25.4 C
Душанбе

Сояравшанҳои шеъри Соя

Аз сайри қаҳқароии (ақиб гаштан) шеъри Ҳушанг Ибтиҳоҷи Соя метавон нохурсанд буд, зеро ки аз шоири халлоқи нимоии солиёни пеш ғазалсарои муқаллиди кунуниро сохтааст ва ин сухан бад-он маънӣ аст, ки офариниши шоиронаро дар осори нимоии Соя фаровон метавонистем ёфт ва дар ғазалҳои баъдии ӯ наметавонем.

Аз он ҷо, ки ин шоир дар ҳангоми бархурд бо шеваи Нимо аз шеъри асили форсӣ баҳраи кофӣ дошта, бар хилофи баъзе аз ҳамнаслони хеш забони Ниморо тақлид накарда ва бо қабули пешниҳодҳои ӯ шеваи баёни вежаи худро баргузида буд, дар он шеваи баён, ки аз мероси сабки ироқӣ ва услуби тағаззули Шаҳриёр ва мазомини сиёсӣ ва иҷтимоии рӯз таркиб меёфт, гоҳ-гоҳ таъсири ашъори фарангӣ (ба тарҷумаи дигарон) низ дида мешуд ва ду шеъри кӯтоҳ ва маъруф аз Соя ба унвони «Шояд» ва «Эҳсос» намунаҳои комиле аз он шева ба шумор меоянд. Илҳоми шеъри «Шояд»-ро дар яке аз бандҳои манзумаи «Ду мурғи биҳиштӣ» (ки филвоқеъ шарҳи сафари шоиронаи Шаҳриёр дар хиттаи Мозандарон ба қасди ёфтани Нимо аст) метавон ҷуст:

Пештозони мавкиб расиданд:

Ҳамзабони биҳиштист, ҳуш дор!

Уд месӯзу сандал ҳамесой,

Ғурфаро дар кушо, парда бардор.

Шоире муҳташам шамъ дар каф

Парда боло заду шуд падидор,

Ашки шавқаш ба мижгон дурахшид.

Ва аммо қитъаи «Шояд» чунин аст:

Дар бикушоед,

Шамъ биёред,

Уд бисӯзед,

Парда ба як сӯ занед аз рухи маҳтоб…

Шояд

Ин аз ғубори роҳ расида

Он сафарӣ ҳамнишини гумшуда бошад.

Мебинем, ки бо вуҷуди монандии мазмун, халлоқияти ҳунармандонаи Соя дар шеъраш неруманд аст ва маҷмуаи ин қитъа аз он банди манзумаи Шаҳриёр зеботар менамояд ва ин бартарӣ аз он рӯст, ки забони сода ва устувори Соя бо пешниҳодҳои Нимо созгор афтода ва асари ҳунарӣ падид овардааст. Назири ҳамин тавфиқро дар қитъаи «Эҳсос» меёбем, ки нуқтаи азаматаш аз мисрае дар шеъри «Озодӣ», сурудаи Пол Алвор (шоири номдори фаронсавӣ) будааст:

«Бар бистари ман, садафи холӣ».

Ва аз чунин тасвире аст, ки шеъри Соя зода шудааст:

Бистарам

Садафи холии як танҳоист

Ва ту чун марворид

Гардановези касони дигарӣ…

Халлоқияти шоиронаи Соя дар ин асар аз қитъаи «Шояд» ҳам бештар аст, зеро шоир бо ёфтани таъбире монанди «Садафи холии як танҳоӣ» (барои бистари хеш) ё бо ибдоъи таъбири дигаре назири «марвориде, ки гардановези касони дигар аст» (барои маъшуқ), зебоӣ ва таносуби маҷмуи ин асарро ба авҷ расонда ва ин нуктаро исбот кардааст, ки агар ше ваи баёни худро дар мактаби нимоӣ идома медод ва камол мебахшид, ҳатто вақте ки ба мазомини шиоргунаи сиёсӣ ва иҷтимоӣ мепардохт, мақоме аз он чи дар ғазали муосир дорад, волотар дошт. Ба манзури таъкид бар ин эътиқоди хеш, нахуст бахше аз як шеъри сиёсии Сояро нақл мекунам ва андаке дар бораи он сухан мегӯям:

Хабар кӯтоҳ буд: «Эъдомашон карданд»,

Хурӯши духтарак бархост,

Лабаш ларзид,

Ду чашми хастааш аз ашк пур шуд, гиряро сар дод…

Ва ман бо кӯшише пурдард ашкамро ниҳон кардам.

«Чаро эъдомашон карданд?» — мепурсад зи ман бо чашми ашколуд,

– «Азизам, духтарам! Он ҷо шигифтангез дунёест:

Дурӯғу душманӣ фармонравоӣ мекунад он ҷо,

Тило, ин кимиёи хуни инсонҳо, худоӣ мекунад он ҷо».

Соя ин қитъаро бар асоси яке аз ҳаводиси сиёсии солиёни пеш (яъне: эъдоми як завҷи амрикоие ба номи Юлиус ва Етл Розенберг муттаҳам ба ҷосусӣ барои Шуравӣ) суруда ва нишон додааст, ки бо равшанӣ ва расоии баён заъфи мазмуни шиоргунаи шеърашро пинҳон тавонад сохт ва таърифе хилофи он чи аз шеъри Нимо кардааст, дар бораи сухани худ бар даст тавонад дод: «Ашъори Нимо ғолибан гунг ва печида аст ва мардуме, ки Нимо бештар мавзуи шеъри худро аз онҳо ва барои онҳо интихоб мекунад, аз ӯ чизе сар дарнамеоваранд. То он ҷо, ки ман иттилоъ дорам, дар оғоз шеъри Нимо равшанӣ ва равонии бештаре дошта, аммо бар асари гирифториҳои умумӣ ва қайду манъе, ки дар корҳо пеш омад ва гиребонгири шеъру баён низ шуд, Нимо ҳам, ки намехост ва наметавонист шоири боргоҳ ва мадеҳасаро бошад, шеърашро дар ҳафт пардаи киноя ва истиора пӯшонд ва натиҷа ин шуд, ки сухане, ки барои омма буд, дар инҳисори фаҳми хос монд (ниг. «Равшантар аз хомӯшӣ, саҳ. 355).

Аммо қитъаи «Барои Розенбергҳо», бе он ки дар мақулаи «Шеъри комил» бигунҷад, намунаи ҳамешагии ашъори сиёсии Соя ҳам нест, зеро маъмулан сароҳати шиоргунаи ин шоир (ки бо киноёти иҷтимоии Нимо тафовути бисёр дорад) дар ин гуна ашъор чунон аст, ки сатҳи халлоқияти шоиронаи ӯро то ҳадди қитъаи хитоб ба Нозим Ҳикмат (сухансарои коммунисти турк) пойин меоварад:

Чу яке бӯсаи гарм,

Чу яке ғунчаи сурх

Дили худро ба ту мебахшам, Нозим Ҳикмат!

Ва натанҳо дили ман,

Дили ҳар кӯдаку зан,

Дили ҳар кас, ки шинохт

Башарӣ нағмаи уммеди туро…

Аммо бегумон он чи аз миёни осори даврони нимоии шеъри Соя монданист, ҳамон тағаззули ӯст, ки бо ғазалиёти (зоҳиран) ирфонӣ ва (ботинан) сиёсии ӯ фоидаи фаровон дорад ва шояд, ки беҳтарин намунааш қитъае ба номи «Нилуфар» бошад:

Эй кадомин шаб!

Як нафас бикшой

Ҷангали андӯҳи мижгони сиёҳатро,

То билағжад бар булӯри биркаи чашми кабуди ту

Пайкари маҳтобгуни духтаре, к-аз дур

Бо нигоҳи хеш меҷӯяд

Бӯсаи ширини рӯзи офтобиро

Аз навозишҳои гарми дастҳои ман…

Ва саранҷом дар бораи бозгашти Соя аз шеъри нимоӣ ба сӯйи ғазал бояд гуфт, ки ба ростӣ ва бар хилофи мавриди Симини Беҳбаҳонӣ, сайре ба қафо буда ва ин шоирро аз сатҳи ҳу нарманди халлоқ ба ҳадди муқаллиде устод таназзул додааст.

***

Пас аз ҳафдаҳ сол Сояро нахуст дар офтоби баҳор ва сипас дар хуршеди хазони Лос-Анҷелес боз дидам. Риши дароз ва душохаро чунон бар чеҳраи зайтунирангаш раҳо сохта буд, ки гӯйӣ мехост, то бар маҳосини (ришу мӯйлаб) кӯтоҳи ман хӯрда гирад. Аммо торҳои сафеде, ки дар мӯйи сар ва сурати мо ҳарду рӯйида буданд, бар дарозӣ ва кӯтоҳии ришамон таъна заданд ва ба мо ишорат карданд, ки дар осиёи замон дер пойидаем.

Ба ёд овардам, ки чилу ҳафт сол пеш яке аз китобфурӯшони саршиноси Теҳрони онрӯзӣ, ки дукони чӯбинашро дар буришгоҳи ду хиёбон – «Фирдавсӣ» ва «Нодирӣ» устувор карда буд, ман ва Сояро бо ҳам ошно сохт ва дӯстии мо дар офтоби субҳи ҷавонӣ ранг гирифт.

Дар он рӯзгор ӯ бисту як сол дошт ва ман ду сол аз ӯ кӯчактар будам ва имрӯз ӯ шасту ҳашт сол дорад ва ман ҳанӯз ду сол аз ӯ ҷавонтарам!

Дар лаҳзаи дидор як лаҳза андешидам, ки бар ин торикравшанҳои мӯйи мо чи шабҳову рӯзҳое гузаштаанд ва дар он шабҳову рӯзҳо чи ҳаводисе рӯй дод. Рӯзҳоеро дар соли оғози ошноӣ ба ёд овардам, ки ман ва Соя пиёдаравҳои хиёбони Истанбулро чанд бор қадамзанон мепаймудем ва шабҳое дар солиёни баъдро аз хотир гузарондам, ки ман ва ӯ дар ҳалқаи ёрони ҳамсафар бар каронаи Хазар сабукбор афтода будем ва дар фосилаи ин ду пора замон: — дур мондани чандсолаи хеш аз Эрон ва наздик шудани муҳтотонаи (эҳтиёткорона иқдом кардан) Соя ба сиёсатро дар хаёл муҷассам кардам ва ба ҳаводисе чун «Миллӣ шудани санъати нафт» ва «Бисту ҳаштуми мурдод» расидам, ки ҳаёти сиёсии Эронро дастхуши дигаргунӣ сохтанд, аммо пайванди дӯстии ману Сояро нагусастанд.

Ва саранҷом воқеаҳои соли 1307-ро дар хотир мурур кардам ва ба ҳафдаҳ соле андешидам, ки ману ӯро аз ҳам ҷудо карда буд. Бо ин ҳама дар нахустин лаҳзаи дидор ҳуҷуми отифа аз ду сӯй чунон буд, ки гиряро бар гилоя ва сукутро бар сухан пирӯз гардонид. Ва ману Соя ногаҳон худро дар он айём бозёфтем, ки ҳарду ҷавон будем ва сояи шармро ба ҷои сояи риш бар сурат доштем.

Дар ҳамон лаҳза буд, ки Соя ҳамроҳи маҷмуаи ғазалҳояш ба номи «Сиёҳмашқи 4» ва гузинаи ашъораш ба исми «Ойина дар ойина» наворе ба ман ҳадя дод, ки чандин ғазалашро бо садои худ ба он забт карда ва дар пушти ҷилдаш ба хатти хуш навишта буд: «Барои Нодирпури азизам, ки ғазали хуб дорад ва ба ғазал маҳал намегузорад» ва ман аз ин киноя донистам, ки Соя ба суханони ман дар мусоҳибаи «Тифли садсолае ба номи шеъри нав» ишора мекунад.

Як дам бо худ гуфтам, ки мабодо дар он мусоҳиба сухане ба ғараз бар забон ронда бошам ва ҳаққи шоирии Сояро, ки ғайр аз ҳаққи дӯстии ӯ бо ман аст, чунонки бояд, нагузорида бошам.

Ва ин тасаввур чунон ошуфтаам кард, ки пас аз дидори ӯ ба тартиб ғазалҳои китоби «Сиёҳмашқи 4» ва навори садои шоирро хондам ва шунидам. Ва киноёти ӯро аз анвои иҷтимоӣ ва аҳволи шахсӣ дар он ғазалҳо дарёфтам ва бори дигар ба устодии мусалламаш дар ғазалсароӣ офарин гуфтам. Ва он гоҳ китоби «Ойина дар ойина»-ашро, ки гузинае аз ашъори гуногуни ӯст, кушудам ва бар қитъаи кӯтоҳе ба номи «Сабӯҳӣ» диранг варзидам:

Бардошт осмонро

чун косаи кабуд

ва субҳи сурхро

лоҷуръа сар кашид.

Он гоҳ

хуршед дар тамоми вуҷудаш тулӯъ кард.

Ва ин шеър, ба ростӣ, мисли шароби бомдодӣ маро маст кард, гӯйӣ ин ман будам, ки «субҳи сурх»-ро дар «косаи кабуди осмон» лоҷуръа сар кашидаму гармои хуршедро дар тамоми вуҷудам эҳсос кардам ва дар партави ин мастӣ китоби «Ойина дар ойина»-ро варақ задам ва ба қитъаоти дигаре монанди «Хоб» ва «Тарҳ» ва «Фалақ» ва «Гиряи себ» расидам ва итминон ёфтам, ки доварии ман дар бораи Соя ба ҳангоми гуфтугӯ бо дӯсти азизам Садриддин Илоҳӣ мунсифона ва самимона будааст.

Соя дар тақлиди ғазали қудамо (бавежа ғазали Ҳофиз) устоди каммонанд ва дар сурудани ашъори нимоӣ (хосса дар мояи тағаззул) офаринандаи неруманд аст ва ман Сояро ба унвони дӯст дар ҳама ҳол гиромӣ медорам, аммо ба унвони шоир қудраташро дар ибдоъи ҳунармандона бар маҳораташ дар тақлиди моҳирона руҷҳон (афзалият, тарҷеҳ) мениҳам. На! Ман дар ин доварӣ ба хато нарафта будам…

Нодири НОДИРПУР

Лос-Анҷелес, 9 декабри 1995

Таҳияи Н. ҚУРБОНЗОДА, «АС»

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо