Ӯ ҳоло ҳам дар саҳнаи қалби дӯстдорони ҳунари асил ва шеъри воло овоз мехонад. Аҳмад Зоҳир аст, ки садояш рӯҳ менавозад, дил мерабояд, ғам мезудояд ва шодӣ мефизояд. Садое, ки аз ҳавои он бӯйи ҷавонӣ мешамем. Овое, ки ба раг-раги вуҷуди мо таъсир кардаву дилҳоро аз бадиҳо тоҳир мекунад. Агарчи 46 сол қабл соҳиби ин садо ба олами боқӣ пайваст, вале оташи ин овои ҷонафрӯз хомӯш нашуд ва ба таъбири шоири тоҷик Низом Қосим, ҳанӯз ҳам сукути ӯ «зи сад роз гӯётар» ва сурудаш «ба рӯди зиндагӣ ҷӯр аст»:
Ба рӯди зиндагӣ ҷӯр аст
Суруди Аҳмади Зоҳир.
Зи сад роз аст гӯётар
Сукути Аҳмади Зоҳир.
Ин садои ҷонбахш дар гӯшаву канори олам баланд аст. Аммо дар Тоҷикистон баландтар, зеро дар ин кишвар мардуми ташнаи навои дилошӯби Аҳмад Зоҳир фақат бо шунидани таронаҳояш қонеъ нестанд, балки метавон касбиву ғайрикасбӣ хонандаҳоеро пайдо кард, ки маҳз таронаҳои ӯро месароянд ё дар пайравӣ ба мактаби ҳунарии ӯ дар ҷодаи овозхонӣ раҳнавардӣ доранд. Метавон бо сар задан ба олами интернет, махсусан Ютуб садҳо навореро тамошо кард, ки дар онҳо ҳунармандону ҳаваскорони тоҷик, дар мисоли Парвиз Пӯлодӣ, Каримҷон Мизонов, Ҳасани Камол, Беҳзод Искандарӣ, Асадуллои Шамсзод, Рустам Ғуломов, Оқили Фозил, Шаҳроми Беҳзод, Орази Олимшо, Аловиддини Нуриддин, Таваккали Ширинбек, Муроди Одина ва дигарон таронаҳои ҷовидонаи Аҳмад Зоҳирро сурудаанд. Дар баробари ин дар кишвари мо аз ҷониби муҳаққиқони соҳаи фарҳанг, рӯзноманигорон, шоирон ва дӯстдорони ҳунар дар бораи зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии Аҳмад Зоҳир таълифоти арзишманде дар қолаби китобу мақолаҳо нашр шудаанд, ки дар ин самт метавон силсилакитобҳои рӯзноманигори тоҷик шодравон Султони Ҳамадро дар мисоли «Аҳмад Зоҳир султони қалбҳо», «Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб», «Пайванди Аҳмад Зоҳир бо Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ» ва ғайраҳоро мисол зад. Ҳамзамон дар дафтари ашъор ва барномаҳои ҳунарии шоирону сарояндагони тоҷик метавон шеъру таронаҳоеро дар ситоиши Аҳмад Зоҳир хонду шунид.
Далели дигари маҳбуб будани Аҳмад Зоҳир дар Тоҷикистон беш аз бахши форсӣ ё дарии саҳифаҳои иҷтимоъии интернетӣ пурбинандаву пурҳаводор будани бахши тоҷикии саҳифаи фейсбукии «Аҳмад Зоҳир» аст, ки беш аз 164 ҳазор корбар аз он пайравӣ мекунанд. Гузашта аз ин ҳоло утоқҳои корӣ, манзилҳо ва саҳифаҳои иҷтимоъии интернетии садҳо дӯстдори тоҷики садои ҷонафрӯзи ин марди ҳунарро тасвири Аҳмад Зоҳир зеб медиҳад.
Соли гузашта дар зодрӯз ва рӯзи марги Аҳмад Зоҳир, ки ҳарду ба 14-уми июн рост меоянд (1946-1979) воқеаи фараҳбахше сурат гирифт. Фарзанди Аҳмад Зоҳир – Ришод Зоҳир ва набераи ӯ – Ёсин Зоҳир бо барномаи ҳунарӣ ба Тоҷикистон омаданд. Бо рӯзноманигорон суҳбатҳо оростанд, ба гӯшаву канори Тоҷикистон сафар карданд ва дар шаҳри Душанбе дар Кохи «Суруш» таронаҳои Аҳмад Зоҳири ҷовидонро пешкаш намуданд. Чанд рӯз қабл аз баргузории ин барнома миёни корбарони бахши тоҷикии Фейсбук озмуни «Зоҳирхонӣ» роҳандозӣ гашта буд, ки дар он камобеш 100 кас ширкат варзиданд. Аз ин миён беш аз 20 каси бартар баргузида шуда, дар ҳузури пайвандон ва дӯстдорони Аҳмад Зоҳир сурудҳо хонданд. Ришод Зоҳир бо ибрози самимият зикр кард ки «падарам орзуи ҳунарнамоӣ дар Тоҷикистонро дошт, аммо мутаасифона ин орзуи хешро ба хок бурд. Хушбахтона, мо тавонистем, ки ба Тоҷикистон биёем ва ба навъе ин орзуи падари ҳунарварамонро бароварда созем».
Албатта, ҳар сол дар ин шабу рӯзҳо дар гӯшаву канори Тоҷикистон ба поси хотири Аҳмад Зоҳир маҳфилу нишастҳои ҷолибе баргузор мешаванд. Махсусан телевизиону радиои кишвар вежабарномаҳоеро ба ин муносибат таҳияву пешниҳод мекунанд, ки ин навбат мо низ ба ҳайси мухлиси ҳунари Аҳмад Зоҳир ба яке аз чунин барномаҳо даъват шудем. Ин барномаи «Хотираҳо» буд, ки яке аз барномаҳои пурмухотаби телевизиони «Сафина» мебошад. Ба ин барнома яке аз пайравони асили мактаби ҳунарии Аҳмад Зоҳир – Сафаралии Сафар даъват шуда буд, ки чаҳор таронаи Аҳмад Зоҳир – «Боз омадӣ…», «Зи санг нест қалби ман», «Чун дарахти фарвардин» ва «Ман надонистам аз аввал…»-ро дар сатҳи баланди касбият иҷро кард. Қаблан тавассути навори иҷроҳои Сафаралии Сафар, ки дар шабакаҳои иҷтимоъӣ зиёд нашр шудаанд, бо ҳунари ӯ ошно будем, вале дар ин барнома бо шахсият ва ҳунари волояш бештар ошно шудем. Чун ҳаваскорона ба овоз хондану соз задан иштиёқ дорем, дарёфтем, ки дар баробари мутрибоне чун Диловар (саксафон), Сафаралӣ (сопроно) ва Тоҳирҷон (ямаха) овозхони ин маҳфили хотирмон Сафаралии Сафар низ акардионро бо маҳорати тамом менавозад. Баъди суҳбат донистем, ки ӯ дар Коллеҷи санъати Аҳмад Бобоқуллови шаҳри Душанбе ва сипас Консерваторияи миллии Таламхон Саттор ҳунари овозхонӣ ва мутрибиро ба таври касбӣ фаро гирифтаву солҳо дар ансамблҳои овозадори «Гулшан» ва «Рухшона» фаъолияти ҳунарӣ низ доштааст. Ҳоло дар кӯдакистони №149 и ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе ба ҳайси роҳбари мусиқӣ фаъолият дорад. «Маҳз дилбастагӣ ба таронаҳои Аҳмад Зоҳир маро водор кард, ҳунари овозхониро ба таври касбӣ фаро бигирам, зеро намехостам ва намехоҳам, ки дар навозиши навоҳои дилошӯби таронаҳои Аҳмад Зоҳир ба иштибоҳе роҳ диҳам. Ҳеч рӯзи хешро бидуни шунидан ва замзамаи таронаҳои эшон тасаввур карда наметавонам. Агарчи чун ҳунарманд ба иҷрои таронаҳои фардӣ низ ҳавасмандам, чанд таронаи худро ҳам сабт кардаам, вале садои Аҳмад Зоҳир ҳар лаҳза маро сӯйи худ мекашад. Таронаҳояшро месарояму ба оромиш мерасам, махсусан таронаҳое, ки Аҳмад Зоҳир дар ҳавои ашъори дилпазири Ҷалолуддини Балхӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Саъдии Шерозӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Бедили Деҳлавӣ, Хоқонии Шарвонӣ, Бадриддин Ҳилолӣ ва Ваҳшии Бофқӣ сурудааст, рӯҳнавозанду ҷонафрӯз. Ба маҳфилҳои гуногун низ пайваста даъват мешавам, ки дӯстдорони садои Аҳмад Зоҳир созмон медиҳанд. Бовар дорам, ки то ҷаҳон ҳаст, ин садо ҳамоно ҷаззобу шуниданӣ боқӣ мемонад. Рӯҳи ин ситораи тобноки ҳунари ҷаҳонӣ – Аҳмад Зоҳири ҷовидон шод бошад”, – иброз дошт Сафаралии Сафар.
Таронаҳои Аҳмад Зоҳирро бо лаҳни Сафаралии Сафар мешунидему ҳаловат мебурдем ва мутмаинем, ки рӯзи пахши «Хотираҳо» аз «Сафина» фароғати бинандаҳои телевизион низ комил хоҳад шуд.
Бахтиёр РАҲМОНИЁН,
«АС»