25.4 C
Душанбе

«Саргузашти Хоҷа Насриддин ва Иванушка» чӣ бозёфт дошт?

Санаи 17-уми апрел дар доираи Ҷашнвораи театрҳои касбӣ «Парасту – 2025» намоиши “Приключения Ходжа Насриддина и Иванушки” (Саргузашти Хоҷа Насриддин ва Иванушка)-и Театри лӯхтак ба номи Абдувалӣ Мақсуди шаҳри Бӯстон манзури тамошобин гардид.

Намоишнома ба қалами Юрий Нестеренко тааллуқ дошта, он дар таҳияи коргардони шинохта Нодира Аҳмадӣ рӯи саҳна омадааст. Нақшҳоро ҳунарпешагон Умед Тулаев, Генадий Тужилкин, Аскар Ахмедов, Шариф Алиев, Михаил Марушак ва Алёна Марушак иҷро намудаанд.

Намоиши мазкур аз саргузашти ҷолибу ҷозиби қаҳрамони фолклории мардуми шарқ Хоҷа Насриддин қисса мекунад. Ӯ якҷо бо хараш саросари дунёро мегардад ва дар масири хеш бо қаҳрамони афсонаҳои халқи рус Иванушка вомехӯрад. Онҳо ҳамроҳ роҳи дарозеро тай мекунанд ва дар саёҳат аз зиракиву хиради худ истифода карда, подшоҳи золимро нобуд месозанд ва ба аҷузкампир ғолиб омада, мардумро аз зулму тангдастӣ наҷот медиҳанд. Саранҷом Василисаи нозанин озод мешавад ва Хоҷа Насриддин сафари худро идома медиҳад.

Пайғоми ин намоиш ба тамошобини хурдсол талқини дӯстӣ, дӯстдорӣ ва баҳамоист. Бовар ба он ки рӯшноӣ ҳамеша ба зулмот пирӯз мешавад ва қаҳрамони асосӣ онест, ки на барои худ, балки барои мардум мубориза мебарад.

Меҳринисо Ҳоҷибоева, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон намоишро хеле ахлоқӣ медонад:

“Бисёр намоиши олӣ буд ва ҳунарпешаҳо аз иҷрои нақшҳо ба хубӣ баромаданд. Саҳнаҳоеро дидем, ки ба воситаи реквизитҳо, лӯхтакҳо ва ороиши саҳна бисёр дилчасп офарида шудаанд. Фикр мекунам, тамошобинони наврас аз ин намоиш баҳраи зиёд гирифтанд, зеро сартопо омӯзанда ва панду ахлоқӣ буд.”

Дар радифи ҷанбаҳои хуби ин намоиш метавон ороиши саҳна, коргардонӣ ва бозигарӣ бо лӯхтакҳоро ҷо дод. Саҳна хеле моҳирона аз рӯйи мазмуну муҳтавои асар ороиш ёфтааст ва барои иштирок дар сафарҳои ҳунарӣ хеле созгор аст. Ҳамчунин диди хоси коргардон дар ин намоиш рӯшан ба назар мерасад, ки боиси таҳсин аст. Дар хусуси бозигарӣ бо лӯхтакҳо Геран Одинаева, ҳунарпешаи шинохтаи театри лӯхтаки Душанбешаҳр бар ин назар аст:

“Ман, ки солиёни зиёд бо ин ҳунари зебо алоқа дорам, метавонам бо итминон бигӯям, ки бозигарӣ бо лӯхтакҳо хеле ҳирфаӣ ва ҳунармандона буд. Муҳимтар аз ҳама ҳунарпешаҳо, ки аксаран ҷавонанд, дар раванди намоиш ҳамдигарро хеле хуб ҳис мекарданд. Ороиши саҳна ва мафҳуми намоиш ҳам бароям хеле писанд омад.”

Коршиносони соҳа чанд костагиҳоеро ҳам ном бурданд, ки муҳимтарини он ин таркидани бомб ва ба ин васила нобуд кардани подшоҳи золим аст. Аз назари мутахассисони соҳа барои кӯдак нишон додани ин ҳолат норавост. Мебоист қаҳрамонҳои манфӣ маҳв намешуданд ва ба ҷои ин бо коре ислоҳ мегаштанд. Коргардони ин намоиш Нодира Аҳмадӣ ба суоли мо, ки оё ин гуфтаи коршиносонро қабул дорад, чунин посух гуфт:

“Муаллифи намоишнома Юрий Нестеренко аст ва чаро ӯ дар ҷараёни он аз зиракии Хоҷа Насриддин истифода накарда, қаҳрамонҳои манфиро нобуд месозад, ман намедонам. Банда намоишномаро нисбатан кӯтоҳ кардам, аммо наметавонистам то ин ҳад онро таҳрир созам ва ба қаҳрамони асосӣ кори дигарро раво бинам. Ин мусаллам аст, ки некӣ бе бадӣ вуҷуд дошта наметавонад. Ва бояд гуфт, ки ин саҳнаро ба таври даҳшатнок ифода накардаем, балки он бисёр сода сурат мегирад. Худатон бигӯед, чигуна ман метавонам Иванушкара накушта, ӯро аз нав зинда созам?» – суол мегузорад коргардони намоиш.

Дар умум ба ин намоиш метавон баҳои хеле баланд дод, зеро ҳам аз ҷиҳати маънӣ ва ҳам аз лиҳози бозигарӣ он дар сатҳи хуб рӯйи саҳна гузошта шуд. Ин намоиш шоиста аст, ки дар сафарҳои ҳунарӣ ширкат кунад ва театри лӯхтаки тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ созад.

Сайидо ШАРАФӢ, «АС»

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо