хотиррасон намуд, ки неъмати бебаҳоянд ва ин ҳама натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Шароиту имконоте, ки барои бачаҳои мо имрӯз муҳайё гардидааст, дар ягон давру замон набуд ва ҷавоби фарзандони мо ба ин ғамхориҳо танҳо бо баҳои хубу аъло хондан аст. Дар як вохӯрӣ ширкаткунандаи ҷашнвораи мазкур, барандаи «Шоҳҷоиза»-и озмуни саросарии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2024, шогирди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51 Малика Ҳасанова барҳақ изҳор дошт, ки асарҳои адибонамон як ҷаҳон лаззат мебахшад, вале шунидан кай бувад монанди дидан – бо онҳо вохӯрдану мулоқот оростан гӯё давоми мутолиаи асарҳояшон мебошад.

Тайи чанд рӯз адибон меҳмони хонандагони Литсейи равияи техникии ноҳияи Данғара, Литсейи хонандагони болаёқат ва Муассисаи давлатии таълимии Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Кӯлоб буданд.

Таъкид кардан бамаврид аст, ки адибонро кормандони Муассисаи давлатии телевизиони бачагонаи «Баҳористон» ҳамроҳӣ карда, чанд барномаи диданӣ сабт намуданд.

А. Азиз

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо