25.1 C
Душанбе

Сарнавишти эҷодии Тамара Абдушукурова

Рӯзи 8-уми июл қалби нозуки ходими намоёни давлатӣ ва арбоби барҷастаи ҳунари кишварамон Тамара Абдушукурова аз тапидан бозмонд. Ӯ дар доираҳои ҳунарӣ бештар ҳамчун омӯзгори барҷастаи театр ва ходими ҷамъиятӣ машҳур аст. Фаъолияти эҷодиашро Тамара Махсумовна ба ҳайси ҳунарпеша дар Театри мазҳакаи мусиқии Александр Сергеевич Пушкини шаҳри Хуҷанд, ки ба он ҷо тибқи тақсимот, баъди хатми мактаби олӣ омада буд, шуруъ намуд. Баъдан ӯ ифтихори ҳамкорӣ бо саромадони ҳунари театрии Тоҷикистонро дар Театри машҳури Абулқосим Лоҳутӣ дошт.

Ба шарофати таҷриба ва кор бо устодони ин театр М. Қосимов, А. Бурҳонов, С. Тӯйбоева, Т. Фозилова, Т. Ғаффорова, Е. Мителман ва Х. Майбалиев ӯ барои фаъолияти баъдии омӯзгорӣ ва сиёсӣ замина мегузорад. Дар ҳоле ки Т. Абдушукурова ҳунарпешаи машҳур буд, шуҳрати омӯзгори соҳаи театрро ба даст оварда, анъанаҳои пурифтихори мактаби К.С. Станиславскийро идома дода, як зумра шогирдони боистеъдодро тарбия намуд. Имрӯз номи онҳо дар доираҳои театрии ҷумҳурӣ маъруф мебошад. Бидуни таҷриба дар соҳаи ҳунар Т. Абдушкурова ба ҷодаи омӯзгорӣ намеомад ва бе таҷрибаи омӯзгорӣ ба сиёсати калон ҳам ворид намешуд.

Ташаккули шахсияти эҷодии Т. Абдушукурова

Намоишҳои дипломии хатмкунандагони студияи тоҷикии Донишгоҳи ҳунари театрии А. Луначарский (ГИТИС), ки дар миёнашон Т. Абдушукурова низ буд, аз ҷумла “Шоҳ – гавазн”, “Камбағалӣ айб нест”, “Ҷавоне аз шаҳри мо” аввал дар Маскав, сониян дар Хуҷанд намоиш дода шуданд. Барои дидани ҳунарнамоии шогирдони худ профессорон Олга Ивановна Пижова ва Борис Владимирович Бибиков аз Маскав ба Хуҷанд омаданд. Ин намоишҳо барои зиёиёни шаҳр рӯйдоди бузурге шуданд, зеро падидаи воқеии фарҳангӣ буданд. Аммо дар Хуҷанд гурӯҳ ҳамагӣ як сол кор кард. Сипас онҳоро ба Душанбе, ба Театри давлатии академии драмаи Абулқосим Лоҳутӣ гузаронданд.

Дар ин театр Т. Абдушукурова образҳои ҷолибро дар драматургияи ватанӣ ва ҷаҳонӣ офарид. Дар миёни онҳо образҳои Пелагея Егоровна аз “Камбағалӣ айб нест”-и А. Островский, Полина аз “Модарандар”-и Оноре де Балзак, Антигона аз рӯйи асари ҳамноми Ж. Ануй, Мавҷуда аз “Иродаи зан”-и А. Сидқӣ ва бисёри дигар буданд. Нақшҳои ӯ аз образҳои саҳнавии ҳамкасбонаш фарқи куллӣ доштанд.

Эҳтиросоти шадид ва дақиқияти ҳолатҳои психологӣ ба ҳунарпеша имкон доданд, ки дар раванди ворид шудан ба ҷаҳони маънавии қаҳрамон муваффақ шавад. Дар ҳар нақш ба он фурӯ мерафту дар саҳна ба таври воқеӣ зиндагӣ мекард. Ӯ, махсусан аз иҷрои нақшҳои драмавӣ ва фоҷиавӣ, моҳирона мебаромад. Сарфи назар аз тафовутҳои синнусолӣ бо қаҳрамонҳо ва вазъи иҷтимоияшон, ба ҳунарпеша даст медод, ки ҳамеша дар саҳна симои занҳои бомаърифатро биофарад. Маҳз ба ҳамин хотир ба ӯ бештар нақши занони шуҷоъ ва матинро пешниҳод мекарданд.

Дар раванди кор бо чунин коргардонҳои тоҷик, ба мисли Е.И. Мителман, Ҳ. Раҳматуллоев ва Х. Майбалиев ӯ тавонист маҳораташро сайқал дода, табиати хислати қаҳрамонҳои офаридаашро кашф намуда, образҳои барҷастаи бадеӣ биофарад. Бидуни шак, ин яке аз заминаҳои асосӣ барои фаъолияти баъдии ӯ дар соҳаи омӯзгорӣ гардид. Барои ноил шудан ба чунин муваффақият чанд омил зарур аст, пеш аз ҳама, истеъдод ва қобилияти баланди таҳлилӣ, такмили доимии малака ва маҳоратҳои касбӣ ва ҷустуҷӯи эҷодӣ.

Роҳбари ҳунарпешагон

Дар сарнавишти Т. Абдушукуро ва хислатҳои фардиаш низ мавқеи муҳим касб кардаанд, аз ҷумла майл ба фаъолияти эҷодӣ ва таҳлилӣ. Дар оила ӯро мисли дигар духтарон тарбия мекарданд. Новобаста ба ин ӯ аз айёми хурдӣ дар муҳити маорифпарварона ва фарҳангӣ қарор дошт. Ин гуна муҳит наметавонист ба тақдири эҷодиаш таъсир нарасонад.

Худи Тамара Махсумовна чунин ёдоварӣ мекард: “Нахуст волидони ман дар вилояти Самарқанд мезистанд. Модарам нақл мекарданд, ки чӣ гуна занон он вақт гулхан афрӯхта, фаранҷиҳои худро ба оташ мепартофтанд; чӣ гуна ба онҳо савод меомӯзонданд, бо ангиштсанг дар болои тахтачаҳо нахустин ҳарфҳои худро менавиштанд.” Соли 1938 падарашро котиби якуми ноҳияи Шулмаки вилояти Ғарми ҶШС Тоҷикистон таъйин карданд. Дар ҳамин ҷо (соли 1940) Абдушукурова таваллуд шудааст. Ин замон давраи авҷи фаъолияти ҳунарманди машҳури ӯзбек – Тамара-Хонум буд. Бародараш мухлиси Тамара-Хонум буд, аз ин рӯ хоҳиш мекунад номи хоҳарашро ба ифтихори ин раққосаи машҳур монанд. Волидайн тардид доштанд, зеро номи Тамара тоҷикӣ набуд, аммо бародараш ба онҳо мегӯяд, ки шояд ӯ ҳам эҷодкор шавад. Ҳамин тавр ҳам шуд, ӯ аз хурдӣ нисбат ба санъат бетафовут набуд. Ҳам суруд мехонд ва ҳам мерақсид. Нахустин тамошогарони ӯ, ки дар наздашон шеър қироат мекард, суруд мехонду рақс менамуд, меҳмонони пуршуморашон буданд.

Он вақт дастаҳои ҳаваскорон дар ҷумҳурӣ хеле зиёд буданд. Ҳар сол дар Театри тобистонаи шаҳри Душанбе санҷиши дастаҳои ҳаваскори ҷумҳурӣ баргузор мешуд. Соли 1956 Тамара Абдушукурова дар ин санҷиш ширкат варзид. Он замон мақоми муовини вазири фарҳанги ҷумҳуриро Меҳрубон Назаров ба уҳда дошт ва комилан табиист, ки ин гуна истеъдоди нодир аз назари устод дур намонд. Баъди ҳунарнамоӣ ӯ Абдушукуроваро назди худ хонда, таҳсил дар Маскавро пешниҳод намуд. Он замон гурӯҳе дар ГИТИС таҳсил мекарданд. Ба Т. Абдушукурова танҳо лозим буд, ки ба онҳо бипайвандад.

Таҳсил дар Маскав пешниҳоди хеле бамаврид ва рӯҳафзо буд, аммо ӯ намедонист, ки падараш чӣ гуна вокуниш мекарда бошад. Аз ин вазъият низ ӯро бародари калониаш Рашид Махсумович баровард. Онҳо ба Ғарм баргашта, ба волидон зарурати интихоби ин касбро фаҳмонданд. Албатта, падараш аз сафари дарпешистодаи духтараш он қадар розӣ набуд, вале зидди хостаҳои ӯ низ баромадан намехост. Бародари якраваш падарро ором карда, гуфт, ки хоҳараш бозигар намешавад, балки ҳунарпешагонро роҳбарӣ мекунад. Ҳамин тавр, пешгӯйии дуюми бародар ҳам амалӣ шуд. Ӯ, дар ҳақиқат, имкон ёфт, ки натанҳо дар саҳнаи театр бозӣ кунад, балки бахши калони ҳунарро низ роҳбарӣ намояд.

Нахустин маротиба падараш ӯро дар саҳнаи Театри Лоҳутӣ дид. Актриса ӯро ба намоиши “Камбағалӣ айб нест” даъват кард. Дар ин намоиш Т. Абдушукурова нақши зани пирро мебозид. Табиист, ки дар ҳаяҷон буд. Дар раванди намоиш заноне, ки дар бари падараш менишастанд, байни худ пичир-пичир карда мегуфтанд: «Ина бинед-а! Ин қадар ҷавон, аммо чӣ гуна нақши модарро хуб мебозад!” Баъди анҷоми намоиш падар ҳаяҷонзада ба духтар дуои барори кор дод.

Ба назар мерасад, ки таҷрибаи бозигарии ӯ имкони хубе гаштааст барои ғанӣ гардондани таҷрибаи омӯзгориаш. Эҳтимолан, яке аз хориқаҳои ҷолиби зиндагии ӯ аз ҳамин иборат бошад – иртиботи таҷрибаи актёрӣ ва фаъолияти пурсамари омӯзгорию ҷамъиятӣ.

Пас аз пурра ба кори омӯзгорӣ гузаштан ӯ яке аз тарғибгарони асосии таълимоти К.С. Станиславский мегардад. Тақдири Т. Абдушукурова боз аз он ҷиҳат ҷолиби диққат аст, ки он айём занони омӯзгор дар соҳа қариб набуданд. Дар ин раванд Абдушукурова аз таҷрибаи мураббиёни худ ба таври васеъ истифода бурд. Дар раванди эҷод танҳо донишу кӯшиш кам аст, истеъдод ҳам лозим. Ҳунарпешаи машҳури рус, омӯзгори шариф Олга Ивановна Пижова баъди суҳбати нахустин бо донишҷӯ духтари ояндаи ГИТИС истеъдоди шогирдашро дар ин самт пайхас мекунад. “Ӯ ҳам тамаркуз карда метавонаду ҳам тахайюлоти ғанӣ дорад”, – хулоса мекунад профессор. Маҳз тахайюлот, аз як ҷониб, систематизм ва тамаркуз кардан, аз тарафи дигар, фаъолияти минбаъдаи актёрӣ ва омӯзгории Т. М. Абдушукуроваро “ғизо” медод.

Ҳамгироӣ талаботи асосии раванди эҷодист

Соли 1967 дар назди Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе факултаи ҳунар боз шуд. Ин факулта бо тарбияи мутахассисон барои соҳаҳои гуногуни фарҳанг ва ҳунар машғул буд. Онро ҳамкурси Тамара Махсумовна – ҳунаршиноси шинохта, профессор Аскар Абдураҳмонов сарварӣ мекард. Ӯ Т. Абдушукуро варо ба ҳамкорӣ даъват намуд. Дар оғоз хеле мушкил буд, оила, корҳои ҷамъиятӣ, театр, мактаби олӣ – ҳар кадоме тамаркузи бештареро талаб мекард. Хушбахтона, ӯро аҳли оила аш пуштибонӣ мекарданд. Алалхусус шавҳараш Икром Қурбонов чунин меҳисобид, ки агар зану шавҳар аз лиҳози касбӣ ва маънавӣ рушд намоянд, ба таҳкими оила мусоидат мекунад.

Бо мурури замон ба кори омӯзгорӣ бештар алоқаманд шуд. Абдушукурова чашмони дурахшони донишҷӯёнро медиду аз онҳо илҳом мегирифт. Чунонки ҳамкасбон ба ёд меоранд, ӯ омӯзгори хеле пурталаб буд. Аз нахустин рӯзи тадрис дарк кард, ки ҳангоми тарбияи кормандони эҷодӣ бояд интизоми қатъӣ вуҷуд дошта бошад. Баъдҳо Абдушукурова ба шогирдони худ талқин мекард: “Актёрҳоро намеомӯзонанд, онҳоро тарбия мекунанд”. Мураббиёни ӯ, омӯзгорони машҳури соҳаи театр Бибиков ва Пижова низ чунин меҳисобиданд.

Ҷойи хушҳолист, ки аксари шогирдони Т. Абдушукурова унвонҳои баланди ҳунарпешаи халқӣ ва шоистаи ҷумҳурӣ, барандагони ҷоизаҳои давлатӣ, ғолибони ҷашнвораҳои байналмилалӣ, роҳбарони театрҳо ва дигар муассисаҳои соҳаи фарҳанг мебошанд. Ӯ кӯшиш мекард, ки шогирдонашро ҳамчун одамони бомаърифат тарбия кунад. Муҳимтар аз ҳама, Тамара Махсумовна ба шогирдон одамиятро меомӯхт.

Соли 1973 Донишгоҳи ҳунарҳои зебои Мирзо Турсунзода таъсис шуд. Дар ин мактаби олӣ ӯ ба симмати муаллими калон ба кор гузашт. Пасон дар мақомҳои мудири шуъбаи коргардонӣ, таърих ва назарияи санъат, ноиби ректор фаъолият кард. Баъди муддате ба ӯ масъулияти муовини вазири фарҳангро пешниҳод намуданд. Ин навбат ба донишгоҳ ба сифати ректор баргашт.

Баъди чанд соли фаъолият дар мақоми ректори Донишгоҳи ҳу нарҳои зебо Тамара Махсумовнаро вазири фарҳанги Тоҷикистон таъйин карданд. Дар давраи фаъолияти ӯ рӯйдодҳои зиёди фарҳангӣ баргузор шуданд. Яке аз онҳо ташкил ва баргузории Ҷашнвораи минтақаии театрии “Наврӯз” буд. Соли 1991 дар ҳаёти фарҳангии кишвар баргузории озмуни байналмилалии ҳунармандони балет ба муносибати бузургдошти Ҳунарпешаи халқии ИҶШС Малика Собирова рӯйдоди муҳим гардид.

Замина барои рушди шахсиятҳои нави эҷодӣ

Дар зиндагии Т. Абдушукурова натанҳо устодони бузург ва номдор, балки шогирдони барҷаста низ ҳузур доштанд ва ин хидмати бузурги ӯро дар рушди театри ватанӣ таъйид мекунад. Тамара Махсумовна омӯзгори барҷаста буда, як зумра ходимони эътирофшудаи театр, ҳунарпешаҳо ва коргардонҳоеро, ки тавонистанд симои такрорнашавандаи театри охири асри ХХ-ХХI-и тоҷикро ба вуҷуд биоранд, тарбия кардааст. Инҳо Ф. Қосимов, Б. Миралибеков, Н. Абдуллоев, У. Аҳмадшоев, Қ. Чақалов, С. Қосимова, Д. Убайдул лозода, С. Азизова, О. Қодиров, М. Шодиев, Б. Ятимов, Х. Ширинова, М. Ҳасанова, Л. Давлатов, Т. Бобо ев, Н. Ҷалолов, С. Бобомуродов, А. Камолиддинов, К. Сулаймонов, С. Наврӯзова, Х. Орифов, Д. Сироҷев, Ю. Эргашев ва дигарон мебошанд.

Т. Абдушукурова чунин меҳисобид, ки ба донишҷӯён бояд натанҳо таълим дода шавад, балки барои рушди эҷодӣ ва ташаккулашон низ ғамхорӣ зоҳир гардад, дар лаҳзаи зарурӣ таҳрик дода шаванд. Мо шоҳиди онем, ки ӯ то вопасин нафасаш мисли тамоми давраи омӯзгорӣ аз ҳар комёбии шогирдон самимона шод мешуд.

Т. Абдушукурова дар соҳаи омӯзгорӣ омили асосӣ на тарбияи ҳунарпешаи касбӣ, балки, дар навбати аввал, тарбияи одами театр ва ҳунар, рушди эҳсосот, шавқу завқ, маърифатнокӣ ва дарки зиндагиро аз ҳама муҳим меҳисобид. Худи Тамара Махсумовна барои шогирдон ва тамоми ходимони ҳунар намунаи ибрат буд.

Номи Т. Абдушукурова ба таври абадӣ дар саҳифаҳои таърихи театр ва фарҳанги тоҷик сабт гардидааст. Ӯ ба насле тааллуқ дорад, ки аз лиҳози маънавӣ хеле бой ва соҳибистеъдод аст. Тақдир чунин буда, ки дар тӯли зиндагӣ ӯро ҳамеша шахсиятҳои барҷаста иҳота карда буданд. Дар натиҷа худи ӯ низ ба зумраи онҳо пайваст.

Муҳаммадуллоҳ ТАБАРӢ,

театршинос

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо