Маҷмуаи ашъори Муродалӣ Собир таҳти унвони “Сафеддара” бо теъдоди 1000 нусха тавассути нашриёти “Адиб” ба зевари чоп ороста гардид. Он аз шеъру чистон ва тезгӯякҳо иборат аст. Муаллиф синну соли бачаҳоро ба назар гирифта, шеърҳои ху дро бо забони содаву равон эҷод намудааст, зеро фаҳмо будани забони шеър барои бачаҳо муҳим ва зарурист. Дар шеърҳо бештар манзараҳои дилфиреби кишварамон, аз ҷумла Хоҷа Оби Гарм, Камароб, Сафед дара, рӯди Сиёма ва амсоли ин тасвир ёфтаанд.
НАСИМБЕК ҚУРБОНЗОДА, «АС»





