Ба баҳонаи 80-умин солгарди таваллуди Ҳабибуллоҳ Файзуллоҳ бузургдошти ин шоири номошнои тоҷик дар Қасри фарҳанги ноҳияи Ховалинг баргузор шуд.
Ин рухдод, ки рӯзи 21-уми июн аз сӯйи Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон созмон дода шуд, чомагӯёну чонанависҳо, хунёгарон ва расонанигорҳоро ба ҳам овард.
Суханронҳо бар вижагиҳои шахсиятию ҳунарии Ҳабибуллоҳ Файзуллоҳ ишора карда, варо шоири боистеъдод, ҳадафманду хостабирас ва меҳмондӯст хонданд.
Дар умри кӯтаҳ зуд ном ёфт
Низом Қосим, сардори Иттиҳодияи нависандагон гуфт, Ҳабибуллоҳ Файзуллоҳ дар замоне вориди адабиёт шуд, ки Муъмин Қаноат, Аминҷон Шукӯҳӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев ва Ғаффор Мирзо дар майдони адабиёт суханпардозӣ мекарданд. Аз ин рӯ пайдо кардани ҷойгоҳ дар ин фазо чандон осон набуд, аммо Ҳабибуллоҳ Файзуллоҳ ба зудӣ ном ёфт.
Ба андешаи Низом Қосим, шеъри Ҳабибуллоҳ Файзуллоҳ аз чор вижагӣ– мушаххасгӯйӣ, рӯҳ, тасвир ва пайвандӣ бо табиат бархурдор аст.
Ӯ дар идомаи суханронияш аз шоири хушном ба унвони шиносонандаи меҳан ёдоварӣ кард. Ба гуфтаи Низом Қосим, Ҳабибуллоҳ Файзуллоҳ зодбумашро бо ду равиш – ашки хома ва меҳмоннавозӣ мешиносонд: “Ӯ устод Сотим Улуғзодаро ба ноҳияи Восеъ овард, ки ангеза барои навиштани достони бузурги «Восеъ» шуд. Ҳамчунин устод Ҷалол Икромӣ ва даҳҳо шоиру нависандаи саршиноси тоҷикро ба ин сарзамин овард. Афзун бар ин Ҳабибуллоҳ Файзуллоҳ шеъри моро то Маскав бурд.»
Сарвари созмони адибон бо ишора ба ҷӯрамаргии ин шоир таъкид кард, ки чунин сарнавишт дар адабиёти форсии тоҷикӣ одӣ аст: “Дақиқӣ гуфта, «Чу гул бошам кӯтаҳзиндагонӣ». Ҳайрат 24 сол зиндагонӣ кард, Пайрав 34 сол ва Ҳабиб Юсуфӣ 29 сол умр диданд. Адабиёти мо аз чеҳраҳои камумр зиёд дорад, аммо на ҳама монанди Ҳабибуллоҳ Файзуллоҳ аз худ меросе гузошта тавонист”.
Кори сода набуд
Дар идома Адолати Мирзо, расонанигори номдор ва яке аз пайвандони Ҳабибуллоҳ Файзуллоҳ бар дастовардҳои эҷодӣ ва шахсии ин шоир таъкид кард.
Вай аз ҷумла гуфт, Ҳабибуллоҳ Файзуллоҳ дар 22-солагӣ ҳамванди Иттиҳодияи адибони Шӯравӣ гардид ва ҳамин тавр ҷавонтарин узви ин созмон гашт, ки ин кори сода набуд.
Шиносаи шахсият ва ашъори шоир
Ба назари Адолати Мирзо, Ҳабибулло Файзулло танҳо шоир набуд, балки тарҷумони боистеъдод ва пайвандсози адабиёти шӯравӣ шумурда мешуд.
Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад ба ёди рӯзгори ҷавонии дӯсташ рафта, дар бораи ҳамзистии худ бо Ҳабибуллоҳ Файзуллоҳ нақл кард.
Ӯ дар ин маросим китоби «Дӯстон, ёди шумо базм марост»-ро, ки тоза ба зевари табъ ороста шудааст, муаррифӣ кард. Ба қавли вай, дар ин китоб ёддоштҳои ёру дӯстон андар боби шахсият ва ашъори Ҳабибуллоҳ Файзуллоҳ падид омадааст, ки барои шинохти симо ва эҷоди вай ёрмандӣ мекунад.
Ҳамчунин дар маҳфили бузургдошти Ҳабибуллоҳ Файзуллоҳ ду тан чеҳраи баном Марям Исоева ва Аскар Ҳаким ва ҳамзамон адабпажӯҳ Субҳон Аъзамзод сухан ронданд.
Гузашта аз ин дар ин маҳфили адабӣ таронаҳое, ки бар пояи ашъори Ҳабибуллоҳ Файзуллоҳ сохта шудаанд, суруда шуд.
Зиндагинома
Ҳабибуллоҳ Фазуллоҳ 15-уми марти соли 1945 дар деҳаи Ховалинги ноҳияи Восеъ чашм ба олами ҳастӣ гушуда, дастпарвари Донишсарои Душанбе ва Донишгоҳи адабии Максим Горкии Маскав мебошад.
Ӯ дар рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Вечерний Душанбе» ва «Маориф ва маданият» ба унвони ходими адабӣ ва виростор кор карда, ходими Доиратулмаорифи шӯравии Тоҷикистон ва дастандаркори Шурои тарғиби адабиёти Иттиҳодияи нависандагон буд.
Нахустин чакидаҳои ашъори Ҳабибуллоҳ Файзуллоҳ аз даҳаи шашуми садаи бист чоп гашта, бештарини онҳо дар дафтарҳои шеъри “Қатраи борон” (1966), “Дунёи ҷавонӣ” (1971), “Рози дарё” (1974), “Дидори орзуҳо” (1979), “Обшори офтоб” (1981), “Яблонка” (1972), “Чилчанор” (1982), “Боль” (1990) ва “Зи нав зинда шавем…” (1995) гирдоварӣ шудааст.
Ӯ ба унвони тарҷумони асарҳои адибони саршиноси ҷаҳонӣ “Медея”-и Еврипид, “Се хоҳарон”-и Антон Чехов ва чандин шеъри Александр Пушкин, Николай Некрасов, Михаил Лермонтов, Владимир Маяковский ва дигаронро ба забони форсии тоҷикӣ баргардон кардааст.
Ҳабибуллоҳ Файзуллоҳ 8-уми июни соли 1980 дар асари тасодуфи ронандагӣ ғӯрамарг шуд ва пайкараш дар Ховалинг хоксупорӣ гардид.