(ҚАЙДҲОИ ИҶМОЛӢ АЗ МАҶЛИСИ ҲУКУМАТИ КИШВАР)
Дар арафаи Соли нав маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо шуд ва беихтиёр санаду рақамҳое ба ёд омаданд, ки соли пешинро ёдмон кардаанд. Интихоботи Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти халқ, ҳаллу фасли муваффақонаи мушкилоти марз ва имзои «Эъломи яи Хуҷанд дар бораи дӯстии абадӣ миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон», конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, чун арзиши байналмилалӣ дар ЮНЕСКО ба қайд гирифтани чанд пешниҳоди Тоҷикистон, бо ташаббуси Сарвари давлатамон қабул шудани қатъно маи СММ «2027 – Соли байналми лалии маърифати ҳуқуқӣ», бунёди садҳо иншоотҳои саноатию иҷтимоӣ ва ба ин восита муҳайё кардани ҳа зорон ҷойи кор ва ғайра. Лекин ҷолиб он буд, ки чун ҳаме ша дар оғоз суханони дилсӯзонаю дилраси Раиси Ҳукумати мамлакат дар масъалаҳои мубрами ҳаёти мардуми кишвар, аз ҷумла вазъи таъмини мардум бо барқ дар айёми сармо ва таъмини аҳолӣ бо маводди ниёзи аввал садо доданд. Чунонки зикр гардид, омилҳои камбуди барқ зиёданд, лекин чизе баҳона шуда наметавонад, ки дар фасли сармо манзили мардум сарду тор бошад. «Дар як шабонарӯз ҳафт соат барқ додан айб аст!» – зикр намуд муҳта рам Эмомалӣ Раҳмон. Дар робита супориш дода шуд, ки маблағҷамъку нии соҳа аз аввали соли нав пурра рақамӣ карда шавад, то ки омили инсонӣ – фиребу найранг, дуздии барқу маблағи ҷамъоварда, кам нишон додани он ва ғайра ба қадри имкон рафъ бигардад. Қаблан то 40 фоизи муштариён ҳаққи барқро намесупориданд, ҳоло беш аз 100 000 муштариёни то кунун «набу да» пайдо шуда, якуним миллиард сомонӣ пардохт кардаанд ва ин проблема қариб аз байн рафтааст. Аз шарофати воситаҳои замонавии барқҳисобкунак (интеллектуалӣ ё биллингӣ) талафоти барқ дар пой тахт аз 15 дарсади соли 20024 ба 5 дарсад фуромад ва дар сурати ба анҷом расонидани ин кор ба сифр баробар хоҳад шуд. Истиқлоли энергетикӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлатамон аст ва мақомот ҳамаи чораҳоро ме андешанд, ки кишвар ба ин ҳадаф бирасад, корхонаҳо бо иқтидори тамом кор бикунанд ва манзили мар дум гарму рӯшан бошад. Таъмири куллии неругоҳҳои барқи «Норак»-у «Қайроққум», ҳамасола барои бунёди «Роғун» ҷудо шудани даҳҳо миллиард сомонӣ, сохтани неругоҳҳои хурд ва ба роҳ мондани насби панелҳои офтобӣ аз ин чораҳои муассир аст ва шубҳае нест, ки бо гардон шуда ни чархи сеюми неругоҳи «Роғун» ин мушкил ҳал мешавад. Ба буҷет ворид гаштани сарвате, ки соҳиби ҳақиқиаш мардум аст, барои иҷрои бисёр корҳо шароит фароҳам меорад. Аз ҷумла, истеҳ соли тилло нисбат ба соли 1991 ҳафт баробар, нуқраву сурб нуҳ баробар зиёд шуда, даромади буҷет дар соли гузашта ба 50 миллиард сомонӣ расид. Натиҷаи ҳамин ҷид ду ҷаҳди мақомоти марбут аст, ки рушди ҳарсолаи иқтисодии кишвар то 7, 6 дарсадро ташкил медиҳад, нафақат пардохтҳои ҳатмии иҷтимоӣ саривақт сурат мегиранд, балки ҳар сол маошу нафақаву идрорпулиҳо зиёд мешаванд, маблағгузорӣ ба соҳаҳои стратегӣ пайваста меафзо яд. Масалан, маблағгузории соҳаи маориф нисбат ба даҳ соли пеш панҷ баробар, маоши омӯзгорон бамаро тиб афзудааст. Пайваста афзудани аҳолӣ, аз 70 ба 77 расидани ҳисоби миёнаи умр ва аз 60 дарсади даҳ соли пеш ба 85 фоиз расидани амнияти озуқавории кишвар (ба ёд биёрем, ки тибқи маълумоти рас мӣ дар ҷаҳон 670 миллион нафар гуруснагӣ мекашанд!) ҳам бозгӯи умедбахши вазъи ҳол аст. Раиси Ҳукумати кишвар та ваҷҷуҳи мақомоти марбутаро ба дастгирии ширкатҳои ватании соҳа ҷалб намуд. Ҳаққонӣ зикр гардид, ки «Ватанашон, пайвандонашон, сар мояашон дар ҳамин ҷост, дилашон месӯзад ва содиқона кор мекунанд». Имрӯз бахши хусусӣ дар иқтисодиёти мамлакат нақши сазовор дошта, 80 фоизи истеҳсол ва 70 дарсади хиз матрасониро ба уҳда гирифтааст. Соҳибкорон бе воҳимаю реклама ба миллиардҳо сомонӣ корхонаҳои истеҳсолӣ, роҳ, пул, нақб, муассисаҳои иҷтимоӣ месозанд ва ин на танҳо нишонаи тақвияти ин бахши иқтисод, балки бозгӯи ташаккули шахси нави ҷомеа ва эҳсоси баланди ватандӯстии онҳост. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шир кати «Аён-энерҷӣ»-ро мисол овард, ки 18 000 коргар, ҳазорон адад техникаи гуногун, аз ҷумла дар Роғун 8 000 коргар ва 2000 техника дорад. Бо сармояву қувваи ширкат дар Бадахшон неругоҳи барқ сохта шуд, ҳоло ин кор дар Суғд амалӣ мешавад. Ширкат батадриҷ эътибор пайдо карда, ба бозори ҷаҳонии кору хизматрасонӣ роҳ меёбад ва ин, албатта, боиси ифтихор аст. Яке аз омилҳои нарасидани барқ исрофкорӣ номбар шуд. Ашхосу идораҳое кам нестанд, ки дар ин масъ ала беэътиноӣ намуда, барқро бе ягон зарурат ва барзиёд истифода мебаранд. Дар аксари кишварҳо қан дилҳои бузург аз мӯд баромадаанд, вале дар мо фаро вон мавриди исти фодаанд. Таҷрибаи кишварҳоеро, ки воситаҳои сарфа коронаи истифодаи барқро истифода мебаранд, омӯхтану ба кор бурдан на танҳо ба манфиати ҳар шаҳрванд, балки дар маҷмуъ ба на фъи иқтисоди мил лист. Бояд ба қадри ҳар киловат барқ расид ва кишварҳо барои ин аз фишангҳои гуногун кор мегиранд. Аз ҷумла, Гурҷистон ва Ӯзбекистон нархи барқро ду баро бар зиёд карданд, истифодаи он оқилонатар ва барқи мавҷуда кофӣ гардид. Бо ин мақсад аз 1 феврал нархи барқи Тоҷикистон ҳам зиёдтар мешавад, аммо, бо вуҷуди ин, яке аз арзонтарин барқҳои ҷаҳон боқӣ мемонад. Ҳадаф ин аст, ки ҳар яки мо ба қадри гармию рӯшании манзи ламон бирасем ва воситаи таъмини онҳоро гиромӣ бидорем. Зарурати худро бо барқ таъмин намудани корхона ва ширкатҳои соҳибимкон бори дигар зикр гардид. Аз ҷумла, тадбирҳои ширкати ма шҳури «Фароз» дар ин самт қабили тазаккур аст ва агар дигар ширкату корхонаҳои соҳибимкон ҳам дар ин маврид тадбирҳои амалӣ бианде шанд, вазъи таъмини барқ ҳатман рӯ ба беҳбуд хоҳад овард. Таъкили Раиси Ҳукумати мам лакат оид ба мавқеи ширкатҳои ватанӣ дар рушди иқтисоди миллӣ ва некӯаҳволии мардум бисёр эъти модбахш буд. Мисол оварда шуд, ки хориҷиҳо маводи конеро бурдаву дар ватани худашон кор кардан хо станд, лекин бо назардошти манфи атҳои миллӣ он ба соҳибкорони худӣ дода шуд. Тавассути ин имрӯз 1000 нафар бо кор таъмин аст, соле 200 000 тонна арматура истеҳсол меша вад ва истеҳсоли нахустини оҳани ватанӣ ҳам дар назар аст. Муҳим он аст, ки даромад дар дохил мемонад ва корхона ҳам на дар замини ҳам вор ё кишт, балки дар кӯҳпора, ки барои корҳои дигар мувофиқ нест, фаъолият мекунад. Имрӯз бинокорӣ дар кишвар равнақи бесобиқа дорад. Натанҳо давлат ва соҳибкорон биноҳои бу зурги замонавӣ месозанд, балки шаҳрвандон ҳам торафт бештар ба бунёди манзилҳои зебою бобақои хушзавқона рӯ меоранд. Дар чунин шароит бисёр корхонаҳое, ки маво ди сохтмон истеҳсол мекунанд, аз ҷумла, даҳҳо корхонаҳои бузурги семент, хишт ва гаҷ, нақши муҳимми созанда доранд. Бунёди чунон корхо наҳо боз ҳам дар назар аст, масалан, корхонаи нави хишт дар Данғара бо иқтидори 36 миллион дона ва корхо наи истеҳсоли гаҷ дар Конибодом, ки на танҳо садҳо нафарро бо ҷои кор таъмин мекунанд, балки бо маҳсу лоти хушсифат ба бунёди биноҳои хуштарҳ ва дигаргунии симои кишвар мусоидат менамоянд. Вобаста ба ҳар масъалаи рӯзно маи маҷлис ҳозирон шоҳиди суҳбати самимӣ, масъалагузориҳои дилсӯзона ва супоришҳои қатъии Раиси Ҳукумати мамлакат мешуданд. Аз ҷумла, таваҷҷуҳи мақомоти дахлдор ба пешгирии истеъмоли маводи синтетикии мухаддир, ки на танҳо барои наслҳои оянда хатари ҷиддӣ эҷод мекунад, балки бидуни ягон воҳима имрӯз яке аз воситаҳои таъ сир ба давлату миллатҳо шудааст, ҷалб гардид, аз зарурати бозбинии Кодекси ҷиноятӣ, ки бо андак гуноҳ (масалан, садамаҳои сабуки автомо бил) сафи доғи судӣ доштагонро ме афзояд, сухан рафт, инъикоси гоҳе тулониву гоҳе нокифояи ифтитоҳи иншооти нав тавассути телевизион мавриди эрод қарор гирифт, зару рати ҷалби имтиёзноки ширкатҳои ватанӣ дар самтҳои имконпазир, ма салан истеҳсоли нӯшокиҳои гуногун ва ба ин восита костани зарари онҳо бозгӯ ва саҳми мушаххаси соҳибко рони соҳибному бонанги ватанӣ дар бунёди иншооти муҳимми кишвар зикр ва аз нокифоягии ҷалби сайёҳон (ҳамагӣ 1 550 000, ҳол он ки танҳо аз як кишвари мо ба Ӯзбекистони ҳамсоя беш аз 3 миллион сайёҳон рафтаанд!) гуфта шуд. Мисоле бисёр муассиру сабақомӯз буд, ки бюрократияи мақомоти дахлдор ба рои бунёди роҳи барои ҳифзи марзу буми мамлакат басо зарур маблағи ҳангуфте пешниҳод намудааст, вале соҳибкорони ватандӯст онро бо қувваю маблағи хеле камтари худ саривақту босифат бунёд кардаанд. Дар ҷамъбаст Раиси Ҳукумат аз фаъолияти пурбори мамлакатамон дар СММ ва ЮНЕСКО, пешниҳо ду қабули ташаббусҳои ҷаҳониву арзишҳои миллиамон сухан ронда, масъулонро ба иштироки фаъоло на ва бунёди эҷодкоронаи Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази бай налмилалии Наврӯз, ки нуктаҳои муҳимми Паёми имсолаанд, даъват намуд. Нуқтаи ниҳоии фараҳбахши маҷ лис посухи равшани Вазири молия ба пурсиши Раиси муҳтарами Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки дар ду-се рӯзи боқимондаи соли куҳан тамоми маблағҳои иҷтимоӣ ҳатман пардохта мешаванд ва давлат уҳда дориҳояшро дар назди шаҳрвандон комилан ба иҷро мерасонад.
НИЗОМ ҚОСИМ





