28 C
Душанбе

Сафаре бо «Сафинаи Сафар»

Сафар Абдураҳим аз шоирони муваффақ миёни ҷавонон аст, ки хонандагон бо ашъори ӯ ошноӣ доранд. Овоз хонҳои маъруф ба чанд шеъраш оҳанг баставу сурудаанд. Китоби шеърҳои ӯ “Сафинаи Сафар”-ро рӯйи даст дорем, ки табъи моро болида мегардонад. Дар пешгуфтори ин маҷмуа Алишери Муҳаммадӣ менависад: «Ин китоб чанд сол пеш ва дар ҳаҷми нисбатан калонтар омодаи чоп шуда буд…аз чанд ишораи сабук ва маслиҳати холисона Сафар дарк намуд, ки ҳоло фурсати ба хонанда пешкаш намудани эҷодиёташ нарасидааст… Пас аз панҷ сол боз маҷмуаи ашъораш дар даст наздам омад. Дарк кардам, ки муносибаташ бо шеър хеле самимӣ ва ҳамзамон ҷиддитар шуда. Баъд аз гузашти ин қадар сол мебоист маҷмуаи ашъораш бузургтар мешуд, аммо баръакс ӯ ҳамагӣ қариб сад шеърро ба ман нишон дод…»

Ҳоло, ки ман имрӯз роҳбаладу хидматкори «Сафинаи Сафар» ҳастам, мехоҳам мусофиронро (хонандагонро) ба тамошои ҳуҷраҳои ин киштӣ бибарам. Дар оғози китоб бо ғазалҳои Сафар рӯбарӯем. Дар ғазалҳои ӯ тасовир бо мо сухан мегӯянд, расмҳои даруни қобҳо мисли наворҳои кӯтоҳи видеоӣ ҳастанд. Аз ғазали дар васфи падар сурудаи ӯ агарчи саропо хонданиву зебост, ин байтро интихоб кардем:

Парвоз намекунам агар, боке нест,

Дар сояи боли падарам бошам, бас.

Сафар Абдураҳим мехоҳад бигӯяд, ки хушию эътироф ва ризои падарро бар ҳар чизи дигар тарҷеҳ медиҳад. Аммо ӯ дуруст дарк карда, ки ҳама падарон мехоҳанд писаронашон боло бираванду дар баландои осмон уқобвор бичарханд, аз тамошои ин чархиш лаззат бибаранд. Ҷойи дигар шоир дар ду ғазал чунин мегӯяд:

Маънои ҳаёт ҷуз накуӣ набувад,

Ин аст ба зиндагӣ шиори падарам.

Ё:

Накукорӣ ба мардум пешаи туст,

Ба халқи хеш ҳамдардӣ, падарҷон.

Шоирон аз падар дида бештар дар васфи модарон шеър месароянд. Дар эҷодиёти Сафар Абдураҳим ҳам васфи модар ҷо уфтодаву барои модар ҳам ғазал ва ҳам дубайтиву рубоӣ суруда. Аслан дар ин замона, ки ҳама ҷо пур аз модарномаҳост, чизи арзишманду тоза гуфтан барои ин мавҷуди поки эзадӣ ҳам мушкил аст.

Баҳоят бебаҳоӣ, модари ҷон,

Хатоят бехатоӣ, модари ҷон.

Раҳи дигар набошад ҷуз раҳи ту,

Ки дар роҳи Худоӣ, модари ҷон.

Аслан ашъори Сафар Абдураҳим ҳамагӣ содаву равонанд, барои фаҳмиданашон ҳеч фишори зеҳнӣ намебояд. Шоири ҷавон бо огоҳӣ ва таваҷҷуҳ ба шаббедориҳои модар мегӯяд, ки дили шабҳо Ёсин мехонӣ, чун «саводи бандагӣ дориву имони ту побарҷост».

Мебинем, ки дар хони ашъори Сафар аз ғизоҳои маънавӣ низ чанд нуқл ҳаст. Лоҷарам шавқу шӯри ҷавонию ишқу ҷунун Сафарро ҳам дар доми ҳамешагии худ оварда ва бар ин водошта, ки дар зиндагияш ҳар куҷо ҳаст, бо ишқ бисозаду дарду ранҷҳои онро таҳаммул бикунад ва лаҳазоти кӯтоҳи хушиву васлро ба қимати ҷон бихарад:

Ҷонро хароб мекунад ин дарди ошиқӣ,

Хоҳам бисӯзад оҳи дили ман вуҷуди ишқ.

Ё ҷойи дигар гӯйӣ аз бепарвоиву фосилагириҳои маъшуқ ба танг омада, ки билохира мегӯяд:

Биё, парванда во кун, эй муфаттиш,

Бароят қотиламро мефурӯшам.

Беш аз 60 дарсади ашъори ин маҷмуа ғиноист ва дар лаҳзаҳои гуногуни ҳаёти шоир суруда шудааст. Замонеро ҳам дар ғурбат ба сар бурда, ки ҳолу ҳавои он рӯзгор дар ашъораш возеҳ аст:

Мардикорӣ омадам, дур аз барат

Дар ғарибӣ марди бекорам ҳанӯз.

Саноеи лафзӣ, ки аз муҳиммоти шоирист, дар ин маҷмуа зиёд аст, ки тақрибан ҳеч ҷо ҳашв дида намешавад ва парешонгӯйӣ ҷо надорад. Ба қавли Алишери Муҳаммадӣ, «шеъри Сафар аз таркибу унсурҳои шоирони пешин ва ҳамзамонон бунёд ёфта, реша дар ашъору андешаи адибони бузург дорад, аммо муҳим он аст, ки дар тарзу баёни ҳолат ва ифодаи маъниву мазмун навҷуӣ ва навпардозӣ мушоҳида мешавад». Камина назари муаллифи сарсуханро тасдиқ мекунам, зеро шеъри Сафар воқеан тозагиҳое дорад, ки онро дар ҳар ғазале ё навъи дигар метавон дид. Тоза гуфтан дар шеър аслан ин нест, ки калимоти имрӯзиро бигирию бебаркаш ба вазну қофия дарбиёрӣ, балки шоири имрӯз ва ҳар шоире дигар бояд бо корбурди калимоту ибороти тоза тасовиру вақоеи замонашро дар қолаби шеър ба мухотабон арза бикунад. Сафар хеле хуб ба дарки ин маънӣ рафта ва ин ҳолот дар ашъори маҷмуа фаровон аст:

Бе визаи нигоҳи ту дигар ба ҳеч ваҷҳ

Берун намешавам, ба Худо, аз ҳудуди ишқ.

***

Биёяд аз Душанбе бӯи шеърам,

Ки илҳоми дилам саршор шаҳрист.

***

Чеҳраамро ду дидаи пурхун

Мекунад рангубор, мегиряд.

Яке аз хубиҳои дигари Сафар Абдураҳим дар сурудани шеър корбурди вазнҳои хушоҳангу камистеъмол дар шеър аст. Гоҳо вазн дар ашъораш ритми хосе дорад, ки бо маъниву мазмуни он хеле хуб ба ҳам меояд. Ғазалҳое ҳам ҳаст, ки эҳтимол меравад, барои гуфтани он вазнро махсус интихоб кардааст. Барои мисол:

Ғами ту мехӯрад дилам ҷудо-ҷудо,

Ду чашми банда дар раҳат, биё-биё.

Ё:

Туро бо сад таманно боз мехоҳам,

Туро танҳои танҳо боз мехоҳам.

Шоирони муваффақи имрӯз бештар талошашон бар ин аст, ки дар вазнҳое ноошнову тозатар ғазал бисароянд ва ин албатта хуб аст. Ин вазнҳо мусиқии хоси худро доранд. Аммо ба ин вазнҳо гуфтани маънии тоза ҳам чандон саҳлу сода нест. Дар шеъри шоирони имрӯзу фардо вазну маъниву забон бояд мувофиқи замон бошад. Ин ҳам байте аз Сафар:

Зи мӯд рафта гӯиё табассумат,

Намонда ҳеч дар дилам ниёзи ту…

Инҳо, ки гуфтем ҳама аз бахши ғазалҳо буд. Агарчи бештари ашъори ин маҷмуа ғазал аст, аммо Сафар дар сурудани гунаҳои дигари шеър ҳам маҳорат дорад, ки ашъори нимоию чаҳорпора, суруду дубайтиҳо ва рубоиёташ низ хубанд.

Бо ин ҳама саноеъ, равониҳо ва тозагӯйиҳо, ки дар ашъори ин маҷмуа мебинем, бояд содиқона бигӯям, ки ин маҷмуа аз иштибоҳот орӣ нест. Мо чанд ҷо иштибоҳи вазн, яке ду ҷо хатои техникӣ ва баёни нодурусти маънӣ дидем. Ин иштибоҳот ба яке аз ин ду сабаб ҷо уфтода – беиттилоии муаллиф аз корбурди дурусти вожагон ё саҳлу сода гирифтани ин иштибоҳот (ки қатъан чунин нест) аз сӯйи муаллифу веростор. Ҳоло ба ин байт таваҷҷуҳ мекунем:

Шуд тамом соати бекорӣ дигар,

Соати кории ман ҳашт, биё.

Ин ҷо дар ҳарфи «о» вожаи «тамом» ва «ӣ» дар вожаи «бекорӣ» дароз кашида мешавад, ки дар ғазал кӯтоҳ шудаанд. Ё дар саҳифаи 34-ум «аст» дар мисраъи дувуми байти зайл ноҷо уфтодаву вазнро зиёд карда, ки албатта иштибоҳи техникӣ аст:

Кардам суол: аз чӣ бисӯзад тану дилам?

Гаштам яқин, ки ҳаст дар оташ «аст» суҷуди ман.

Дар ин байт ибораи «гаштам яқин» низ дуруст нест ва ҳашв дорад. Ба ҷойи ин барои мисол агар ин гуна бигӯем, беҳтар аст: «Огаҳ шудам, ки ҳаст дар оташ суҷуди ман». Ва дар мисраъи аввали пас аз ин байт низ иштибоҳи вазн мавҷуд аст:

Аз буди ишқ гуфтаму будам худ ошиқе…

Яъне дар ибораи «худ ошиқе» ҳарфи «о» пас аз «д» ва «ъ» омадааст, ки вазн пешпоӣ хӯрдааст. Дуруст, ки дар навишти сирилик ҳарфи ъ (ъайн)-ро аз аввали ҳарфҳо ва байни ду ҳарфи садодор бардоштаанд. Аммо ин бад-он маъно нест, ки дар назм онро нодида бигирему ба иштибоҳоти вазн чашм бипӯшем. Беҳтар аст «чу»-ро бо «худ» иваз бикунем. Дар ғазали саҳифаи 38-ум ҳарфи «ӣ» дар радифи «кардӣ духтар» комилан вазни қофиямисраъҳоро ноҷӯр кардааст. Чароки «ӣ» дароз кашида мешавад:

Ба ҳиҷронат харобам кардӣ, духтар,

Гирифтори азобам кардӣ, духтар…

Ба фикри банда, агар мухотаб он духтар набуду шоир бо худаш ҳарф мезад ҳам вазн дуруст мешуд ва ҳам ғазал шевотар буд. Барои мисол интур:

Ба ҳиҷронаш харобам кард, духтар,

Гирифтори азобам кард, духтар.

Дар саҳифаи 42-юм вазни мисраъи аввал дар байти зайл аз вазни ғазал хориҷ шудааст, ки вазни мавриди назар мисраи дуюм аст.

Куҳна шуд дарду доғу ҳасрату боз,

Нав ба нав сӯз чаро пайдо шуд…

Бо мурури ашъори ин маҷмуа хонанда пай мебарад, ки Сафар Абдураҳим дар шеър «ман»-и худро дорад. Дар ашъораш ҳамеша чизе мегӯяд, ки медонад, чизеро менависад, ки худаш дидааст, хонандаро ба муҳиту фазое мебарад, ки дар он зиндагӣ мекунад ва аз ғаму шодиҳое мегӯяд, ки таҷриба кардааст.

Нурӣ Муҳаммади ИСТАМ

мақолаи гузашта
мақолаи навбатӣ
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо