(Сухани Сармуҳаррир)
Дӯстони азиз!
Тавре дар шумораи гузашта гуфта будем, моҳи декабр моҳи ҷамъбастии сол ва моҳи обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳост. Аз ҷумла, моҳи обуна ба нашрияи адабӣ ва фарҳангии кишвар “Адабиёт ва санъат”. Нашрияе, ки ҳама аз адабиёт, фарҳанг, маърифат, илм, ҳунар, зебоӣ ва муҳаббат менависад. Нашрияе, ки аз руҳияи миллӣ, арзишҳои миллӣ ва забону ҳастии миллат офарида мешавад. Нашрияе, ки ҳар ҳафта чун китоби атрогини маърифат рӯйи дасти Шумо қарор мегирад. Аммо гузориши масъулони бахш нишон ме диҳад, ки то рӯзи 08.12.2025 дурнамои обуна ба “Адабиёт ва санъат” барои соли оянда ҳамагӣ 60 дарсад иҷро шудааст. Ин рақам то ҷое боиси ни гаронист, зеро фаъолият ва мавҷудияти нашрияи адабии кишвар асосан ба обуна ва истиқболи хонандагони азиз вобаста аст. Вале дар ин миён нуктаи рӯшану умедбахш ин аст, ки тибқи маълумоти хадамоти почтаи ҷумҳуриявӣ, то имрӯз як силсила шаҳру ноҳияҳои кишвар раванди обуна ба нашрияро ба таври васеъ ба роҳ мондаанд. Бинобар ин, мехостем ба воситаи ин саҳифа сипосу қадрдонии хоссаи «Адабиёт ва санъат»-ро барои то имрӯз пурра ба ҷой овардани дурнамои обуна ба нашрия ба роҳбарону масъулони шаҳру ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сангвор, Хоруғ, Дарвоз, Ванҷ, Шуғнон, Хуҷанд, Кӯҳистони Масчоҳ, Бобоҷон Ғафуров, Бохтар, Норак, Хуросон, Левакант, Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ, Панҷ, Носири Хусрав, Кӯлоб, Темурмалик, Балҷувон, Ҳамадонӣ ва Муъминобод изҳору эълон намоем. Бовар дорем, ки шаҳру ноҳияҳои дигари кишвар низ аз иқдоми шаҳру ноҳияҳои зикршуда пайравӣ намуда, раванди обунашавӣ ба нашрияи адабиву фарҳангии худро бо ҷиддият ба анҷом мерасонанд. Нишонаҳо ва тарзи обуна ба ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” дар саҳифаи охири он нишон дода шудаанд. Бо мо бошед, то ҳафтаномаи дӯстдоштаи Шумо фаъол бошаду худи Шумо хушнуд!





