СУХАНИ САРМУҲАРРИР
Дӯстони азиз,
Моҳи декабр моҳи ҷамъбастии сол ва моҳи обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳост. Аз ҷумла, моҳи обуна ба нашрияи адабӣ ва фарҳангии кишвар “Адабиёт ва санъат”. Нашрияе, ки ҳама аз адабиёт, фарҳанг, маърифат, илм, ҳунар, зебоӣ ва муҳаббат менависад. Нашрияе, ки аз рӯҳияи миллӣ, арзишҳои миллӣ ва забону ҳастии миллат офарида мешавад. Нашрияе, ки ҳар ҳафта чун китоби атрогини маърифат рӯи дасти Шумо қарор мегирад.
Ва вақте Шумо 15 саҳифа адабу маърифату муҳаббату зебоиро мехонед, дар ниҳоят саҳифаи шоди “Мушфиқӣ” меояд, ки аз он як табассуми зебо бар лабони Шумо ба ҷой мегузорад.
Аммо дирӯз, масъулони обунаи нашрия гузоришеро рӯи мизи сармуҳаррир гузоштанд, ки тибқи он дурнамои обуна ба “Адабиёт ва санъат” барои соли оянда ҳамагӣ 51% иҷро шудааст. Рақаме, ки касро ба андеша фурӯ мебарад.
Андешаву нигаронии хоса аз ду чиз:
Якум, фаъолият ва мавҷудияти нашрия адабии кишвар асосан ба обуна ва истиқболи хонандагон вобаста мебошад. Яъне агар хонандагони азиз дастгирӣ накунанду обуна нашаванд, фаъолияти нашрия халал меёбаду идомаи он зери савол меравад.
Дуюм, адади нашри “Адабиёт ва санъат” ҳамагӣ 9000 нусха аст, ки он ҳатто ба 0,1 дарсади аҳолии кишвар баробар намешавад. Зеро ҳоло 1% аҳолии Тоҷикистони азизамон беш аз 110 000 нафарро ташкил мекунад. Яъне агар ҳатто 1% аҳолии кишвар ҳафтавори адабию фарҳангии худро обуна шаванд ва ё харидаву бихонанд, адади нашри он на 9000, балки беш аз 110 000 нусха мебуд.
Албатта, дар шароити рушди воситаҳои дигари дарёфти ғизои маънавию фарҳангӣ рӯзнома акнун сарчашмаи асосии маълумоту маърифат нест. Аммо, ин рақамҳои зикршуда низ ҷойи андеша дошта, оинаи нигоҳу муносибати умумии мо ба фарҳангу адабиёт мебошад.
Ин аст, ки мо дар моҳи обуна ба мардуми фарҳангдӯсту адабпарвари худ, хоса ба тамоми аҳли адабу фарҳанг, ба ҳаводорони илму маърифату андеша, ба аҳли ҳунару зебоиву зебоишиносӣ ва ба ҳар як шаҳрванди огоҳу боҳувияти кишвар муроҷиат менамоем, ки ба “Адабиёт ва санъат” обуна шуда, фаъолияти нашрияи ягонаи адабии кишварро дастгирӣ кунед ва низ, ба ин восита дунёи худ ва муҳити хонаводаи худро саршор аз адабиёту фарҳангу зебоиву табассум созед.
Дар бораи вазъи обуна дар идораву муассисаҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар дар шумораи оянда маълумотнома пешниҳод мешавад.
Нишҳонаҳо ва тарзи обуна ба “Адабиёт ва санъат” дар саҳифаи охири рӯзнома нишон дода шудаанд.
Бо мо бошед, то ҳафтаномаи дӯстдоштаи Шумо фаъол бошаду худи Шумо хушнуд!





