Тибқи анъана ҷаласаи XX Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Деҳлии нави Ҷумҳурии Ҳиндустон аз 5 то 11 октябри соли 2025 баргузор карда шуд. Дар доираи ҷаласаи мазкур парвандаҳои номинатсионии кишварҳои узви ЮНЕСКО оид ба унсурҳои фарҳан гии ғайримоддӣ барои ворид намудан ба рӯйхати репрезентативии ЮНЕСКО ҷиҳати баррасӣ пешниҳод карда шуданд. Қобили зикр аст, ки дар ин ҳамоиши муҳимми фарҳангии ҷаҳонӣ санаи 10 декабр Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи номинатсионии унсури миллии фарҳан гӣ “Фарҳанги суманакпазӣ”-ро барои баррасӣ пешниҳод намуд. Номинаи мазкур аз ҷониби аъзои кумита ва ҳайа ти арзёбии ЮНЕСКО мавриди истиқбол қарор гирифта, унсури фарҳангии мазкур ба Рӯйхати репрезентативии мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО во рид карда шуд. Қобили зикр аст, ки суманак хӯроки баҳорӣ мебошад, ки омода кардани он санъати хосси худро дорад. Санъати омода кардани он ҳанӯз аз давраҳои бостон ба мо омада расида, ҷузъи муҳимми фарҳанги имрӯзии мо гаштааст. Яъне ин хӯрок гарчанде дар назар одӣ намояд ҳам, бо тарзу давраҳои омодашавияш аз дигар таомҳои баҳорӣ фарқи калон дорад. Муҳаққиқони мар думшинос мегӯянд, шахсе, ки суманак пухтанӣ аст, бояд ғам надошта бошад, яъне суманак аз оғоз то пухта шуданаш фазои тозаю хурсандиро талаб мекунад. Таъм ва ранги суманак ба руҳияи шахси сабзагузору суманакпаз вобастагӣ до рад. Тибқи ривоятҳои таърихию фарҳан гии мардуми тоҷик, шахси суманакпаз як моҳ пеш аз Наврӯз бо нияти нек омадани сол, кушода шудани бахти фарзандонаш ё аъзои оилааш сабза мегузорад. Омода шудани суманак якчанд давраро дар бар мегирад. Давраи аввал ин омода намудани сабзаи суманак, пеш аз ҳама, шахси суманакро мепухтагӣ тақрибан аз якуми март гандумро тоза карда ва шуста, дар зарфи калон гириф та, об рехта, болояшро бо матои сафед мепӯшонад, то ба дохили ин зарф ягон чизи нопок наафтад. Гандум бояд дар дохили об се шабонарӯз истад ва дар ин давра обро ҳар рӯз иваз мекунанд. Зеро дар акси ҳол оби куҳна гандумро бӯйнок намуда, пӯсонданаш мумкин аст. Вақте ки гандуми дар дохили об монда неш. баровард, онро гирифта, дар табақҳои чӯбин ё лаълиҳои сафолин тунук меку нанд. Баландии гандум дар лаълӣ бояд 5 ё 10 см бошад ва ин лаълиҳоро дар хо наи махсуси ҳавояш тоза мегузоранд. Ба болои лаълиҳои пури гандум ҳар рӯз об мепошанд, дар рӯзҳои боронӣ бошад аз хона ба берун мебароранд, то аз борон оби тоза хӯраду зудтар сабзад. Дар давраи дуюм, баъди сабзидани гандум, се ё чор зан ҷамъ шуда, сабзаро аз лаълиҳо гирифта, реза карда, дар гузашта бо уғурак, ҳоло бо гӯштқимма кунак майда карда, баъдан ҷаббида, шираашро ҷудо мекунанд, ки ба мисли шир сафед мебошад. Дар давраи сеюм шираи аз сабза ҷудокардаро бо орд ҳамроҳ карда, ба дег рехта, барои ба таги дег начаспида ни он 7 санги майда ё дар баъзе ҷойҳо чормағзро ба дег мепартоянд. Давраи чорум ин оташи начандон баланд гирондану ба навбат кофтани дег аз ҷониби занҳои оила мебошад. Агар оила хурд бошаду дар он занҳои кадбону кам бошанд, дар ин ҳолат дар баъзе минтақаҳо занҳои хешовандон, дар бисёри минтақаҳо занҳои ҳамсоя ҷамъ омада, банавбат дегро мекобанд, то ки таги дег нагирад, яъне таги дег насӯзад. Дар ин давра, ки як рӯзи дароз то шабро дар бар мегирад, занҳои ҷа мъомада шеъру сурудхонӣ мекунанд, то руҳияашон шод шавад. Чунки суманак дар руҳияи шодмонӣ бо таъму лаззати хосаи худ омода мешавад. Бештар суруд дар васфи худи суманак, яъне “Суманак дар ҷӯш”, ки дар миёни мардуми тоҷик машҳур аст, хонда мешавад. Аз ҳама хусусияти нозуки суманакпазӣ он аст, ки ҳангоми шираи суманакро аз сабза ҷудо намудан бояд ягон шахси бегона ё ғамдор дар он муҳити суманакпазӣ набошад. Дар ҳолати риоя накардани он суманак бо рангу таъми худаш омода намешавад. Фарқи ниҳоӣ таъму ранги махсуси суманак мебошад. Барои он, ки суманак бо рангу таъми махсус омода шавад, қоидаҳои дар боло зикршударо риоя намудан лозим аст. Суманак чун таоми баҳорӣ дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаро расидани фасли баҳор ба тарзҳои гуногун омода карда мешавад. Вобаста ба тарзи пухта шуданаш номи иловагӣ мегирад: агар дар дег пухта шавад, «су манаки дегӣ» номида мешавад. Ҳангоми дар дегдон (танӯр) омода шудан номи «суманаки дегдонӣ»-ро мегирад. Суманаки дегиро бештар меҷӯ шонанд ва ба монанди ҳалво омода мекунанд. Пасон онро дар лаълӣ ги рифта, баъде, ки мисли ҳалво сахт шуд, реза мекунанд. Он бештар дар ноҳияи Шаҳритӯс ва баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон омода мешавад. Суманаки нониро бо оби омодагаштаи сабза орд ҳамроҳ намуда, кулча мекунанд. Онро асосан дар танӯр, ба болои лаълиҳои оҳанин гузошта, дар болои лахчаи оташ мепазанд. Суманаки хурмагиро бештар дар ноҳияҳои Тоҷикобод, Нуробод ва дигар ноҳияҳои кӯҳистони Тоҷикистон омода мекунанд. Шираи суманакро дар хурма андохта, онро дар таги хокистар тули як шабонарӯз нигоҳ медоранд. (Хурма гуф та, як навъ зарфи сафолиро меноманд). Анъанаи пухтани суманак, гандум куча ё куча, гандумбоҷ дар Помир, би чакҳои алафин ё самбӯса бо пудина ва ҷағ-ҷағ, ғӯлингоб аз қадим ба мо мерос мондааст. Мардумшиносон бар он назаранд, ки тоҷикони Бухоро ғайр аз шираи гандум ба суманак қиёми қанд (ё ширинӣ) низ ҳамроҳ мекунанд. Дар ин ҳолат суманак ширин мешавад ва онро муддати дароз нигоҳ доштан имконпазир мегардад. Тарзи дигари тайёр кардани суманак низ мавҷуд аст: ба хамир ба ҷойи об шираи гандум ҳамроҳ карда, дар таги хокистари оташдон ё дар тобасанг мепазанд. Имрӯз муайян карда шудааст, ки дар таркиби суманак витаминҳои Е (ба унвони антиоксидони қавӣ ва беасар кунандаи радикалҳои озод дар бадан) ва навъҳои гуногуни витамини В мавҷу данд, ки масрафи он зимни бо каллория таъмин намудан барои ҳифзи ҷавонӣ ва саломатӣ низ тавсия мешавад. Он ҳам чунин барои таскини асабҳо, тақвияти неруи биноӣ ва пешгирӣ аз хасташавӣ мусоидат мекунад. Ҳамчунин олимон дар таркиби май саи гандум 18 аминокислота, витаминҳо (В1, В2, В3, В5, В6, РР, Е, F), микроэле ментҳо ва моддаҳои минералӣ (фосфор, калий, магний, сулфур, калсий, хлор, натрий, манган, руҳ, молибден ва ғайра) ро пайдо кардаанд, ки барои организм ниҳоят зарур мебошанд. Дар таркиби майсаи гандум ҳамчунин витамини С, клетчатка, гемотселлюлоза ва пектинҳо вуҷуд доранд, ки коҳиши онҳо дар орга низм сабаби ихтилоли фаъолияти аъзои гувориш (ҳозима) мегардад. Бинобар ин, суманак барои муолиҷаи дисбактериоз, атеросклероз ва бемории санги талхадон аҳаммияти калон до рад. Истеъмоли суманак барои рафъи фарбеҳӣ ва пешгирии диабети қанд низ муҳим аст. Дар сурати мунтазам истифо да намудани суманак иммунитет тақвият ёфта, организм ба таъсироти бемориҳо тобовар мегардад, мубодилаи моддаҳо ба низом омада, фаъолияти дилу рагҳо, силсилаи устухон, асаб, аъзои таносул ва ғадуди сипаршакл беҳтар мешавад. Он ба бемориҳои экзема ва реши меъда шифо мебахшад, босираро қавӣ ва саб зиши мӯйро барқарор менамояд, хунро тоза карда, ба ҳосил шудани гемоглобин кумак мерасонад, авитаминоз, камхунӣ ва пирии бармаҳалро пешгирӣ мекунад. Ин гуфтаҳоро ходими калони илмии шуъбаи мардумшиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумши носии ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мумина Шовалиева таъкид карда, ҳамчунин иброз доштанд: “Дар давраи Сосониён 25 рӯз пеш аз Наврӯз дар майдони Кох 12 сутун аз хишти хом барпо мекарданд ва дар фарози он сутунҳо бо тараннум 12 навъ донагӣ, чун гандум, ҷав, лӯбиё, нахӯд, кунҷид, мош ва ғайра мекоштанд. То рӯзи меҳр, ки чаҳордаҳуми фарвар динмоҳ буд, он донагиро ҷамъ намекар данд ва чунин мешумориданд, ки кадом донае болотару хубтар рӯяд, маҳсулоти ҳамон донагӣ дар ҳамон сол фаровон хоҳад шуд. Мондани сабзаи суманак ва пухтани суманак, ба фикри ман, аз ҳамон расму русум сарчашма гирифтааст». Ҳамин тариқ, суманакпазӣ яке аз анъанаҳои ҷашни Наврӯз мебошад, ки дар он одамон бо як руҳияи хушҳолӣ, дӯстонаву якдилона ва идона ба ҳам омада ин таоми соли нави аҷдодии хешро омода мекунанд ва бо нияти нек омадани сол аз он мехӯранду ба хешону ҳамсоягон низ ин таъомро тақсим мекунанд. Ба миқдори кам бошад, инро “аз меваи баҳорӣ чашидан” мегӯянд, рамзӣ ба шахси аз ин таом чашанда аз нек омадани сол паём медиҳад ва дар он лаҳза нияти нек омадани сол ва ба соли оянда бо тани сиҳат расиданро орзу мекунанд. Ҳангоми ба хони наврӯзӣ гузоштани суманак меҳмонон бо ангушти даст се маротиба аз он тановул мекунанд.
МИРЗОШАРИФ АБДУСАЛОМОВ





