6.1 C
Душанбе

«ШУЪЛАИ ИНҚИЛОБ» ЧӢ ГУНА РӮЗНОМА БУД?

«Шуълаи инқилоб» – аввалин рӯзномаи ҳизбии Шуравии тоҷикӣ (10 апрели 1919-8 декабри 1921), ба ҳайси ношири афкори Кумитаи ҳизбии ноҳияи Боғишамоли вилояти Самарқанди Ҳизби Болшевикони Туркистон, дар ҳаҷми 8 саҳифаӣ, ҳамагӣ 91 шумора ба табъ расидааст. Сармуҳаррир ва муаллифи аксар матолиби «Шуълаи инқилоб» Сайидризо Ализода буд, ки аз аҳли қалами минтақа Садриддин Айнӣ, Фахриддини Роҷӣ, Баҳриддин Азизӣ, Ҳасан Ирфон, Мухторӣ, Маҳмудӣ ва дигаронро ба кори нашрия ҷалб намуда, неруи ҷисмонию зеҳнии хешро дареғ надошт. Гап сари он аст, ки дар марҳалаи барқароршавии Ҳукумати шуравӣ дар Туркистон дар пайи душманхоҳиҳои пантуркистон тоҷиконро чун миллат эътироф кардан намехостанд ва бо кӯшишу талошҳои як гурӯҳ миллатдӯстон, аз ҷумла Сайидризо Ализода, Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, охирҳои соли 1918 шуъбаи майдамиллатҳои Ҳукумати Туркистон созмон ёфта, тоҷикон, эрониён ва афғонҳои сокини кишварро фаро гирифт ва Сайидризо Ализода мудири ин шуъба таъйин гардид. Аз аввалҳои соли 1919 Сайидризо Ализода ва гурӯҳи коммунистони ҳамақидааш барои дар ноҳияи Боғишамоли Самарқанд, ки форсизабонон аксари сокинонро ташкил медоданд, зарурати таъсис додани нашрияе бо забони модариро ба миён гузоштанд ва ба он ноил гардиданд, ки Кумитаи ҳизбии вилоят 1 марти соли 1919 дар бораи таъсис додани «ношири афкори худ» ҳафтаномаи «Шуълаи инқилоб» розигӣ дода, 7 марти соли 1919 дар бораи муҳаррири он таъйин кардани Сайидризо Ализода қарор қабул намояд. Шумораи аввали «Шуълаи инқилоб» 10 апрели соли 1919 бо теъдоди 1000 нусха, дар ҳаҷми 8 саҳифаи шакли А-3, бо ҳуруфи форсӣ, ба тарзи чопи сангӣ дар шаҳри Самарқанд ба табъ расид. Хушбахтона, дӯхтаи нашрияи «Шуълаи инқилоб» ҳоло дар шуъбаи Дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти № 50 нигоҳдорӣ мешавад. Аз сабаби он, ки шиносномаи «Шуълаи инқилоб» дар навиштаҳои муҳаққиқон ба таври мухталиф шарҳ ёфтааст, ба аломатҳои шиносномаи нашрия назар мекунем ва мебинем, ки шакли (формати) «Шуълаи инқилоб» аз рӯзномаҳои маъмулӣ фарқ дорад: дарозии саҳифаҳояш 33 см., бари саҳифаҳо 21 см., яъне аз шакли А-3-и имрӯза хурдтар ва аз шакли А-4 калонтар аст. Матнҳои маводи 91 шумо раи рӯзнома бо хатти хонои настаълиқи форсӣ бонавбат дар коғази хушсифати сафед, гулобӣ ва сабзранг хаттотӣ гардида, дар 2 сутун ҷойгир шудаанд. Гуфтанист, ки хушнависии маводи та моми шумораҳои “Шуълаи инқилоб” ба килки сеҳрноки хаттоти машҳури давр Фахриддини Роҷӣ тааллуқ дорад. Дар қисми болои саҳифаи якум соли нашр ва тартиби шумора зикр гардида, пас қисмати шиносномаи нашрия сабт аст. Бахши тарафи рости саҳифаи якум на виштаҷоти “Маҷаллаи ҳафтагии сиёсӣ ва иҷтимоӣ аст, ки ношири афкори кумитаи Фирқаи Иштирокиюни вилоятӣ мебошад. Маҳалли идора: шаҳри Самарқанд, кӯ чаи Коуфман, нумраи телефон: 328”-ро дорад. Дар бахши чапи саҳифаи якум сабт аст: “Баҳои маҷалла: семоҳа 15 сӯм, шашмоҳа 25 сӯм, ҳар нусхааш 1 сӯму 50 тин. Баҳои эълон танҳо дар саҳифаи охир: сатре се сӯм. Барои табдили унвон ду сӯм. Дар бахши мобайни саҳифаи аввал болои номи нашрия – «Шуълаи инқилоб», ки дар партави алангаи гул хан ҳаккокӣ шуда, шиори нашрия: “Эй ранҷбарони ҷаҳон, ба ҳам пайвандед!”, дар поёни номи нашрия 1337 ҳиҷрӣ (соли нашр) навишта шудааст. Дар сатри поёни шиносномаи нашрия сана ва рӯзи ҳафтаи табъи нашрия бо солшумории ҳиҷрӣ ва милодӣ сабт аст. Ҳамзамон, дар ҷавоби навиштаҳо, ки Сайидризо Ализодаро муҳаррири бебадали «Шуълаи инқилоб» меҳисобанд, гуфтанист, ки дар тули фаъолияти нашрия мудири масъул ва муҳаррири «Шуълаи инқилоб» тағйир ёфтааст. Аз имзоҳои шумораҳои баъ ди моҳи августи соли 1921-и «Шуълаи инқилоб» бармеояд, ки шумораҳои № 84 (1921, 1 сентябр), № 85 (1921, 12 сентябр), № 86 (1921, 22 сентябр), № 87 (1921, 3 октябр) зери таҳрири Ғуломалӣ Косимзода чоп шуда бошанд, шумораҳои охирини он — № 88 (1921, 7 ноябр), № 89 (1921, 17 ноябр), № 90 (27 ноябр) ва № 91 (1921, 7 декабр)-и «Шуълаи инқилоб» бо имзои «Ҳайати таҳририя» ба табъ раси даанд. Инчунин, моҳҳои охири фаъолият «Шуълаи инқилоб» на ҳафтавор, балки ҳар 10 рӯз як борӣ ба чоп расидааст. «Шуълаи инқилоб» мақсаду маслаки худро дар сармақолаи шумораи аввалаш чунин баён дошта буд: «Инак, мо бо қаламҳои шикастаи худ ба майдони нигориш дохил мешавем. Дар сурате, ки ягона мақсад ва маслаки мо хидмат кардан аст дар роҳи истеҳкоми Инқилоб ва Ҳукумати Шуроӣ, мубориза намудан аст дар роҳи пойдории салтанати иштирок, мо қалам меронем барои озодӣ ва осоиши ранҷбарон, мо сухан мегӯем барои беҳбудӣ ва хайрияти ҳоли ситамкашон…». «Шуълаи инқилоб» дар оғоз агар то 1 ҳазор нусха ба нашр мерасид, теъдоди нашраш соли 1921 то ба 4 ҳазор нусха расидааст ва дар шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Тошканд, Хуҷанд, Чорҷӣ, Марв, Ашқобод паҳн шуда, ҳатто дар Эрону Афғонистон даҳҳо муштарӣ доштааст. Вале роҳи «Шуълаи инқилоб» ҳамвор набудааст. Бо вуҷуди эълон шудани баробарҳуқуқии қавму халқҳои шуравӣ, неруҳои пантуркист ҳамоно намехостанд тоҷиконро ба ҳайси як миллати бумии Осиёи Миёна эътироф кунанд ва бо истифода аз мавқеи пайдонамудаашон дар идораву муассисаҳои роҳбарӣ, ба кору фаъолияти мактабу матбуоти тоҷикӣ халал мерасониданд, ба мақомоти болоӣ бо маънои бастани ниҳодҳои мавҷуда ва иҷозат надодан ба коргузории муассисаҳо бо забони тоҷикӣ муроҷиат менамуданд. Чунин муносибат дар нисбати аввалин нашрияи шуравии тоҷикӣ низ раво дида шуд, ки Сайидризо Ализода дар шумораи дуюми рӯзнома, дар мақолаи «Як суйиқасди ғараздорона ба муқобили маҷаллаи мо» навишта буд: «Ҳанӯз шумораи аввали маҷаллаи мо қадам ба майдони матбуот нагузошта, ҳанӯз «Шуълаи инқилоб» шуълаи дурухшони худро ба ҷое нафишонда буд, ки дастаи шабпаракон аз тарси он, ки чашмони ғаразбини эшонро хира ва тор кунад, даври ҳам гирд омада, аз пайи хомӯш кардани ин шуъла камар бастанд ва барои қатли ин бачаи зоиданашуда омода гардиданд. Инҳо барои буридани забони як ҷамоаи Туркистон, ки тақрибан 2 миллион нуфус дорад, шамшерҳои худро тез карданд. Ин ҷанобон бо баҳонаи ин, ки забони расмии Туркистон туркист, розӣ нашуданд, ки дар ҳамаи Туркистон ақаллан як ҷаридаи форсӣ вуҷуд дошта бошад…» (Шуълаи инқилоб, —1919.— №2.—17 апрел). Албатта, ношир – кумитаи вилоятии Ҳизби Коммунист нашрияи худро дастги рӣ менамуд, зеро «Шуълаи инқилоб» дар навбати худ барномаву мақсаду мароми Фирқаи Иштирокиюн ва Ҳукумати Шура виро бо забони содаву равони мардуми таҳҷоӣ тарғибу ташвиқ мекард, дар соз мондиҳии тадбирҳои оммавии идораҳои ҳизбию шуравӣ дастгиру мададгор буд. Аз тарафи дигар, Фирқаи Иштирокиюн ва Ҳукумати Шуравӣ дар амри тарғи би ғояҳои инқилоби умумиҷаҳонӣ дар кишварҳои Шарқи мусулмонӣ, бахусус Эрону Афғонистон, аз расонаҳои фор сизабон, минҷумла «Шуълаи инқилоб», умедворӣ дошт. Сайидризо Ализодаву ёронаш ҳангоми таъсис додани «Шуълаи инқилоб» умеду бовар доштанд, ки мардуми ташнаи сухани чопӣ бо забони модарӣ ҷаридаро ҳам аз ҷиҳати моддӣ ва ҳам маънавӣ дастгирӣ мекунанд, вале мушкилоти моддию маънавӣ нашрия ро дунболагир буд. Дар шумораи 22-и «Шуълаи инқилоб» мақолаи Сайидризо Ализода «Хонандагон, Худо ҳофиз!» ба табъ расид, ки муҳаррир аз ин гуна мушкилиҳои ба сари рӯзнома омада бо сӯзу гудоз ҳарф зада, аз ҷумла ме навишт: «Дар арзи шаш моҳ шумораи муштариёни мо ба ҳазор расид. Хулоса, аз ҳар ҷиҳат аҳволи мусоид нест, ки мо нашри маҷалларо давом диҳем. Аз ин рӯ, ночор ба хобондани маҷалла маҷбур шуда, хонандагони худро худоҳофизӣ менамоем» (Шуълаи инқилоб. – 1919. — №22. — 16 октябр). Ҳамин тавр, дар чопи «Шуълаи инқи лоб» дар муддати шаш моҳ танаффуси иҷборӣ пеш омад ва пас аз фароҳам сохтани шароитҳои моддию маънавӣ, «Шуълаи инқилоб» дубора фаъолиятро идома дод. Дар марҳалаи дуюми фаъо лияти ҳафтанома мақолаву шеърҳои публитсистии устод Айнӣ, Ҳасан Ирфон, Баҳриддин Азизӣ, Фахриддини Роҷӣ, Ғуломалӣ Козимзода дар «Шуълаи инқи лоб» зуд-зуд ба чоп мерасид. Дар ин дав ра «руҳияи асосии «Шуълаи инқилоб» ро сармақола ва мақолаҳои сиёсиаш ифода мекарданд, ки аксарияти онҳоро Сайидризо Ализода ва Садриддин Айнӣ менавиштаанд. Ба қавли муҳаққиқи мат буоти тоҷик Иброҳим Усмонов, «устод Айнӣ дар рӯзномаи «Шуълаи инқилоб» ба истиснои шеърҳояш, 93 мақола, очерк ва тарҷумаҳояшро чоп кардааст. Дар 27 шумора, аз №50 то №90, очерки таърихии вай «Таърихи силсилаи манғи тия, ки дар Бухоро ҳукм рондаанд» чоп шудааст… Аввалин намунаҳои адабиёти советии тоҷик, махсусан шеърҳои инқи лобӣ, маҳз дар «Шуълаи инқилоб» чоп шудаанд. Устод Садриддин Айнӣ дар он “Марши ҳуррият”, “Инқилоб”, “Самарқанд ва Бухоро” барин шеърҳояшро чоп кар дааст». (Усмонов И. Шуҷоат дар роҳи худогоҳӣ.//Аввалин нашрияи тоҷикии даврони шуравӣ. –Душанбе: Ирфон, 2019. – С.22, 26). Бояд гуфт, ки бо вуҷуди ба табъ расидани мақола ва қайдҳои ҷудогонаи донишмандон Раҳим Ҳошим, Зариф Раҷабов, Мақсуд Шукуров, Соҳиб Табаров, Субҳон Атобуллоев, Иброҳим Усмонов, Давлат Давронов, Амиршоҳ Ёрмуҳаммадов, Пайванд Гулмуродзода, Лутфулло Ниёзов, Мурод Муродӣ ва дигарон оид ба таърихи пайдоиш, ҳадафу вазифаҳо, мундариҷаи нашрия, саҳми Садриддин Айнӣ ва Сайидризо Ализода дар таъсис ва фаъолияти «Шуълаи инқилоб», тадқиқоти мукаммале аз мавқеи публитсистикашиносӣ дар бораи ин нашрияи авалини ҳизбии шуравии тоҷик сурат нагирифтааст. Аз ин ҷост, ки дар осори муҳаққиқон дар бораи рӯзнома ё маҷалла будани «Шуълаи инқилоб» фикри ягона вуҷуд надорад, аниқтараш ду ақида расонаӣ шудааст. Гурӯҳи олимон бар асоси “маҷалла” зикр шудан дар шиноснома ва баъзе мақолоти худи «Шуълаи инқилоб», нашрияро ба сифати маҷалла ёдоварӣ кардаанд. Сабаби аслии худро «маҷалла» навиштани «Шуълаи инқилоб»-ро дар он бояд ҷуст, ки он солҳо ҳанӯз бо истилоҳи «рӯзнома» ва «маҷалла» мушаххас намудани нашрияи чопӣ амали устувор нагардида буд. Маҷаллаи ҳафтагии (таъкид аз мост. Ш.Қ.) “Шуълаи инқилоб” навиштани адиби куҳансол, шоҳиди воқеаҳои он давра Раҳим Ҳошим далолат ба ин аст. Дигар, дар назар бояд дошт, ки муҳаққиқони дар бораи «Шуълаи инқилоб» маълумот дода Зариф Раҷабов, Мақсуд Шукуров олимони таърихшинос, Соҳиб Табаров, Худоназар Асозода муҳаққиқони адабиётшинос буданд, ки зикри «Шуълаи инқилоб» барои онҳо аз назари рӯйдоди таърихӣ ва адабӣ сурат гирифтааст. Гурӯҳи дигари муҳаққиқон, ки таърихи матбуоти даврӣ, масоили хусусиятҳои иттилоот ва интишори онро дар такя ба назарияи публиситикашиносии муосир баррасӣ менамоянд, ба мисли Иброҳим Усмонов, Пайванд Гулмуродзода, Лутфулло Ниёзов, Мурод Муродӣ, Амиршоҳ Ёрмуҳаммадов, инҷониб бар ақидае устувор ҳастанд, ки «Шуълаи инқилоб» бо вуҷуди “маҷалла” эълон шудану дар саҳифаҳояш чунин зикр гардидан, бо шакл, ҳаҷм, тарзи ороиш ва таъиноту хусусиятҳои матолиби фарогири ҳар шумора, бештар хусусияти рӯзномаро касб намудааст. Бубинем, ки мутахассисони соҳа махсусият ва вижагиҳои рӯзнома (газета) ва фарқи он аз маҷалларо ба таври зайл тафсир намудаанд: “Рӯзнома (аз итал. Gazettta-тангаи хурди венетсионӣ) – аввалин воситаи ахбори омма, нашрияи даврии нисбатан сареъ барои чопи ахбори ҷамъиятиву сиёсӣ, фарҳангиву фароғатӣ” (Муродов М. Донишномаи фарҳанги рӯзномани горӣ. –Душанбе: Аржанг, 2016.-480 саҳ. -С.293). “Маҷалла (аз фр. Journal -рӯзнома) – нашрияи даврие, ки дар он ҷойи аввалро на ахбори фаврӣ, балки маводи публит систиву адабӣ ва ё илмиву оммавӣ ишғол мекунад. Дар муқоиса бо рӯзнома муқова дорад, одатан ранга ва моҳе як маротиба чоп мешавад” (Муродов М. Донишномаи фарҳанги рӯзноманигорӣ. –Душанбе: Аржанг, 2016.-480 саҳ. -С.179). Мутаассифона, аксари муҳаққиқон чун дар дигар ҳолатҳо, шумораҳои нашрияи «Шуълаи инқилоб»-ро бо чашми худ надида, бо диққат мутолиа накарда, дар такя ба навиштаи муҳаққиқони пештара андеша рондаанд, ки дар натиҷа “иқтибос аз иқтибос” имкони гуфтани ақидаи воқеиро надодааст. Пас, “Шуълаи инқилоб” чаро рӯзнома (газета) аст, на маҷалла?! Зеро “Шуълаи инқилоб” муқова, гузашта аз ин, муқоваи сахти муҷалло, ки хоси маҷалла аст, надорад, таъйиноти нашрия, нархи он, маҳалли ҷойгиршавӣ ва рақамҳои телефони идораи «Шуълаи инқилоб» дар паҳлуи шиноснома сабт гардидааст, ки аз аломатҳои хосси рӯзнома мебошад, на аз маҷалла, саҳифаи авали «Шуълаи инқилоб» (агар онро ҷонибдорони “маҷалла” муқова ҳисобида бошанд), аз боло то поён фарогири мавод аст, ки чунин тарзи ҷобаҷокунии матолиби шумора хоси рӯзнома аст, на маҷалла, мақолаҳои ҳар шумораи «Шуълаи инқилоб» аксаран ҳамчун акси садо ва ё вокуниш ба воқеа, ҳодиса ва рӯйдоде иншову интишор гардидаанд, ки бо хусусияти рӯзмаррагӣ аз мақолаҳои маҷалла фарқ мекунад ва саҳифаҳои охир (7-8)-и «Шуълаи инқилоб» беистисно хабарҳоро зери Гӯшаи «Хулосаи хабарҳои ҳафтагӣ» аз маҳаллоти мухталифи Самарқанд, Туркистон ва ҷаҳон ба табъ расонидааст, ки бо оҷилияти худ аз хабарҳои маҷалла тафовут дорад. Ҳамин тавр, аломатҳои зоҳирӣ ва ҳам махсусиятҳои ҷобаҷокунии матолиби фа рогири шумораҳо, муҳтавою мундариҷаи хабару мақолаҳои дорои хусусиятҳои фаврият, рӯзмаррагӣ, бештар ташвиқо тӣ, ба рӯзнома (газета) будани “Шуълаи инқилоб” далолат медиҳанд.

Қироншоҳ ШАРИФЗОДА, УСТОДИ ДМТ

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо