Чизе, ки беш аз ҳар чиз метавон аз шеъри фарангӣ омӯхт, риторики шеър аст. Дар чандин ҷойи мухталиф дар тӯли солиён аз ба кор бурдани калимаи «риторик» узрхоҳӣ кардаам ва далелҳои худро низ арза доштаам. Дар ин ҷо ҳам ба ихтисор ёдовар мешавам, ки «риторик» мафоҳимеро ба худ дорад, ки дар калимаи «балоғат» нест. Мо аз балоғат ба ёди фасоҳат ва «муқтазои ҳол» ва таърифҳои Тафтозонию Хатиби Қазвинӣ ва Саккокӣ меафтем, аммо «риторик» ҳар навъ навоварӣ дар ҳавзаи сохтори шеър аст аз шуруъи он гирифта то хатми он, то илтифотҳои гуногуне, ки дар даруни шеър метавонад ошкор шавад, аз ғайбат ба хитоб, аз хитоб ба ғайбат, аз мутакаллим ба ғойиб ва …
Як мисоли сода бизанам. Ҳамаи мо шеъри «Кӯча»-и шодравон Фаридуни Мушириро хондаем ва бегумон сатрҳои оғозиии онро дар ҳофиза дорем. Ин шеър шуруи дилпазир дорад:
Бе ту маҳтобшабон боз аз он кӯча гузаштам,
Ҳама тан чашм шудам, хира ба дунболи ту гаштам.
Шавқи дидори ту лабрез шуд аз ҷоми вуҷудам,
Шудам он ошиқи девона, ки будам.
Намехоҳам бигӯям шуруи дурахшон ва бемонандест, вале дилпазир аст. Хонандаро бо худ мебарад. Баъд аз ин чаҳор мисраъ ҳудуди чиҳил мисраъ ё сатр меояд, ки: «Ёдам омад, ки чунин буду чунон шуд». Тамоми мисраъҳо ҷумлаҳои хабарии дастмолишудаест, ки фақат вазну қофия доранд ва баъзе тасвирҳои дастмолишуда. Яъне ҳеч гуна ошноизудоӣ ва ибдоъе (навоварӣ) дар саросари он чиҳил мисраъ дида намешавад. Ҳам навъи ҳарфҳо маъмулӣ ва дастмолишуда аст, ҳам забони шеъру истиораҳо ва маҷозҳои он, то ин ки дар сиюҳафтумин ва сиюҳаштумин мисраъҳо, ки шоир дорад ба поён мерасад, мегӯяд:
Рафт дар зулмати ғам он шабу шабҳои дигар ҳам,
Нагирифтӣ дигар аз ошиқи озурда хабар ҳам.
Накунӣ дигар аз он кӯча гузар ҳам,
Бе ту аммо ба чи ҳоле ман аз он кӯча гузаштам.
Аз манзари баҳси мо, ки риторики шеър аст, ин шуруъу хатм дилпазир аст ва дур аз ҳашву завойид ва хонандаро ба худ мекашонад, аммо тамоми он чиҳил мисраъи дигар, ки 90 дарсади ҳаҷми шеърро ташкил медиҳад, фоқиди риторики барҷаста аст, навъе арзи ҳоли манзум аст, ки агар аз вазну қофияи он сарфи назар кунем, бо ҳарф заданҳои мардуми одӣ камтарин тафовуте надорад.
Ба ҳеч рӯй қасди кӯчак кардани ин шеъри бисёр машҳури муосирро надорам ва гӯяндаи онро яке аз шоирони барҷастаи аср мешиносам, вале «қуръаи фол»-и баҳси ин лаҳзаи мо ба ин шеъри ӯ хӯрд ва ночор шудам ин чанд нуктаро дар бораи он ёдоварӣ кунам. Яқин дорам, ки хонандагони он шеър ва хонандагони ин ёддошт ҳам пас аз хондани ҳарфҳои ман бо ин фикр мувофиқат мекунанд, ки тамоми зебоию гироии ин шеър, яъне тақрибан 90 дарсади он ҳосили шуруи дилпазир ва беҳашву завойидест, ки дорад ва ҳамон як сатри охир, ки:
Бе ту аммо ба чи ҳоле ман аз он кӯча гузаштам, ки навъе ошноизудоӣ дар ҳавзаи ҳамон мисраи нахустин аст ва ин ду бахш «риторик»-и барҷастаи ин шеър ва омили кашишу ҷозибаи онро ойинагӣ мекунад. Агар шумо аз чаҳор сатри аввал ва як сатри охири ин шеър сарфи назар кунед ва он чиҳил сатри дигарро барои касоне, ки ин шеърро то кунун нахондаанд, бихонед, сари сӯзане таваҷҷуҳи эшонро ҷалб нахоҳад кард.
Ҳол як мисоли дигар мезанам аз як шеъри начандон машҳур, вале шоҳкоре, ки ҳар сатри он риторики хосу тозаи худро дорад ва он шеъри «Он гоҳ пас аз тундар»-и Ахавони Солис аст. Аз ҳамон мисраи аввал, ки мегӯяд:
Аммо намедонӣ чи шабҳое саҳар кардам…
Чунон хонандаро бо ин «аммо» дар оғози шеър масҳуру (асир) ғофилгир мекунад, ки ҷуз шигифтзадагӣ роҳе пеши пойи худ намебинад. Ин шеър ба лиҳози ҳаҷми сатрҳо ё мисраъҳо ҳудуди яксаду сӣ сатр ё мисраъ аст, тақрибан се баробари шеъри «Кӯча». Ҳар кас аз хонандагони ин ёддошт, аз ин лаҳза то қиёмат, тавонист як сатри «зойид» (зиёдатӣ) ё дастмолишуда дар он биёбад, ҳар ҷоизае, ки бихоҳад, ба ӯ тақдим мешавад. Ҳаҷми шеър бисёр зиёд аст ва қобили нақл дар ин ҷо нест. Ҳама кас метавонад онро дар баргузидаи шеърҳои Ахавон ё дар ҷунгҳову сафинаҳое, ки аз шеъри муосир нашр ёфтааст, бихонад. Дар ин шеър Ахавон як риторики сайёл офаридааст, ки ба таносуби ҳар лаҳзаи шеър иваз мешавад ва сурати тоза ба худ мегирад. Анвои илтифотҳои балоғӣ дар ин шеър вуҷуд дорад. Фазои синамоии ин шеър ба гунаест, ки шумо метавонед соатҳо дар ҳар ҷумлаи синамоии он диранг кунед. Ба ақиб баргардед ва боз аз нав шуруъ кунед ба хондан. Шояд дар адабиёти мудерни ҷаҳон камтар шеъре битавон ёфт, ки аз чунин имтиёзоте бархурдор бошад ва чунин бе ҳашву завойид ва бад-ин гуна саршор аз риторикҳои мутанаввеъ. Тамоми авомиле, ки дар як синамои халлоқи қобили тасаввур аст, аз навъи ҷумлаҳои синамоӣ то саҳнаҳо ва ёрӣ гирифтан аз анвои мусиқиҳои бадеъ ва бесобиқа, дар ин шеър ба камол қобили мушоҳида аст.
Агар бихоҳам барои ҳар сатри он ва ошноизудоиҳое, ки дар фазои он анҷом гирифтааст, ҳатто ба ихтисор чизҳоеро ёдовар шавам, китоби муфассал хоҳад шуд. Ғаразам аз ин ёддошт муқоисаи ду шеъри мутафовит ва мумтози ин аср буд, ки яке фақат дар даҳ дарсади он риторики зинда ва бадеъ вуҷуд дорад ва дигаре дар саросари он ин бидъатҳо мавҷ мезанад.
Дар шеъри асри мо (асри 20) Ахавони Солис худованди ибдоъи (навоварӣ) риторикҳои хиракунанда аст, чи дар шеърҳои кӯтоҳе аз навъи «Намоз», «Сабз» ва чи дар шеърҳои баланду намоишие аз навъи «Катиба» ва «Он гоҳ пас аз тундар». Аз шоҳкорҳои устодони бузурге ҳамчун Фирдавсӣ ва Низомию Мавлоно, ки бигзарем, навовариҳои Ахавони Солис дар ҳавзаи риторики шеър ҳамто надорад.
Мо дар баъзе аз шеърҳои Сипеҳрӣ «шуруъ»-ҳои бисёр дилангез дорем, мисли:
Чӣ касе буд садо зад: Суҳроб!
Ё:
Ба тамошо савганд…
Ё:
Обро гил накунем…
Аммо вақте ба даруни шеър меравем, сохторҳои наҳвӣ такрорӣ ва дастмолишудаанд. Танҳо ғаробати истиораҳо ва фазои ваҳмию номалмуси гуфтори Сипеҳрӣ аст, ки то ҳадде моро фиреб медиҳад ва то муддати кӯтоҳ маҷзуби худ мекунад. Нимо низ риторикҳои хоси худро дорад ва аз манзари баъзе шуруъу хатмҳо дорои ибтикорҳоест. Фурӯғ низ дар ин майдон бидъатҳо ва бадоеъе дорад.
Бояд бипазирем, ки бахши азиме аз таровати шеъри мудерни Эрон, дар тамоми шоҳкорҳояш, вомдори риторики шеъри фарангист. Мо аз онҳо омӯхтем, ки чи гуна як шеърро шуруъ кунем ва чи гуна онро ба поён бибарем ва чи гуна дар дохили «матн» аз илтифотҳои балоғӣ баҳраманд шавем.
Шомлу дар бозофаринии риторики шеърҳои фарангӣ дар шеъри асри мо мақоми аввалро дорад. Ӯ, ки дар корҳои ҷавонии худ масҳури риторики Маяковский, ба тарҷумаи Эҳсон Табарӣ, буд, баъдҳо аз риторики Алвор ва Арагон баҳраҳои бисёр бурд ва ҳавои тозаеро вориди шеъри муосири Эрон кард, аммо бештарини баҳрагирии Шомлу аз риторики шеъри фарангӣ баҳраест, ки дар ҳавзаи бозофаринии риторики Гарсиа Лорка доштааст…
Шафеъии Кадканӣ
(Таҳияи С. Фарзод)