35.6 C
Душанбе

Сари кор – сару кор

Ин таъбир ҳам аз шумори ибороти машҳурест, ки то кунун ба сурати «сару кор» роиҷ буд ва ахиран бархе ба ин пиндор, ки ғалати мусталаҳ ё ом мебошад, онро ба назари худ «ислоҳ» намуда, ба сурати «сари кор» менависанд ва наздик аст, ки ин шакл ом гардад. Аммо иборати «сари кор» ба маънои мусталаҳ ва қарордодии худ, ки аз қабл истифода мешуд, маҳалли кор, коргоҳро ифода мекунад ва боз маънои қасд ва ният, тасмим, машғулият, саргармӣ ба корро ҳам дорад ва ин комилан ҷудо аз “сару кор” аст:

Дил дар ғами аҳди устувори хеш аст,

Ҷон дар ғами ту бар сари кори хеш аст.

Абусаиди Абулхайр

Ин маънои «сар» ба ҳадде маъмул ва машҳур аст, ки бидуни калимаи “кор” ҳам тақрибан ба маънои «кор доштан», «машғулият», ҳамчунин, «гирифторӣ» меояд:

Ману савдои хубон, зоҳиду андешаи ризвон,

Дар ин ҳасратсаро ҳар кас сире дорад, саре дорад.

Бедил

Аммо ибораи «сару кор», ки тобиши маъноии дигаре дорад, иштибоҳ ва сохтаи давраҳои ахир набуда, як таъбири куҳан ва пуристифода мебошад (мисли «сару савдо», “сару сомон”) ва намунаҳояш дар шеъру насри адабиёти классикиву тоҷикии муосир ва ҳамзабонон зиёд аст:

Чу рафтӣ, сару кор бо эзад аст,

Агар нек бошад-т ҷо, ар бад аст.

Фирдавсӣ

Сару кори дунё аён аст, Бедил,

Мукаррар макун мунфаил имтиҳонро.

Бедил

Наяфтад бо касе моро сару кор,

Ки худ ҳам тӯша дорему ҳам анбор.

Парвини Эътисомӣ

Ҳини баҳс ва эроди шубҳа бояд таваҷҷуҳ кард, ки дар навишти матнҳои классикӣ (форсӣ) ибораи “сару кор” бо “сари кор” фарқ мекунад ва дувумӣ бидуни вов навишта мешавад ва он ҷо ки классикони мо “сару кор” навиштаанд, дуруст нахоҳад буд, ки онро ба сурати сари кор “ислоҳ” бикунем.

ҒАЙРИИМКОН – ҒАЙРИМУМКИН (НОМУМКИН)

«Ғайриимкон»-ро имрӯз бештар дар чунин мавридҳо ба кор мебарем, масалан: «Ворид шудан ба донишгоҳ бе омодагии кофӣ ғайриимкон аст». Имкон исми маъно (муҷаррад) аст ва маъмулан аз исми холис ба ин навъ калима намесозанд. Аммо чунин навъи калимасозӣ аз тасрифи дигаре аз ҳамин реша саҳеҳ мебошад. Ба ҳамин дастур метавонем ғайримумкин, ғайримаъмул, ғайримаҷбур бинависему бихонем, ки аз калимаи нафй (ҳиссаи инкорӣ) ва сифат таркиб ёфтааст ва ба ҷойи он дар ҳамаи ин мавридҳо аз пешванди инкории тоҷикии «но» истифода бикунем: «номумкин», «номаҷбур», «номаъмул», «ноқобил» ва ғ. Таркиби дигаре ҳаст, ки он саҳеҳ мебошад. Манзур: «Дар ғайри имкон» (яъне, дар сурати вуҷуд надоштани имкон), ки «имкон» ҷудо навишта шуда ва ин корбурд ҳам аз диди наҳвӣ истисно дорад. Ба ҷуз аз мавридҳои нодир калимаи нафйи «ғайри»-ро наметавон бо исм пайваст. Агар гоҳе метавонем, масалан, ғайриинсон ё ғайриодам (мисли ноодам) бигӯем, ба он хотир аст, ки дар зимн мо бештар ба ҷанбаи сифатии ин калимаҳо таваҷҷуҳ кардаем. Дар сурати навишти ҷудо метавонем дар мавриди исм ба кор барем. Масалан, ғайри паранда, яъне, ҳар ҷонваре, ки паранда нест.

Далели фарогирии ин иштибоҳ (“ғайриимкон”) ин аст, ки дар истифодаи мо, тоҷикҳои асри 20-21, калимаи “мумкин” дақиқан ба ҷойи калимаи русии «разрешенный» пазируфта шуда, мо тасаввур намекунем, ки ба ҷойи “ғайриимкон”-и иштибоҳӣ «ғайримумкин»-и саҳеҳро метавон ба кор бурд. Дар ҳоле ки мақсуди моро назар ба «ғайриимкон» бештар ҳамон калимаи «ғайримумкин» дақиқ ифода менамояд, ки дар забони русӣ ба ин маъно «невозможно» гуфта мешавад. Аммо барои он мафҳумҳое, ки дар забони русӣ бо калимаҳои «разрешённый», «неразрешённый» (запретный) баён мегардад, калимаҳои «муҷоз» ва «ғайримуҷоз» ё «мамнуъ» муносиб мебошанд.

Хулоса, калимаи «ғайриимкон» ғалат буда, дурусти он «ғайримумкин» мебошад ва боз намунаҳои беҳтар «номумкин» ва «имконнопазир» аст.

Рустам ВАҲҲОБЗОДА

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо