22.4 C
Душанбе

Ширкати синемосозони 20 кишвари ҷаҳон дар «Тоҷи Сомон»

Дар Дувумин давраи ҷоизаи байналмилалии филмҳои Душанбе — «Тоҷи Сомон», ки аз 15 то 20-уми октябр дар пойтахти Тоҷикистон барпо мегардад, синемосозон аз 20 кишвари дунё ҳузур пайдо мекунанд.

Тибқи иттилоъи «Тоҷикфилм», дар чаҳорчӯби ин ҷашвора баргузории Рӯзҳои синемои Русия, Эрон, Ҳиндустон, Қирғизистон ва Туркманистон дар Тоҷикистон барномарезӣ шудааст. Дар баробари ин қарор аст, нишасти Шӯрои мудирони ширкатҳои филмсозӣ, муаррифии лоиҳаҳои синемоӣ, дарси «Устод ва шогирд» ва ҳамоиши байналмилалӣ ба муносибати 60-умин солгарди таваллуди Бахтиёр Худойназаров, коргардони саршинос ва барандаи Ҷоизаи Рӯдакӣ баргузор гардад.

Таъкид мегардад, ки дар ҷашнвораи «Тоҷи Сомон» аслан филмҳои ҳунарии дароз ва кӯтоҳ пазируфта мешавад. Интихоб ва пешниҳоди онҳо аз сӯйи доварон тибқи низомнома сурат мегирад.

Ин манбаъ меафзояд, ки бештарини кишварҳо филмҳои худро пешниҳод кардаанд ва интихоби ниҳоӣ то 15-уми сентябр идома менамояд.

Гуфтанист, Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Душанбе – «Тоҷи Сомон» дар ду сол як бор баргузор мегардад, ки давраи нахустинаш соли 2023 барпой шуда буд.

Ҳадаф аз баргузории ин ҷашнвора пуштибонии ҷавонони эҷодкор, табодули таҷриба ва таҳкиму тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи синемо унвон мешавад.

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо