6.1 C
Душанбе

САРЧАШМАИ НОБИ ХУДШИНОСӢ

Имсол соли севум аст, ки бо ибтикори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» баргузор мегардад. Бо мақсади гиромидошти таърихи пуршарафи халқи тоҷик, омӯзиши амиқ ва ҳамаҷонибаи корҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат ва таҳкими ваҳдати миллӣ, бунёди модели нави давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи мактаби давлатдории Пешвои миллат озмуни мавриди назар роҳандозӣ шудааст.

Осори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳёгари таърихи пурғановат ва пурифтихори миллати тоҷик, инъикосгари таърихи забону тамаддун, фарҳанги ғании миллати тоҷдору куҳанбунёди мо мебошад. Мутолиаи ин асарҳо моро бо сарнавишти миллату давлат шинос намуда, тало шу заҳматҳои халқи куҳантамаддуни тоҷикро барои аз даст надодани забону фарҳанги худ бозтоб менамояд.

Маврид ба ёдоварӣ аст, ки соли 2025 дар даври ҷамъбастии озмун беш аз 200 довталаб аз муассисаҳои миё на ва олии касбии мамлакат иштирок намуда, 9 нафар пирӯз дониста шуд. Ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм бо маблағи 20000 сомонӣ, 15000 со монӣ ва 7500 сомонӣ қадрдонӣ шуданд. Инчунин, 10 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Донистани маълумоти муфассал доир ба асарҳои Пешвои миллат, оид ба ҳаёт ва фаъолияти Пешвои миллат, санадҳои муҳимми меъёрии ҳуқуқӣ дар бораи ба мақоми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расида ни Сарвари давлат, мероси таърихию фарҳангии моддию маънавии халқи тоҷик, қобилияти суханварӣ, озодбаёнӣ ва ровигӣ аз ҷумлаи шартҳои озмун мебошанд.

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо