25.4 C
Душанбе

Суруди шарарбор

Даҳшати Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ва марги беш аз 26 миллион инсон аҳли ҳунарро дар бозтоби ин мавзуъ бетафовут нагузоштааст. Адибону рассомон, пайкарасозону оҳангсозони даврони шӯравӣ кӯшидаанд ҳар кадом бо сабку услуби хос мавзуи мазкурро дар осори худ бозтоб диҳанд. Дар Тоҷикистон акнун 80 сол аст, ки рӯзи Ғалаба бо суруди «Иди зафар муборак!»-и Боқӣ Раҳимзода ва Зиёдулло Шаҳидӣ, бо садои Шоиста Муллоҷонова оғоз мешавад.

Дар Русия вобаста ба ҷанг осори зиёди ҳунарӣ рӯйи кор омадааст, хоса оҳангҳои дилнишини бисёри марбут ба он то ҳол шунавандагонро ба риққат меоранд. Ҳатто онҳоеро, ки ҷангро надидаанд. Аз ҷумлаи чунин сурудҳо метавон «Суруди сарбоз»-ро («Песня о солдате») ном бурд. Матни суруд ба шоир Маргарита Агашина ва оҳанг ба Владимир Мигуля тааллуқ доранд. Владимир Мигуля, яке аз бастакорони номвари Русия, меҳмони хонадони дӯсташ Владимир Мадянов мешавад. Мигуля китоби ҳаҷман хурди Маргарита Агашинаро бо номи «Таронаҳо» («Песни»), ки чанде пеш дӯсташ харида будааст, варақ мезанад ва шеъри «Ба сарбози Сталинград»-ро меписандад. Баъди чанде суруд бо садои сарояндаи машҳури рус Иосиф Кобзон дар дили шунавандагон менишинад. Қариб панҷоҳ сол аст, ки ин суруд зинда аст ва аз ҷониби сарояндагони зиёд дар консертҳои бонуфуз садо медиҳад. Бояд гуфт, ки Маргарита Агашина ин шеърро ба устод Фотеҳ Ниёзӣ бахшидааст.

Осори Нависандаи халқии Тоҷикистон Фотеҳ Ниёзӣ ҳазорҳо ҷавони тоҷикро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия кардааст ва суруди ба ӯ бахшидашуда дар Русия ва дигар кишварҳои бо русӣ ошно саҳнаҳои ҷангро пеши рӯйи шунаванда меорад. Ҳазорҳо корбари интернет суруди мазкурро дидаву писандидаанд ва шарҳ гузоштаанд. «Бигзор, чунин шеърҳо ва оҳангҳои хуб, ки аз шуниданаш руҳи кас тоза мегардад, зиёд эҷод шаванд», – навиштаанд.

Шеъри Маргарита Агашина соли 1967 навишта шудааст ва он 9-уми апрели соли 1967 дар «Тоҷикистони советӣ» дар тарҷумаи Ғаффор Мирзо ба нашр расидааст. Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим низ онро дубора тарҷума кардааст. Нашри ин шеър дар тарҷумаи Ғаффор Мирзо ба ифтихори 80-солагии Ғалаба беманфиат нахоҳад буд.

Бузургмеҳри ҲАКИМ

Ба сарбози Сталинград

(Ба Фотеҳ Ниёзӣ мебахшам)

Асрро аз чор як бигзашт, рафт,

Оҳани он суда шуд,

Захмҳои ҷанги ту аз дард монд,

Ҷони ту осуда шуд.

Лек пеши ин чароғи ёдгор

Бо ғаму дарди зиёд

Он ҳама ҷонбозию мардонагӣ

Боз меояд ба ёд.

Бохтӣ сад сар, валекин мондаӣ

Боз ҳам сарбоз ту,

Як саду як бор ҷон додӣ ба ҷанг,

Зинда мондӣ боз ту.

Аз чӣ хомӯшӣ, ба рӯйи сина даст!

Аз чӣ дар чашмони ту

Барқ зад андар сиришкат ин чароғ?

Аз чӣ худ гирёнӣ ту?

Марди ҷанговар намегиряд-ку, дӯст,

Бар сари дарду алам,

Ё ки захми куҳна аз сар дард кард,

Чун хабар аз рӯзи нам?

Дина рӯзи офтобӣ буд, рафиқ,

Ин саҳар ҳам офтоб,

Пас чаро пеши чароғи ёдгор

Ҷони ту дар изтироб?

Ё аз он ки Волга андар офтоб

Мезанад барқ ин саҳар?

Дар фазои шаҳри мо, толеи мо

Абрҳо дорад гузар?

Менигар, сарбоз, кӣ истодааст

Дар сари қабри шаҳид,

Ин дубора умри ту, фарзанди туст,

Ҳам вафову ҳам умед.

Пас ту дар фикру хаёли чистӣ,

Гӯй, эй сарбози пир!

Ё ки захми куҳна аз сар дард кард,

Чанг зад дил аз замир!

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо