– Ту ин шаҳзодека гандаодат кардаӣ!
Махиничеви нозир чунин гуфт ва ба зиндоние ишора бурд, ки нав ба кафаш як мушт тамоку рехта будаму аз мо дур мешуд.
Ман шигифтзада пурсидам:
– Кадом шаҳзода? Шӯхӣ мекунӣ?
Махиничев афзуд:
– Рост мегӯям, вай шаҳзода аст. Дар парвандааш навиштагӣ. Аммо аз шаҳзодекои к…сиёҳ. Аз кимкадом чучмакҳо… Вале орому пурбардор, то ин ҷо овозаш набаромад, аз миёни зиндониҳои ниммурда берун наомад.
Ин бандиро ман хуб мешинохтам. Вай аз шумори шарқиҳо буд. Ин гуна зодагони Эрону дигар кишварҳои ун обрав дар урдугоҳи мо зиёд буданд. Дар фазову ҳавои бегонаву сангини шимолӣ марги онҳо зуд фаро мерасид. Беморхона пур аз чунин зиндониёни нимаҷон буд. Инак, дар оғози тобистони кӯтоҳи шимолӣ инҳо чун магасҳои аз замистон расида ҷойҳои гармтаре меёфтанд ва аз офтобхез то офтобшин сари по нишаставу устухонҳои сардашона гарм мекарданд.
Аммо бандие, ки ман ба ӯ дилсӯзӣ мекардам, бо рафтори хоси худаш аз онҳо ҷудо мешуд. Ӯ низ чун ҳамаи шарқиҳо ҷандапӯш буд; урдугоҳ, ки аз инҳо суде намебурд, барояшон сарулибосе намедод. Шаҳзода чеҳраи гандумгуну чашмони зебои маҳзун дошт ва пайдо буд, ки беш аз чил сол надошт.
Ӯ барои он маро ҷалб мекард, ки хеҷ гоҳ аз ҳеч кас тамоку ё сигор намепурсид. Тамоку дар урудугоҳ моли сахт ноёб аст ва арзиши бештаре аз ҳар гуна пӯшиданиву нӯшиданӣ дорад. Ин ҷо назди сигорбарлабе омадану «як дуд гирам» гуфтан пастӣ нест. Чунин хоҳишро танҳо нокас метавонад рад кунад. Ҳеч яке ин ҷо сигорашро худ то ба охир намекашад, ногузир бо дигарҳо бахш мекунад. Шағолони урудугоҳ сигориро як чашмзад танҳо намегузоранд, побапош мегарданд ва зорӣ мекунанд: «як дуд гирам», «даҳтоша мон…» Яъне даҳ аз сади сигорро монад ё як каши охирро ба ӯ диҳад. Барои зиндонии зори сигор ҳамин як дуд бас аст. Ӯ таҳсигори ифлоси обидаҳонолударо боэҳтиёт мегираду ба нӯки чингае, ки ҳамеша ҳамроҳаш аст, мехалонад, сипас то даме ки охирин зарраи тамоку дар пораи рӯзномаи тар месӯзад, бо ҳама неруи шуши ожангзадааш дудро жарф–жарф фурӯ мекашад. Мавҷи ширину мадҳушкунандае ӯро мепечад, ки сараш вазнин мешаваду зонуҳояш хам мехӯранд ва ӯ зуд ба замин менишинад. Ман то он гоҳ надида будаму пас аз ин низ надидам, ки дуди тамоку касро ба чунин ҳоле оварад. Инро ман дар ҷону тани худам низ санҷидаам.
Маҳбусе, ки Махиничев «шаҳзода» мегуфт, ҳеч гоҳ чунин кореро намекард. Аз нигоҳаш вале хонда мешуд, ки чӣ гуна ташнаи дуди сигор буду ранҷ мебурд. Гоҳе медидам, ки касе агар дар наздикиҳояш сигор мекашид, ӯ, пиндорӣ онро медуздид, ки пинҳонӣ дуди дар ҳаворо медошту зуд фурӯ мебурд. Мушоҳидаи одами гурусна дардовар аст, дидани ташнаи дуди тамоку дардовартар. Рӯзҳое, ки аз хона амонат мегирифтам, ба ин бандии сахт боадаб як сигор ё андаке тамоку медодам. Ва (хеле шигифтангез аст) ба душвор ӯро ба гирифтани тамоку розӣ мекардам. Ӯ шахси бофарҳанге буд, ба забони русӣ хуб гап мезад. Боре, чун натавонист вожаи лозимро ёбад, аз ман пурсид, ки забони инглисиро медонам ё не. Ман ӯро гоҳе узви комментерну гоҳе савдогари сарватманду гоҳе гумоштаи «Интеллиҷенс сервис» мепиндоштам… Вале ин ҷо пурсидан аз ин гуна чизҳо расм нест. Ҳангоме ки унс гирифтем, суҳбатҳомон дӯстонаву озод шуданд.
Боре ман натвонистам неруи кунҷковиро фурӯ нишонам ва он дам, ки дар нимкат нишаста будему сигор мекашидем, нарм аз таҳи дилаш даромадам ва гираҳи забонашро кушодам. Ин кор осон даст дод. Шояд ситораҳомон рост омада буд ва ё ӯ ба рехтани зардоби дилаш ниёз дошт.
Зиндагии ин мард, ба ростӣ, ғайриодӣ буд ва достони чӣ гуна ба ҷангалистони Комизирянск афтоданаш бо шигифтиҳое ки ба ҳар кадоми мо рух медод, қиёс намешуд.
…Ӯ шаҳзода буд! Шаҳзодаи ростин. Албатта, аз Бурбонҳову Гогенсоллерҳову Ганноверҳо не, ҳамон гуна ки нозир гуфта буд, аз «чучмакҳо»… Вай шаҳзодаи афғонистонӣ буд. Амубачаи шоҳи машҳури ин кишвар Амонуллохон. Ман достони ин «Пётри Кабир»-и афғонистониро хуб медонам, чеҳраашро низ дар ёд дорам. Ӯ аз нахустин шоҳоне буд, ки дар роҳи сафараш ба Урупо ба Шӯравӣ низ омада буд. Шоҳи зинда барои комсомолони маскавӣ аз шумори диданиҳои аҷибғарибе буд, ки мо барои ба он расидан бо шавқу шӯр ба мавзеи каронаи София, ба назди кӯшки пуршукӯҳе меомадем, ки инак сафоратхонаи Инглистон асту он рӯзҳо шоҳу шаҳбону савори «Ролс-Ройс» аз дарвозааш мебаромаданд.
Амоннулохон ба шеваи Пётр нуфузи феодалҳои калону диндорони мутаассибро дар кишвараш маҳдуд кард, назму низоми ғарбӣ овард, сипас бо гурӯҳи андаки зиёиён ба бозӣ даромад. Хешовандонашро хориҷа ба хондан фиристод; зиндонии ошнои ман яке аз коллеҷҳои номдори Оксфордро хатм кард, ба ватан баргашт, зан гирифт ва дар Ҳирот, он ҷо ки мулкҳои асосӣ ва кӯшкҳояш буданд (ҳамон кӯшкҳои шарқӣ, ки мо васфашонро дар адабиёти ҷаҳон медидем), зиндагӣ оғоз кард.
Замоне ки Бачаи Саққо дар Афғонистон исён овард, вай дар ҳамон ҷо буд. Шӯриш, мегуфтанд бо ёрии инглисҳо роҳандозӣ шуда буд ва дар он қабилаҳое низ, ки муллоҳо барангезонида будандашон, иштирок карданд. Дар оғоз исён даст дод, Бачаи Саққо бахши марказии кишварро бо Кобул ба даст овард. Хонадони шоҳ аз бими марг ба хориҷа фирор кард, бисёре аз онҳо ба Ҳинд омаданд. Наздикони шаҳзода, ки дар Кобул ба сар мебурданд, низ ба он ҷо рафтанд.
Дӯсти ман натавонист ба онҳо пайвандад, маркази кишвар дар дасти шӯришиён буд. Вай имкони танҳо аз роҳи Ҳирот ба Русияи шӯравӣ рафтанро дошт. Дар шӯравӣ шаҳзодаеро, ки хонадонаш бо ҳукумати инҳо бозиҳоеро роҳ андохта буд, бо шукӯҳ пешвоз гирифтанд. Ӯро ба Тошканд оварданд, кӯшки зебоеро бо хидматгорони зиёд дар ихтиёраш гузоштанд ва ӯ, чун шаҳзодаи дар афсона, ба зиндагиаш идома дод. Гузашта аз ин, ӯ чун ҳама шаҳзодаҳои берун аз афсона дар бонкҳои ғарбӣ пули бисёре ҳам дошт.
Шояд ӯ ин гуна то расидани фурсати соз осуда ба сар мебурд, агар нохоста ба зиндагиаш ҳастаи вежаи ҳар афсона-ишқ ворид намешуд. Аз сарнавишт ҷойи гурез нест; шаҳзода ошиқ шуд. Мабҳаси ишқи пуршӯри вай зани зебои рус, ҳамсари як ҳисобдоре буд. Фоҷиа ин ҷост аммо, ки ҳатто дар даврони сотсиализми воқеӣ низ шаҳзода метавонад зани ҳисобдореро осон аз ӯ бибарад. Ин низ чунин кард. Зан ҳисобдори бечораву аламзадаро гузошту ба кӯшк омад ва чун дар афсонаҳо зиндагӣ сар кард.
Шаҳзода ончунон дар оташи ишқ фурӯ рафтаву сӯхта буд, ки ба гӯшаи хаёл намеовард дар ватанаш чӣ мерафт. Он ҷо тозубозҳо ба охир мерасиданд. Зери бори рухдодҳо Амонуллохон даст аз тахт бардошт ва ба ҷои ӯ амуи сангдилу хашмиаш Нодиршоҳ тоҷ бар сар ниҳод. Шоҳи нав ниме аз ислоҳоти додарзодаи камхирадро рад кард, бо заминдорону рӯҳониён забон ёфт, ба инглисиҳо чизе ваъда дод, пас аз ин ба кори шӯришиён пардохт; Бачаи Саққоро дор кашид ва ниҳоят тартибу низомро побарҷо гардонид. Шаҳзодаву шаҳбонуҳои фирорӣ бозпас ба коху кӯшкҳои андаке ғоратшудаашон баргаштанд.
Ошнои ман низ бояд ба Афғонистон бармегашт. Оре, бояд бармегашт, вале барнагашт… Ӯ наметавонист маъшуқаи зеборо ҳамроҳ бибарад; дар ватан зану фарзанд дошту тарки ишқ берун аз нерӯю тавонаш буд. Ва ӯ чашмбароҳи муъҷизае ҳалли ин мушкилро ба дуртару дуртар мебурд. Аммо интизорӣ рӯз то рӯз душвортару душвортар меомад. Рӯзномаҳои афғонистонӣ ӯро барои зану фарзандро гузоштану дар кишвари болшевикҳо бо кофарзане зиндагӣ кардан, ба бадахлоқии гӯшношунид гунаҳкор мекарданд. Подшоҳи нав ба шаҳзода амр кард, ки ба худсарии дарозу бемаъниаш хотима диҳад ва ба зиндагии якрангу дилгири шоҳона баргардад. Ин гуна ҳушдор аз пайи ҳушдор меомад…
Пас аз ин шаҳзода коре кард, ки танҳо шаҳзодаҳои дар афсонаҳо метавонанд кунанд: ӯ аз ҳама чиз даст кашид ва гуфт, ки то поёни умр ҳамроҳи зани дӯстдоштааш дар Тошканд мемонад. Вале ба зудӣ ошкор гашт, ки зиндагӣ ба ҳеч рӯ наметавонад ба афсона монад; шоҳи дуруштхӯву дуруштгӯ қонунеро дар порлумон ба тасвиб расонид, ки бар асоси он шаҳзодаи сармасти ишқ аз тамоми имтиёзҳо, молумулк, хонадон ва ҳатто шаҳрвандии Афғонистон маҳрум гардид. Ва бадтар аз ин, тамоми пулҳои ӯро дар бонкҳои кишварҳои Ғарб мусодира кард…
Интиқоми ишқ зуд фаро расид. Шаҳзодаро аз кӯшки олишон берун андохтанд ва маъшуқа бидуни андеша ба назди ҳисобдори сабуру чашмбароҳ баргашт. Дунболи ин шаҳзодаи бекасу бепулро ба «марзшиканӣ» гунаҳкору барои ҳашт сол роҳии зиндон карданд ва ба урдугоҳи мо фиристоданд… Ва он гуна ки Вертинский мегӯяд: «Афсона низ ба поён омад…»
…Мо то дер дар назди гармобаи куҳна нишаста сигор кашидем. Шаҳзода, шояд барои он ки саргузашти талхашро ба бегонае гуфта буд, нороҳат шуд. Ранги рӯйи гандумгунаш, ки бо чирк ва дудаи гулханҳои ҳамешагии урдугоҳ пӯшида буд, беш аз ҳарвақта канд. Вай нигоҳи ногаҳи маро, ки ба болопӯши инглисии каркзадаву фасурдаву даридаву аз рӯ бо ресмон басташудааш дӯхташуда буд, дошт, як он хомӯш истод ва саранҷом гуфт:
– Ман андешаи шуморо дарёфтам ва сипосгузорам, ки одоб кардеду ба забон наовардедаш. Вале ман ҳоли имрӯзамро хуб медонам ва боз медонам, ки зиндагиам низ ба поён омадааст, барои ҳамин, самимона мегӯям, ки аз карда заррае пушаймон нестам! Ман бо он зан то ҷое хушбахт будам, он гуна ғайриодиву ақлногир хушбахт будам, ки баҳои ба ун ишқ додаамро ҳечу ночиз медонам… Ин гуна хушбахтӣ нарх надорад!..
Ошноии ман бо шаҳзода тобистони ноороми соли чилу якум иттифоқ афтода буд. Мо бо беқарорӣ рафти ҷангро дар Ғарбу Балкан дунбол мегирифтем, нақшаи задухӯрдҳоро мекашидем, сари чи гуна сурат бастани онҳо баҳс ҳам мекардем. Аммо ҳангоми ин гуфтугӯҳо низ достони ишқи бемонанди фоҷиадору ғамбори шоҳзода як дам аз ёди ман намерафт. Ва ҳамеша дилам мехост ӯро аз нав бозпурсиву бозҷӯӣ кунам ва бифаҳмам ун зани тошкандӣ чи чизе дошт, ки ангеза ба зодани чунин ишқи сӯзону ҷонфидоии гӯшношуниду бемонанд шуда буд.
Ин кор аммо даст надод. Ҷанг ин пурсиш ва пурсишҳои зиёди дигареро ҳамроҳи қаҳрамони ин афсонаи шӯрангезу ғамрез аз миён бурд. Дар рӯзҳои нахусти ҷанг хориҷиҳоро аз ҳамаи урдугоҳҳо гирд оварданд ва рӯзе ба кадом урдугоҳи дурдасте бурданд. Шаҳзодаи ман низ ҳамроҳи онҳо рафт.
Аз сарнавишити пасини ӯ чизе намедонам. Шояд ӯ он ҷо мурд ё шояд зинда монду ба ватан бозоварда шуд ва амакбачааш саранҷом ӯро бахшид. Ҷо дорад, ки инак пир шудаасту ҳамроҳи фарзандону наберагон дар яке аз кӯшкҳояш дар Ҳирот зиндагӣ мекунад ва ишқи нотамому бадфарҷоми худро дар гӯшаи дастнорасу торики дилаш пинҳон кардааст? Ё шояд зери бори дидаҳои дигару ишқҳои дигар онро аз ёд бурдааст?.. Шояд. Аммо ман ин достонро ҳеч гоҳ фаромӯш намекунам ва онро, бо шигифтиву мафтуниву эҳтироми жарф ба ин эҳсоси осмонӣ, зудбазуд ба дӯстонам қисса мекунам. Ва пеши худ мегӯям: «Афсона гоҳе ба ҳақиқат бадал мешавад!»
Лев РАЗГОН (Русия)
Тарҷумаи Юнус ЮСУФӢ