Фарёд ҳам кашидаву хомӯш ҳам шудем,
Аз хотири замона фаромӯш ҳам шудем.
Ширини ман, тазоди ҳаёт аст нӯшу неш,
Неши забон чашида, лаби нӯш ҳам шудем.
Гуфтушунид бо дигарон бенатиҷа буд,
Дилтанг аз забони тару гӯш ҳам шудем.
Бо хор зистем чу гулҳои настаран,
Захми гуноҳ хӯрда, гунаҳпӯш ҳам шудем.
Аввал зи фахр наъраи шерона доштем,
Охир зи тарс ларзаи харгӯш ҳам шудем.
Бар дӯши зиндагонии мо миннати Худост,
Бори гарон кашида, сабукдӯш ҳам шудем.
Чун гӯр ҷойи хоб барои ду кас надошт,
Охир ҷудо зи бистару оғӯш ҳам шудем.
***
Навҳаи об, ки дар шаршараҳо мемонад,
Мотами мост, ки дар хотираҳо мемонад.
Оҳу аз домани дашт оҳкашон мегузарад,
Ҳасрате дар дили оҳубараҳо мемонад.
Чун шавад баста дари дидаи во, мурғи нигоҳ
Ҳамчу маҳбуси паси панҷараҳо мемонад.
Ишқ, Ширини ман, аз домани ҷон мегирад,
Тан агарчанд таҳи мақбараҳо мемонад.
Лола ҳар сол ба ёди лаби мо механдад,
Рӯйи мо дар назари манзараҳо мемонад.
Ҳеч чизе нашавад маҳв пас аз маҳв шудан,
Хандаи кабк ба гӯши дараҳо мемонад.
Шопарак мешавад он рӯҳ, ки зебо бошад,
Рӯҳи бад дар бадани шабпараҳо мемонад.
***
Сарбаландӣ ҳаст фарзанди сапедори баланд,
Сарбаландонанд монанди сапедори баланд.
Аз табори сарбаландон аст Ширинҷони ман,
Ӯст хешованду пайванди сапедори баланд.
Чашмзахме нест чун дар чашми зебочашмҳо,
Мехурад испанд савганди сапедори баланд.
Эй ниҳоле, ки намедонӣ давоми умр чист,
Бош дар ин боғ ҳамванди сапедори баланд.
Сархамӣ меорадат андарзи беди сарбазер,
Аз сарафрозон шунав панди сапедори баланд.
Сарфарозӣ кори инсонҳои олиҳиммат аст,
Нест муште хас ҳамонанди сапедори баланд.
Ҳар уқобе, ки ба сӯйи авҷи гардун пар кашад,
Ҳаст шогирди шарафманди сапедори баланд.
***
Мардуми чашми ту беқадр кунад олуро,
Лаби ту паст занад маззаи шафтолуро.
Гар ба ташбеҳ бигӯям, ки ту оҳучашмӣ,
Оҳуи чашми ту шарманда кунад оҳуро.
Абри абрӯи туро бинад агар абри баҳор,
То қиёмат нанамояд ба само абрӯро.
Ҳеч кас ёри Худо нест чу ту, Ширинҷон!
Ту ба “Ё Ишқ!” бадал кардаӣ он “Ё Ҳу”-ро.
Шеъри ман аз чамани ҳусни ту бӯе дорад,
Ранг аз рӯйи ту додам сухани хушбӯро.
Дар намозам ба забон номи туро мегирам,
Ошиқат кардаӣ ин шоири ширингӯро.
***
Дар пайи сели харобиовар дар Ҳирот
Дилам гирифт зи хашми баҳору боронаш,
Фиғон зи абри сиёҳу зи фикри вайронаш.
Дареғи мулки Ҳироти биҳиштманзари мо,
Ки шуд зи сели бало маҳв боғи Бағлонаш.
Ман аз навозиши борон чу боғ метарсам,
Чу дидаам, ки чиҳо кард сели исёнаш.
Маро муҳосира кардаст оби девона,
Ману ҷазираи фарёду… ашку тӯфонаш.
Барои ин ҳама офат, ки мерасад зи қазо,
Киро, бигӯй, бигирам ман аз гиребонаш?
Ғам аст фалсафаи ин чакома, Ширинҷон!
Ки ашки ҳасрати мардум намуда гирёнаш.
Хазон беҳ аст, азизам, агар баҳори Худо
Бувад идомаи хунсардии зимистонаш.
РАМЗОШНОИ ЛУҒОТИ ИШОРАҲО
Ширини ман!
Боз омадам
аз ҷангали гунги руъёҳо
бо ривоятҳои мубҳами ҷангалӣ…
Медонам, ки медонӣ:
Ман расули рустаниҳои гунг,
Қосиди паёмҳои сабзи дарахтҳо,
Тарҷумони забони лоли рангҳо,
Муфассири сураҳои абр ва ояҳои боронам…
Мепурсӣ:
Рустаниҳо чиҳо гуфтанд?
– Ҷоно, рустаниҳо, паём доданд
дар ду вожа:
“Шукуфтану Пажмурдан”
– Дарахтҳо чӣ?
– Ҷоно, дарахтҳо ҳам дуто гап заданд:
“Баҳору Хазон”
Ширини ман, Ширин!
– Чаро намепурсӣ паёми рангҳоро?
– Шоири ман!
Медонам охир, медонам, ки хоҳӣ гуфт:
Аз рангҳо дуто ҳарф шунидам:
– “Сапеду Сиёҳ”
Ширини ман, Ширин!
Чӣ қадр осон аст гуфтугӯ бо ту,
чун забоншиноси забони истораҳоӣ,
Рамзошнои луғоти ишораҳоӣ.
Медонам, ки медонӣ
тафсири сураҳои абр ва ояҳои боронро.
ОБУ САРОБИ ИШҚ
Оҳ, Ширинҷон!
Вақте
баҳои нозу адои Лайлиҳои мудерн
гаронтар шуд аз нархи ҷон,
Фирор карданд
Маҷнунҳои тафаккурашон клоссик
ба саҳроҳои бекасӣ
ва тан доданд ба танҳоӣ…
Оҳ, Ширинҷон!
Он ошиқони ҳанӯз ба Ишқ муътақид
Имрӯзи худро сӯхтанд
ба хотири Фардои номаълум,
ба умеди нозанинони биҳишти мавъуд…
Шояд
ҳури биҳишт зеботар аз Лайлист,
аммо
ҳаргиз барои Маҷнун худӣ нест
монанди Ҳавво,
ки сабзида буд ниҳоли қоматаш
аз қаламчаи устухони Одам…
Абдуҷаббори СУРУШ