Баргузор намудани озмунҳои ҳунарӣ як василаи муассири муаррифии ҳунармандони боистеъдод мебошад. Хушбахтона, дар Тоҷикистон солҳои охир ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешавад. Масалан, озмуни саросарии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», ки дар давоми шаш сол ба саҳнаи бузурги муаррифии чеҳраҳои тозаи ҳунарӣ табдил шуд, имсол бо навгониҳои тоза-тақдими ҷоизапулии бештар ва иштироки тоҷикони хориҷи кишвар баргузор мегардад.
Озмуни ҳунарии «Суруди сол-2024»-ро низ метавон аз дастовардҳои ҳунарии моҳи аввали соли 2025 унвон кард, ки шоми 13 январ дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев доир гардид. Ин дастовардест мутафовит, зеро ҳашт соли охир озмуни мазкур баргузор намешуд. Ба андешаи як дӯсти фарҳангиям, гӯё аз соли 2016 ба ин тараф дар Тоҷикистон суруду навои шоистаи “Суруди сол” эҷод нашудааст. Масъули озмуни ҳунарии «Суруди сол» Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки бо ҳамкории ниҳодҳои дигар онро баргузор мекунад. Ин дафъа низ мисли соли 2016 ширкати «Ориёно Медиа» дар баргузории он саҳм гузошт. Аммо, мутаассифона, қаблан тавассути расонаҳо эълон карда нашуд, ки ба чӣ шева сурудҳои беҳтарин интихоб мешаванд. Ҳоло шакли комили ин маросим нашр нашудааст, вале аз пахши поранаворҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ мушаххас гардид, ки меъёри интихоби «Суруди сол-2024» пойгоҳҳои нашри корҳои ҳунарӣ дар интернет будааст. Яъне, ҳар таронае, ки дар ин пойгоҳҳо бинандаи зиёд доранд, ба барномаи ин рӯйдоди муҳим ворид гардиданд. Албатта, ин меъёр дар замоне ки сарояндагони мо камтар таронаҳои пурмазмун месароянд, то андозае қобили қабул нест. Дуруст аст, ки завқу табъи ҳаводорон аз корҳои ҳунарӣ дар ин ва дигар озмунҳо нақши муҳим мебозад. Вале бори дигар маълум гардид, ки ба саҳнаи бузурги озмуни «Суруди сол-2024» кашонидани баъзе аз ҳунармандони пастмазмунсаро далели камзавқии зумрае аз ҳаводорон, махсусан корбарони шабакаҳои иҷтимоии интернетист, зеро агар дар ин доира ин сарояндагон камҳаводор мебуданд, ҳаргиз ба саҳнаи ин озмуни бонуфуз роҳ намеёфтанд. Хуб аст, ки ба завқи мардум арҷ гузошта мешавад. Аммо хуб мебуд, ки дар интихоби сарояндагон ба унвони довталабони ҷоизаи озмуни ҳунарии «Суруди сол» аз дигар меъёрҳо низ кор гирифта шавад. Масалан, ҳайати ҳакамон бояд талош кунанд, ки сарояндагони маънисароро дар марҳалаи аввал интихоб кунанд ва дар марҳалаи дигар миёни аҳли адабу фарҳанг назарпурсӣ гузаронанд.
Дигар ин ки, ба назари мо, озмуни ҳунарии «Суруди сол» бояд аз чанд бахш иборат бошад. Дар озмуни имсол бештар сарояндагони сурудҳои эстрадӣ довталаби ҷоиза буданд. Ин гӯё ба он маънӣ буд, ки танҳо таронаҳои эстрадӣ таронаанду жанрҳои дигар не. Чаро сарояндагони сурудҳои академӣ, мақом, гӯрғулӣ ё фалак довталаби ҷоизаи «Суруди сол» наметавонанд бошанд? Оё мо дар ин жанрҳо овозхонони хуб кам дорем? Дуруст аст, ки миёни омма, хоса дар олами интернет, чунин таронаҳо камҳаводортаранд. Вале набояд ин баҳонаи ҷо накардани чунин сурудҳо дар барномаи озмуни бонуфуз бошад.
Ҳамзамон, барои тақвияти ҳисси ватандӯстии мардум бахши алоҳидаеро ба унвони «Таронаҳои ватандӯстонаи сол» ба озмуни ҳунарии «Суруди сол» ворид кардан кори хубе хоҳад шуд. Мо дар солҳои охир таронаҳои ҷолибу ангезабахши ватандӯстона бисёр доштем. Дар ҳар маросими давлатӣ ва ҳамарӯза дар барномаҳои телевизиониву радиоии кишвар ҷолибтарин сурудҳои меҳандӯстӣ нашр мешаванд, ки гузинаҳои хубе барои ҷо додан дар барномаи ҳунарии «Суруди сол» мебошанд.
Бахши дигари озмуни «Суруди сол» метавонад «Дастаҳои ҳунарии сол» унвон дошта бошад. Ин кор метавонад ба пайдо шудани гурӯҳҳои хоси овозхонӣ дар ҷодаи санъат сабаб шавад, зеро, мутаасифона, имрӯз дар ҷодаи эстрадаи мо мисли солҳои пеш дастаҳои ҳунарии овозхонӣ хеле каманд. Дар дигар кишварҳо ба ин масъала диққати хос дода мешавад.
Мутаассифона, имрӯз дар озмунҳои ҳунарӣ аз шоирони таронанавис камтар ном бурда мешавад. Дар озмуни ҳунарии «Суруди сол» имкони ворид кардани «Таронанависи сол» мавҷуд аст. Ин ибтикор барои таронанависон ангезабахш хоҳад буд. Шояд ба ин васила шоирони таронанавис талош кунанд, ки сурудҳои хубу хушмазмун бештар бинависанд.
Метавон бахшҳои дигаре мисоли «Танзимгари сол», «Оҳангсози сол» ва «Намоҳангсози сол»-ро ба озмуни мазкур ворид кард, то ба ин васила ба ҳунари таҳиягарони таронаҳо арҷ гузошта шавад. Дигар ин ки солҳои охир озмуни «Суруди сол» ба озмуни «Рақси сол» табдил шудааст. Тақрибан дар ҳама таронаҳои «Суруди сол» рақсҳои гуруҳӣ манзур шуданд, ки бештарашон ба муҳтавои таронаҳо муфовиқат намекарданд.
Дар озмуни ҳунарии «Суруди сол-2024» иштирок ва ҳунарнамоии чанд овозхоне, ки хеле кам таронаҳои пурмазмун месароянд, даъвои иддае аз мардумро дар мавриди мавҷудияти «рӯйхати сиёҳи сарояндагон» дар телевизиону радиои давлатӣ зери суол бурд. Ин андеша бофтаи зеҳни касонест, ки ба иллати бемазмун будани таронаҳояшон ба барномаҳои ҳунарии давлатӣ ва телевизиониву радиоӣ роҳ намеёбанд. Бояд чунин ҳам бошад. Имрӯз аз наворҳои пучу бемаъно ва таронаҳои пастмазмун дунёи интернет пур аст. Магар ин кофӣ нест? Боз ба чӣ хотир ва ба кадом зеҳну шуур сарояндагони ҳарзасароро дар садри барномаҳои ҳунарии телевизионҳои кишвар нишонем? Шумо чӣ назар доред?
Бахтиёр РАҲМОНИЁН,
“АС”