25.4 C
Душанбе

Ситора шудӣ? Нурафшонӣ кун!

Рӯзҳои охир дар бобати вазъи ноҷӯри соҳаи сарояндагӣ ва тарғиби наворҳои пучу бемаъно дар бахши тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарӣ матлабҳои зиёде нашр шуда истодаанд. Телевизиони «Тоҷикистон» ҳам ду гузориш дар ин маврид ироа намуд. Вале чун алоқаманди соҳаи ҳунари сарояндагӣ ва корбари доимии шабакаҳои иҷтимоӣ бояд бигӯям, ки дар ин гузоришот бештар умумигӯӣ ба гӯш мерасид. Муаллифони ин матолиб мегуфтанд, ки вазъи сарояндагӣ ва корбарӣ дар шабакаҳои иҷтимоии тоҷикӣ нигаронкунанда аст ва сарояндагон дар интихоби матнҳои қобили сурудан саҳлангорӣ зоҳир мекунанду саҳифадорон аз ахлоқу қоидаҳои наворсозӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ огоҳ нестанд. Танҳо чанд наворе дар ин гузоришҳо ҷо дода буданду халос. Аммо намегуфтанд, ки киҳо ба ин ҳарзасароиву ҳарзагуфториҳо роҳ медиҳанд ва муаллифони матнҳои пучу подарҳавои «ситораҳо» кистанд. Кас аз тамошои ин гузоришҳо чунин хулоса мекард, ки ба сабаби рушди босуръати шабакаҳои иҷтимоӣ гирифтани пеши роҳи чунин ҳарзасароиҳову ҳарзагуфториҳо дар “Тикток”-у “Фейсбук”-у “Инстаграм”-у “Ютуб” кори сахтест. Аммо мо ба ин назарем, ки ниҳодҳои дахлдор дар ин самт ҷуз баҳонаҷӯӣ ҳарфу чораи дигаре надоранд. Ба ин ҳарфи худ далел низ дорем, ки ироа месозем. Намояндаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз гузоришҳои нашркардаи Телевизиони “Тоҷикистон” иброз дошт, ки маъмурони бахши бузурге аз саҳифаҳои интернетӣ, ки ба интишори маводи носолим ва таронаҳои «ситораҳои эстрадаи тоҷик» машғуланд, дар ниҳоди мазкур ҳамчун соҳибкори инфиродӣ сабт шудаанд ва андоз месупоранд. Ба унвони далел метавон аз матолиби нашрияи «Боҷу хироҷ» мисол овард, ки борҳо рӯйхати сарояндагону блогерони дар андозсупорӣ бемасъулиятро ҳамагонӣ кардааст. Дар ҳоле ки чунин аст, чаро ниҳодҳои дигар дар самти пешгирии нашри таронаҳои пастмазмун дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва радиоҳои хусусӣ эҳсоси масъулият намекунанд? Масалан, барои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сахт нест, ки вазъи баамаломадаро танзим намояд. Ин дар ҳолест, ки фаъолияти бахш ё раёсати хосе дар ин вазорат ба танзими вазъи мазкур нигаронида шудааст. Агар таваҷҷуҳ зоҳир мешуд, кайҳо пеши роҳи фаъолияти сарояндагони ҳарзасаро ва ба ном блогерон гирифта мешуд ё вазъ нисбатан солимтар мегардид.

Дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» пайваста силсиламатлабҳоеро мехонем, ки дар онҳо сатҳи сарояндагии овозхонҳои тоҷик таҳлилу нақд мешавад ва аз ҷонибу муаллифону коршиносон дар самти ба эътидол овардани вазъи мазкур пешниҳодҳое ҳам ироа мегарданд.

Дар бахши тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ имрӯзҳо метавон шоҳиди чизҳои аҷибу ғарибе шуд. Ҳар бодовардае ин ҷо имкони ситора шудану дурахшидан дорад. Муаллифони ҳарзанаворҳо эҳсос намекунанд, ки мардуми тоҷикро ба сӯйи бесӯйӣ мекашонанд.

Солҳост, ки ҳамчун алоқаманди ҳунари асил ба таҳлилу баррасии масоили вобаста ба соҳаи сарояндагӣ рағбат дорам. Ҳар матлаберо, ки ҳусну қубҳи кори сарояндагиро бозгӯ месозад, мехонаму мебинаму мешунавам. Аз ин лиҳоз, чанд пешниҳодеро дар самти гирифтани пеши роҳи фаъолияти «ситораҳои эстрадаи тоҷик» ва «блогерон» мехоҳам ироа созам. Шояд ин пешниҳодот ҷиҳати рафъи камбудҳои мавриди назар то ҳадде мусоидат намоянд:

1. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти блогерон ва сарояндагонро дар сурати андоз насупоридан метавонад маҳдуд кунад, пас Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон низ қудрат дорад, ки дар ҳолати нашри навору сурудҳои пучу бемаъно монеи фаъолияти эшон шавад;

2. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли озмуни «Суруди сол» ҳар сол озмунҳоеро монанди «Беҳтарин саҳифаи ҳаҷвӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ», «Беҳтарин намоҳанги пойгоҳҳои нашри таронаҳо дар интернет» ва «Беҳтарин маводи блогерӣ»-ро роҳандозӣ созад, то миёни саҳифадорони шабакаҳои иҷтимоӣ дар самти ҳамагонӣ кардани муҳтавои солим дар бахши тоҷикии интернет рақобати солим сурат бигирад;

3. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории худро бо Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон, ки дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад, тақвият бахшад, то дар самти гирифтани пеши роҳи нашри навору сурудҳои бемаъно имконоти бештар дошта бошад;

4. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дарси хосеро дар мактабҳои миёна ва олии касбӣ бо номи “Фарҳанги истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ” роҳандозӣ созад, то дар ин машғулиятҳо хонандагону донишҷӯён чи дидан ва чи надиданашонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ташхис дода тавонанд;

5. Мушоҳида мешавад, ки беш аз ҳама наврасон дилбастаи тамошои матолиби пучу бемаънои шабакаҳои иҷтимоӣ гаштаанд. Хабаре хондам, ки дар Австралия ва чанд давлати дигар истифодаи шабакаҳои интернетиро барои наврасони то шонздаҳсола мамнуъ эълон кардаанд. Шояд фурсате фаро расидааст, пешниҳоди шоири тоҷик Ато Мирхоҷаро, ки дар саҳифаи фейсбукияш хостори амалӣ кардани ин тадбир дар Тоҷикистон ҳам шудааст, пазируфта шаваду ба ин васила наврасони тоҷикро аз гаравидан ба самти бадахлоқӣ боздорем.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳама самтҳо ба дастовардҳои бузург ноил гардидем. Магар намешавад пеши роҳи чанд тан аз соҳибони саҳифаҳои интернетии тарғибкунандаи бадахлоқиро бигирем? Албатта, метавонем, ба шарте, ки ниҳодҳои дахлдори мо ҳавсалаи ҷиддӣ фаъолият намудан дар ин соҳаро дошта бошанд. Ҷуз нашри ҳарзатаронаҳо пахши наворҳо аз рӯзгори шахсии чеҳраҳои ошно дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба одати доимӣ табдил ёфтааст, ки аз ин ҷаҳолат бояд бираҳем.

Дар ин маврид андешаҳои рӯзноманигои тоҷик Зеваршоҳи Муҳаммад, ки дар саҳифаи фейсбукии хеш баён доштааст, бароям ҷолиби диққат буд: «Шабакаҳои иҷтимоӣ, ки ибтидо ҳамчун платформа барои муошират ва табодули андешаҳо сохта шуда буданд, дар солҳои охир ба майдоне табдил ёфтаанд, ки рафтори ғайриахлоқӣ, моҷароҳо ва нақзи марзҳои шахсиро намоиш медиҳанд. Дар Тоҷикистон, ки анъанаҳо ва меъёрҳои ахлоқӣ ҳамеша ҷойгоҳи муҳимме доштанд, ин зуҳурот нигаронии махсусро ба миён меорад. Наворҳои моҷароангез, ки дар онҳо ситораҳои шоу-бизнес ва блогерони маъруф рафтори номатлуби худро нишон медиҳанд, қариб ба як чизи маъмулӣ табдил ёфтааст. Яке аз мисолҳо навори рақси Қадами Қурбон бо раққоса аст, ки ҳамин шабу рӯз сару садои зиёдеро ба миён овард. Ин навор танҳо як намунаи ин тамоюл аст. Мушкилот натанҳо дар худи рафтори ғайриахлоқии Қадами Қурбон ва афроди дигар, балки дар он аст, ки чи гуна он ба аудитория пешкаш карда мешавад. Насли ҷавон аксар вақт блогерон ва ситораҳоро ҳамчун намуна барои пайравӣ мебинанд. Аммо ба ҷои илҳом бахшидан барои рушд, таҳсил ё кор, чунин касон рафтори моҷароҷӯёна ва нақзи меъёрҳои ахлоқиро тарғиб мекунанд. Ин арзишҳои ахлоқии ҷавононро вайрон мекунад ва ин андешаро ба зеҳнашон таҳмил менамояд, ки барои маъруф шудан метавон аз ҳар гуна марзҳо гузашт ва аз фарҳангу арзишҳои худ дур шуд.

Ба ҷои нашру пахши бадрафторӣ шахсони маъруф метавонистанд платформаҳои худро барои тарвиҷи эҳтиром, фарҳанг ва кумакҳои мутақобила истифода баранд”.

Дар идомаи ин андешаҳо рӯзноманигор роҳкорҳоеро баҳри барҳам задани ин ноҷӯриҳо зикр кардааст, ки беҳтар аст бихонему роҳандозӣ намоем: «Қонунгузории Тоҷикистон ҳифзи ҳаёти шахсиро пешбинӣ мекунад, аммо дар бештари мавридҳо ин меъёрҳоро нақз мекунанд. То вақте ки механизмҳои мушаххас ва самараноки ҷазо барои шикастани марзҳои ҳаёти шахсӣ ҷорӣ нашаванд, вазъ бадтар хоҳад шуд. Муҳим аст, ки ҷомеа низ ба муҳокимаи ин масъалаҳо ҷалб карда шавад, то талабот ба намунаҳои мусбати рафтор ташаккул ёбад. Чӣ бояд кард? Ҳама чизеро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ рух медиҳад, ҳамчун меъёр қабул накунанд. Рафтори ғайриахлоқии шахсони маъруфро муҳокима ва маҳкум намоянд. Муҳим аст, ки баҳсҳо ба самти созанда равона карда шаванд. Шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд ба як воситаи рушд ва муттаҳидсозии ҷомеа табдил шаванд, аммо барои ин ҳар яки мо бояд масъулияти худро дарк кунем. Шахсони маъруф ҳамчун намояндагони таъсирбахши ҷомеа вазифадоранд намунаи рафтору ахлоқ бошанд. Агар мо ба таназзули ахлоқ чашм пӯшем, пас натанҳо арзишҳои фарҳангии худ, балки насли ояндаро низ аз даст медиҳем”.

Баҳром Шарифӣ

- Таблиғ -spot_img

ШАРҲИ ХУДРО НАВИСЕД

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо