24.6 C
Душанбе

Сатрҳои меҳрбори дӯстӣ

Ин рӯзҳо рӯзи даргузашти устод Гулназар Келдӣ, шоири саршинос ва сарояндаи Суруди миллии Тоҷикистон аст, ки дар 75-солагӣ ҷон ба Ҷонофарин супурд. Ӯ муаллифи беш аз 20 дафтари шеър буда, ба андешаи суханшиносон, шеъраш чун худи Гулназар сода ва самимӣ аст. Вай дар баробари ин шоирӣ ба пажӯҳиши рӯзгор ва корномаи устодон Лоиқ Шералӣ ва Қутбӣ Киром пардохтааст.

Ба муносибати рӯзи ёдбуди устод Гулназар мақолаи Толиби Луқмонро, ки чанд сол пеш дар ҳошияи чопи китоби “Ёди Гулназар”-и Абдулҳамид Самад ёддошт шудааст, пешкаши хонандагон мегардонем.

Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Абдулаҳамид Самад боз бо як китоби пурмағзу хондании хеш моро шод кард. Ин китоби ба ҳаҷм кӯчаку ба маъно бузург «Ёди Гулназар» ном дорад ва ёдномаҳои нависандаи маъруфамонро аз дӯстиҳову ҳамнишиниҳои тӯлонӣ бо шоири зиндаёд устод Гулназар дар бар гирифтааст.

Хондани ёддоштҳо, бавижа агар онро қаламкаши пуртаҷриба навишта бошад, лаззату кайфияти аҷибе дорад ва аз сафҳа-сафҳаи он як олам сабақ метавон гирифт. «Ёди Гулназар»-и устод Абдулҳамид Самад низ аз ҳамин қабил асарҳост ва мисли осори бадеъии дигари ӯ бо сабки дилнишин ба қалам омадааст.

Аз мутолиаи китоб ба хубӣ дармеёбем, ки нависанда бо устод Гулназар дӯстии дерина доштааст, рӯзгори қаҳрамони худро аз бомдоди умр то дами вопасинаш нағз медонад ва аз осори фарохдомани ӯ огаҳии комил дорад. Аз ин ҷост, ки ҳар лавҳаву манзараи дар китоб тасвиршуда зиндаву равшан ва эътимодбахш буда, симои шоирро ба таври комил пеши чашми хонанда муҷассам мекунанд. Ҷузъиёти баъзан риққатовар, баъзан зарофатдору пурнамак ва дар маҷмуъ омӯзандаи рӯзгори шоири равоншод, ки аз ҷониби нависанда устокорона тасвир шудаанд, ба якдигар таносуби маҳкам доранд ва дар як якпорчагӣ хусусиятҳои инсониву эҷодии устод Гулназарро равшан намоён мекунанд.

Саҳифаҳои оғозини китобро бе оби дида намешавад хонд. Нависанда рӯзҳои охири умри шоирро дардноку андӯҳбор тасвир намуда, аз рафтани дӯсти дерину қаринаш оҳи ҷигарсӯз кашидааст. Дарвоқеъ он рӯзҳо (соли 2020), ки вируси Ковид-19 дар саросари дунё бедодгарӣ мекард, тиратарин рӯзҳои умри башар буданд. Ин вабои вогир чандин адиби маҳбуби моро низ ба бистари хок кашонд ва аҳли адабро дар сӯгу мотам нишонд. Устод Гулназар низ аз зумраи қурбониёни ҳамин беморӣ буд. Нависандаи китоби мазкур садоқатмандона гуфтааст, ки «ҳусни дӯстии мо аз имтиҳони сахттарин рӯзу воқеаҳои бар сари давлату миллатамон омада гузашту устувор монд». Аз даст додани чунин дӯсту бародар барои нависанда, албатта, дарди сахтест ва осори ин дардро дар китоби мавриди назар равшан мебинему мехонем. 

Муаллиф пас аз иншои сӯгнома, ки дар оғози китоб омадааст, ба нақлу тасвири воқеаҳо ва лавҳаҳои марбут ба рӯзгори устод Гулназар пардохта, зимнан андешаҳояшро дар бораи вижагиҳои осори шоир ва арзиши бадеъии онҳо баён доштааст. Яъне ин китоб танҳо аз нақлу лавҳаву воқеа иборат нест, балки як навъ арёзбӣ ва баҳогузории муаллифи фарохназар ба эҷодиёти гуногунҷанбаи шоир низ мебошад.

Дар саҳифаҳои китоб манзараи зодгоҳи шоир, оғозгоҳу парвозгоҳи ӯ, муҳити хонавода ва фазои рустои Дардар хеле хондавниву диданӣ тасвир шудаанд. Нависанда моро бо чунин тасвирҳо ба сайри зодгоҳи шоир мебарад ва мо кӯчаву паскӯчаҳои кӯдакии устод Гулназарро қадам-қадам мурур мекунем ва дармеёбем, ки дарахти тановари ашъори шоир дар ҳамин хок реша доштааст. Муносибати самимонаи рустоиён, меҳмоннавозӣ ва дастархондорӣ, ки хоси тамоми кӯҳистониён аст, бо лавҳаҳои ҷолибу баёдмонданӣ ба қалам дода шудааст. 

Дар ҷараёни нақли воқеаҳои вобаста ба ҳаёти адиб муаллиф фазои адабии солҳои 70, 80 ва 90-и қарни гузаштаро тасвир кардааст ва зимни мутолиаи онҳо хонанда аз муҳити адабии ҳамон солҳо, аз дӯстиҳои адибон, нишастҳову сафарҳо ва дигар воқеаҳои муҳим огоҳ мешавад. Аз ин ҷиҳат низ китоб аҳамияти махсус дорад.

Тавре ки болотар ишора шуд, дар китоб андешаҳои муаллиф роҷеъ ба адабиёти муосир, хусусан шеърҳои солҳои шастуму ҳафтодум ва навовариҳое, ки аз сӯйи шоирони пештозамон ба адабиёт ворид шуданд, баён гардидаанд, ки омӯзандаву судманданд. Дар баробари ин дар ҷо-ҷои китоб ба баъзе зуҳуроти манфие, ки фазои адабиро ғуборолуд мекунанд, ишора шудааст. Муаллиф фориғболӣ, коҳилӣ, воситабозӣ ва саҳлангориро бо овардани баъзе мисолҳои муассир накӯҳиш намудааст, ки барои адибони ҷавон хеле муфид аст. Мақсуд аз матраҳ кардани чунин масъалаҳо аз тарафи муаллиф заҳматкашӣ ва ҷӯёиву пӯёии устод Гулназарро нишон додан ва бесамар будани талошҳои «тайёрхӯрон»-ро нишон додан будааст.

Аз ҷумла, вақте ки сухан аз заҳмати эҷодӣ ва навоварӣ меравад, устод Абдулҳамид Самад масъалаи аз ҷӯйи кандаи дигарон об хӯрдани баъзе шоиронро ба миён мегузорад ва дар ин маврид ибораи зебову рамзноки «човандози сари бора»-ро аз забони кӯҳистониён истифода мекунад. Шарҳи ҳамин ибора аз ҷониби нависанда хеле омӯзандаву ҳушдордиҳанда аст, он ҷо, ки аз забони устод Гулназар мегӯяд: «Ман бисёр таркибу ибораҳои Лоиқу Бозор Собирро дар шеъри шоирони дигар дидаам. Ин ишораи эродомези Гулназар як таъбири нешу киноядори кӯҳистониёнро ба ёдам овард: «Човандози сари бора». Ин таъбири мардум аз мушоҳида баромад. Гап сари он аст, ки айёми сардӣ дар кӯҳистон бузкашӣ зиёд барпо мегардаду аз дуру наздик човандозҳои машҳур ба аспҳои ҷавмасту бодпо ва тамошогарони ҷазмӣ ба ин ҳамоишҳо меоянд. Бузкашӣ талошу муборизаи тезутунд ва бемуросост. Дар ин гирудори кандану афкандан хотирбинӣ ё гузашт фаромӯш мешавад. Ҷонкоҳонӣ, панҷаву бозуи бақуввати човандоз, неру ва пойдорӣ, дави афсонавии асп омили пирӯзӣ мешавад. Саҳнаи назаррабо ва пуршиддат тамошобинони пурҳаёҳуро сеҳр мекунад. Баногоҳ човандозе таҳамтану моҳир бо ҷонкоҳонии беандоза бузро аз панҷаи рақибон канда, бо илоҷе аспи дар обу арақ тарашро аз байни анбӯҳи ҷонварони девзод мебарорад ва сӯйи ҳалолҷо метозонад. Ана дар ҳамин лаҳза «човандози сари бора» аспи дамҳоташро маҳмез задаву чорнаъл тозонда, ба аспи човандози бо азобу азият аз байни анбӯҳи аспҳои бузкашҳо раҳида мерасад ва бузро осонакак мисли роҳзан ё ғоратгари беимон аз дасти ӯ рабуда, бурда ба ҳалолҷо мепартояд. Ва аз ин ғалаба шоду мамнун, дасти тозиёнадор болои сар алвонҷдиҳон аспашро маҳмеззанон дар майдон худнамоёна метозонад. Тамошгарони баимон аз ин ҳолат асабиву ҳайрон, норозиёна «боз ҳаромӣ, номардӣ кард. Ҳисоб не» фарёд мезананд. Ҷонибдоронаш кафкӯбон боло-боло ҷаҳида, ҳангома барпо мекунанд: «Офарин! Ҳалол-ҳалол!» Доварони муросокор чашм ба кӯриву гӯш ба карӣ мезананд…» Чи мисоли ҳикматноку нишонрасе дар мавриди сирқат ва «луқмаи тайёр»-ро хӯрдани баъзе қаламбадастон! Дарвоқеъ, чунонки муаллиф баъди тасвири «корнамоии» «човандози сари бора» менависад, «ана ҳамин манзара ва муносибати ғосибона, мутаассифона, дар майдони адабиёт низ ҳукм меронад».

Манзури мо аз овардани мисоли боло ин аст, ки китоби «Ёди Гулназар»-и устод Абдулҳамид Самад аз нақлу воқеаҳои ҷузъию маҳдуд иборат нест, дар он ҳини тасвири симои инсониву эҷодии шоир, масъалаҳои муҳими адабиёт низ нозукбинона матраҳ шудаанд.

Муаллиф дар арзёбии осори устод Гулназар назари хоси худро дорад ва андешаҳое, ки дар бораи арзиши эҷодиёти дӯсти шоираш баён доштааст, ҳосили мушоҳидаҳои тӯлонӣ буда, дар кӯраи тафаккур пухтаву расидаанд. Бинобар ин эътимодбахшу воқеъбинонаанд. Ӯ адибро дар эҷоди шеър, ҳикоя, асарҳои намоишӣ, нақди адабӣ ва тарҷумаи бадеъӣ ҳунарманду чирадаст медонад. Аз ҷумла дар бораи китоби «Растохези сухан», ки мақолаву ёддоштҳои шоирро дар бар гирифтааст ва аз охирин китобҳояш мебошад, навиштааст: «…Китоби «Растохези сухан»-и Гулназар, ки аз мақолаҳои пурмуҳтаво перомуни эҷодиёти адибон, аз рӯзгори печида ва роҳи эҷоди суханварон фароҳам омадааст, арзишманду асту мақолаҳои «Вожаро бояд шуст», «Шеъри муҳоҷир», «Забони шеъри ҷавонон», «Ҳеҷ ягон вақт ту дил бастаӣ?», «Оинаи беғубори ман», «Сухани миллатсози Айнӣ» бо таҳлили жарф, андешаҳои тару тоза, ибрози назари дилсофона чун намунаҳои беҳтарини шеъри Гулназар арзиш доранд. Боиси таассуф аст, ки ин маҷмуаи мақолаҳои аз ҳар ҷиҳат омӯзандаву ибратбахш бо теъдоди хеле кам (200 нусха) дар шаҳри Хуҷанд нашр шуда, ягон-ягон то Душанбе расида. Ин китобро бояд дар пойтахт бо адади зиёд чоп кард, то устодону донишҷӯён ва адибони ҷавон аз он баҳравар гарданд».

Мо ҳам ба ин назарем, ки ин китоб бояд бо теъдоди зиёд нашр шавад ва натанҳо ин китоб, балки вақти он расидааст, то осори мунтахаби устод Гулназар дар чанд ҷилд ба табъ расад, то кори пажӯҳишгарон осон шавад ва ҳам хонандагон осонтар онро ба даст оваранд.

Дар охири китоб зери унвони «Меҳрномаи Гулназар» мактубҳо ва соядастҳои шоир ба устод Абдулҳамид Самад оварда шудааст, ки муҳаббати гарми ӯро ба дӯсташ ошкор мекунад. Дар сатр-сатри ин навиштаҳо самимияту садоқат мавҷ мезанад. 

Бояд гуфт, ки устод Абдулҳамид Самад солҳои охир бо эҷод ва чопи қиссаи мустанади «Шамъе афрӯзандаи чароғҳо» дар бораи ҳаёт ва сарнавишти ғамангези нависандаи ҷавонмарг Пӯлод Толис ва силсилаи ёддоштҳои арзишманди «Раҳоварди зиндагӣ» кори хеле муҳимро анҷом дод ва китоби «Ёди Гулназар» низ бо ҳамин равиш иншо шудааст. Эҳсос мешавад, ки адабиёти мо ба ҳамин гуна китобҳои ҷолибу шавқовар, ки зиндагинома ва саргузашту сарнавишти адибони маъруфамонро фарогир бошад, хеле ниёз дорад.

Чопи «Ёди Гулназар»-ро, ки саршор аз меҳру самимият ва нукоти пурарзишу омӯзанда аст, ба устоди гиромӣ Абдулҳамид Самад ва тамоми хонандагон муборакбод мегӯем.

Толиби ЛУҚМОН

мақолаи гузашта
мақолаи навбатӣ
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо