30.5 C
Душанбе

Писарони «Зумрад»

Агар умр вафо мекард, адиби хушноми кӯдакон Насим Раҷаб 90-умин солгарди таваллудашро таҷлил мекард. Ӯ парвардаи муҳити фарҳангию тамаддунхези шаҳри Самарқарн буда, дабиристон ва Донишгоҳи Самарқандро ба поён расонидааст. Сипас ба Душанбешаҳр омада, дар рӯзномаи “Пионери Тоҷикистон”, ки ҳамакнун “Анбоз” ном дорад, ба кор оғоз кард ва 50 сол дар ин нашрия хидмат намуд. Бад-ин васила саросари Тоҷикистонро тай карда, олами пиндору рафтори хурдсолон ва назокату асолати пешаи омӯзгорро омӯхт ва бо таҷрибаи кофӣ ба эҷоди асарҳои бадеъӣ рӯй овард.

Ҳамин тавр, нахустин қиссааш “Рӯзномае, ки бояд навишта мешуд” (1987) эҷод шуд, ки рӯзгору маънавиёти кӯдаконро бозгӯйӣ мекунад. Дар идомаи фаъолияти эҷодияш силсилаи қиссаҳояш – «Ҷонам фидои яхмос», «Фара, Фира, Зара», «Муаттар», «Муаллими кӯча», «Ошиқи ситорачашм», «Асрори боғи бобом», «Хонае, ки сӯяш мешитобам», «Муждае, ки интизораш набуд», «Ишқи духтари яҳудӣ» ва монанди инҳо навишта шуд, ки аз сӯйи наврасон хуш пазироӣ гашт.

Насиб Раҷаб муаллифи камобек 100 қиссаву ҳикоя, асари намоишӣ ва очеркҳои бадеъӣ шумурда мешавад. Вай осори адибони хориҷӣ, бавижа “Муму”-и С.Тургенев, “Баргҳои хазон”-и Зайниддин Дӯстматовро аз забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ ба тоҷикӣ баргардон кардааст.

Хидматҳои ин нависандаи кӯдакон бо мукофотҳои “Хидмати шоиста”, Ҷоизаи адабии Садриддин Айнӣ, “Барои меҳнати шоён”, “Сухан” ва монанди ин тақдир шудааст.

Ба баҳонаи 90-солагии таваллуди Насим Раҷаб ёддошти ҳамсари ӯ – нависанда Сафияи Носир пешкаши хонандагони нуктасанҷи adab.tj мегардад.

ПИСАРОНИ «ЗУМРАД»

Солҳои вазнин буд. Дар осоишгоҳи «Зумрад» истироҳат мекардем. Дар назди ошхона ҳар рӯз чанд писарак ҳар гуна майда-чуйдаи барои истироҳаткунандагон зарур паҳн карда менишастанд. Мо аз онҳо гоҳо чизе мехаридем. Як бегоҳ ман дору харида берун мебаромадам, ки овози ҳамсарамро шунида бозистодам – Насим бо фурӯшандаҳои хурдсол саргарми суҳбат буд:

– Азизакони ман, ба шумо мақоле гуфтан мехоҳам: «Бо касе як маротиба вохӯрдӣ – ошно, ду маротиба рӯбарӯ шудӣ – хеш, се маротиба дучор омадӣ, бародар мешавӣ». Ман ҳисоб кардам, ки қариб чил маротиба вохӯрдем. Акнун гӯед, ки мо кӣ будаем?

– Набераю бобо, – ҷавоб доданд кӯдакон.

– Боракаллоҳ! Модом, ки чунин аст, дар Исфараи шумо фарзанд ба падару набера ба бобои хеш салом намегӯяд?

Писаракон табассум дар лаб, хиҷолатзада сархам шуданд. Яке бебоктар буд, ки пурсид:

– Як чиз пурсам, майлаш?

– Марҳамат, пурс. Донам, ҷавоб медиҳам, натавонам, дигарон ҷавоб мегӯянд, ин ҷо бисёрием.

– Агар савора бошам, ман ба шумо салом мегӯям ё шумо ба ман? – пурсид писарак.

– Албатта, ту ба ман салом мегӯйӣ.

Писарак сарашро ҷунбонда, ҷавоби Насим Раҷабро напазируфт.

– Нодуруст? – пурсид ӯ.

– Нодуруст, – тасдиқ кард писарак.

– Инро ба ту кӣ гуфт?

– Муллои деҳаамон.

Насим Раҷаб ба писарак наздик шуда, ба гӯшаш пичиросзанон чизе гуфт, ки ӯ бо завқ хандид. Баъди чунин суҳбат тоҷиракони хурдсол ба истироҳаткунандагон даст пеши бар гирифта, салом мегуфтагӣ шуданд.

ҲУСНИ ЮСУФ

Аз миёни тоҷиракони хурдсол таваҷҷуҳи Насим Раҷабро як нафар бештар ҷалб намуд. Амволи ӯ бисёр набуд. Рӯйи як пора селофани дарида 10-15 сақич, ду-се ҷӯроби занонаву мардона, ду собун, мӯйдарак, гӯгирд ва чанд қутича “Ҳусни Юсуф” гузошта буд. Гоҳо дар паҳлуи ин чизҳо маводи тозае низ пайдо мешуд, ки аз мадди назари Насим Раҷаб дур намемонд.

– Эҳе, имрӯз дуконат бой шудааст, – мегуфт ӯ ва ҳатман чизе мехарид…

Боре Насим Раҷаб тибқи одат рӯбарӯи ӯ қарор гирифт ва ба чеҳрааш нигариста пурсид:

– Имрӯз бо кӣ дастбагиребон шудӣ?

Писарак шармгинона сар хам кард. Дидам, ки бари рости рухаш чароҳатнок ва хунаш шах шудааст. Насим Раҷаб хам шуда аз «мағоза»-и ӯ қуттичаи “Ҳусни Юсуф” гирифт ва нархашро пурсид.

– Вазелин мехаред? Ҳазор сӯм! – посух дод писарак.

– Ман ҳам ҳазор бор гуфтам, ки бо пули тоҷикӣ нарх мон, на ба русӣ. Ин ҷо ҳам як гӯшаи Тоҷикистон аст. Ҳамин тавр не?

Писарак ҳисобу китоб кард ва билохира гуфт:

– Ҳафтод сӯм.

Насим Раҷаб як садсӯмӣ дароз кард. Дар тааҷҷуб будам, ки вазелин ба вай чӣ лозим бошад ё ин ҳам «ёрии башардӯстона»-и ӯст. Ин лаҳза ӯ сарпӯши қуттичаро кушода, наздиктари писарак рафт ва аз равғани он каме ба сари ангушташ гирифта, ба ҷароҳати рухсори вай молид.

– Ана, акнун то вақти домод шудан мисли Юсуф хушрӯ мешавӣ, – гуфт ӯ. – Фаҳмидӣ, писар?

ТАРКИ ОДАТ – АМРИ МУҲОЛ

Дар як рӯзи гарми тобистон Насим Раҷаб дар соҳили наҳри наздики манзилаш даст мешуст. Дар атрофаш бачаҳои бисёр оббозӣ мекарданд ва офтоб мехӯрданд. Ногаҳ як бача, шояд шамол хӯрда буд, ки атса заду аз соҳили дигар садои «Саломат бош!» баланд шуд. Бачаи атсазада ин садоро шунида бошад ҳам, ҷавоб нагуфт. Ӯ бори дигар атса зад ва боз ҳам аз он сӯ касе «Саломат бош!» гуфт. Ин дафъа низ писарак ҷавоб нагуфт. Насим Раҷаб инро мушоҳида карду аз бача пурсид:

– Писарам, аз он тараф овоз омад, шунидӣ?

– Ҳа.

– Чӣ гуфт?

– «Саломат бош!» гуфт.

– Ту ӯро мешиносӣ?

– Не.

– Чаро ҷавоб надодӣ?

– Чӣ гӯям?

– «Ташаккур! Шумо ҳам саломат бошед!» – гуфтан даркор. Вай ба ту саломатӣ мехоҳад, ту ба он тараф ҳатто нигоҳ намекунӣ. Ҷӯра, ин хел нашав, ба кори хуб пайравӣ карданро ёд бигир ва одат бикун.

Ин лаҳза ӯ боз атса зад ва аз соҳили дигар садои «саломат бош!» баланд шуд. Ин дафъа писараки атсазада «Ташаккур! Шумо ҳам саломат бошед!»-гӯён ҷавоб дод.

Насим Раҷаб инро шунида, ӯро таҳсин хонда гуфт:

– Офарин, ҷӯра. Акнун ба ту як маслиҳати дигар: баъди офтоб хӯрдан дигар ба об надаро, ба хонаатон рав, чойи гарм нӯшида дам гир. Ту, ҷӯра, зуком шудаӣ, пешгирӣ накунӣ, бемор мешавӣ.

Писарак «Раҳмат, тағо!» – гуфта, сару либосашро пӯшида, ҷониби хонаашон роҳ пеш гирифт.

ШАХОВОЗ

Як бегоҳ Насим Раҷаб аз канори майдончае мегузашт. Он ҷо бачаҳо бозӣ мекарданд. Духтараке бо овози хеле баланд гап мезад ва гумон мебурдед, ки ӯ бо касе ҷанг мекунад. Насим Раҷаб аз роҳ бозистода, он духтаракро наздаш хонд. Бачаҳои дигар низ ҳангоматалабона аз паси ӯ омаданд. Насим Раҷаб аз духтарак пурсид:

– Духтарам, туро касе ранҷонду озор дод, ки ин қадар бо қаҳру ғазаб дод мезанӣ?

– Не, – посух дод ӯ.

– Ё касеро барои ягон гуноҳаш танбеҳ медиҳӣ?

– Не, – гуфт ӯ дубора.

– Пас чаро, гӯё бо касе ҷанг мекарда бошӣ, баланд ҳарф мезанӣ? Овозат оламро мекӯчонад. Ё дугонаҳоят каранд?

Духтарон хандиданд. Яке бо аломати инкор сар ҷунбонду бо ҳайрат ба ин марди ношинос назар дӯхт.

– Духтари бомалоҳат менамоӣ, аммо садои баланд ҳуснатро коста, безеб менамояд, минбаъд ин хел бо садои баланд гап назан, атрофиён ман барин гумон мебаранд, ки ту бо касе дар ҷангӣ. Ҷангараат мехонанд… Аз одами арбадаҷӯю бадгап ҳама ҳазар мекунанд, духтарам. Аз ман маранҷу як духтари нарммуомилаи хушгап бош, ки ҳама дар ҳаваси гуфтори ту бошанд.

ХӮЙИ БАЧАГӢ

Як бегоҳ Насим Раҷаб аз тиреза ба боғчаи назди ҳавлӣ нигоҳ мекард, нохост бо шитоб берун давид. Ман, ки машғули таомпазӣ будам, фикр кардам бачае шохи дарахт ё буттаи боғчаро шикастанист. Хеле ҳаял кард. Вақти шомхӯрӣ фаро мерасид. Ман акнун ба суроғи ӯ аз хона мебаромадам, ки худаш омад.

– Медонӣ, барои чӣ берун давидам? – пурсид ӯ.

– Намедонам, – гуфтам.

– Як паранда дар пушти боғча миёни буттаҳо афтод. Давидам, ки онро бигирам, агар лат хӯрда бошад, ба хона оварда табобат кунам. Кошки онро пайдо мекардам. Бечораяк дар миёни хорбуттаҳо гум шуд. Наёфтам. Ҳаво тира шуд, чашмам нагузашт. Туъмаи гурба нашавад мегӯям…

…Чанде пеш мусичае чор моҳи расо, аз 7 декабр то 7 апрел дар хонаи мо чун узви комилҳукуқи оила озодона зист. Вайро писари хурдиамон дар иди Рамазон аз зиёрати қабристон, ки рӯйи барф афтода мехобидааст, оварда буд. Насим Раҷаб ҳамчун табиби ҳозиқи ҷонварон захми мусичаро табобат намуда, парвариш кард. Натиҷаи ин заҳмат қиссае шуд, ки дар бораи мусичаяк аз зери қалами ӯ ба дунё омад.

БА ҶОЙИ САДАҚА МАСЛИҲАТ

Насим Раҷаб раҳгузар буд ва чашмаш ба гадозане афтод, ки дар канори роҳ нишаста буд ва рӯмолаке наздаш густарда буд, ки пури пул менамуд. Ӯ ба гадозан наздик рафту диккак нишаста гуфт:

– Хоҳар, ба ту як маслиҳат доданиам, қабул бикунӣ, ба нафъи худат, агар не, ба зарарат аст.

Гадозан мутаҳаййир ба маслиҳатгар нигарист:

– Тағоӣ, чӣ маслиҳат медиҳӣ? Мегӯӣ, ки гадоӣ карданам хуб нест?

– Не, ҷони ширин, гадоӣ кардан гир, лекин пулҳоятро ин хел намоиш надеҳ. Роҳгузарон мебинанд, ки рӯмолат пури пул аст, аз нияти садақа додан гузашта, ба роҳашон мераванд. Ин ба ту зарар нест? Масалан, худи ман мехостам ба ту чанд дирам садақа диҳам, дидам, ки аз ман сарватмандтарӣ, аз ниятам гаштам. Чунки ин қадр пуле, ки назди ту хобидааст, дар кисаи ман нест.

НАСИБАБОНУИ ХУШРӮ

Як бегоҳ Насим Раҷаб дар боғчаи наздиҳавлигиаш машғули коре буд. Бачаҳо бинанд, ки вай он ҷост, бе такаллуф наздаш меомаданд, бо ӯ суҳбат мекарданд. Он бегоҳ ҳамсоядухтараке тахмин 7–8-сола наздаш омад. Лекин чун ҳарвақта хушҳолу беқарор не, ким-чӣ хел димоғсӯхтаву ғамгин менамуд. Ин ҳолати духтараки шӯху шаттоҳ аз назари Насим Раҷаб дур намонд. Ӯ кунҷковона пурсид:

– Насибабону, духтарам, туякакро касе ранҷонду озоре дод, ки хафа менамоӣ? Чашмони шарорапошат ғамгинанд.

Духтарак як оҳе кашид ва дарди дилашро беибо гуфт:

– Очаам Дилафрӯзро нағз мебинанд, доим тарафи ӯро мегиранд. Маро ҷанг карда «афти хунукат хушк шавад» гуфтанд. Амак, ман безебам-а?

– Не, ту безеб нестӣ, духтарам. Очаат аз сари ҷаҳл чунин гуфтаанд. Ту қаҳрашонро овардагистӣ-дия. Баъзан мебинам, ки гапи очаатро гӯш намекунӣ, духтарам. Ҷанги очаатро ба дил нагир, ту хушрӯйӣ, Насибабону. Ҳозир гуфтам, ки чашмонат шарорапошанд. Мӯйи сип-сиёҳи марғулаат-чӣ? Биничаи зебоят, гӯшҳои садафмонандат, лаби ақиқ баринатро ягон духтари гирду пеш надорад.

Аммо Насибабону сарашро ҷунбонда гуфтаҳои Насим-амакашро инкор намуда гуфт:

– Амакҷон, ман безебам, худамро дар ойина дидам охир…

Насим Раҷаб дид, ки духтарак ба суханонаш он қадр бовар надорад, қайчии токбурриро як сӯ гузошта, аз дасти ӯ гирифту гуфт:

– Ойинаи шумо худаш безеб асту дуруст нишон намедиҳад. Биё, ба хонаи мо равем, худатро дар ойинаи мо бубин.

Ӯ духтаракро ба хона оварда, чароғро гиронд ва ӯро рӯбарӯи ойинаи барқад гузошта гуфт:

– Бодиққат ба худат нигоҳ кун, бингар, ки ман рост мегӯям.

Пас ӯ аз нав бо муболиға гуфтаҳои хешро такрор намуд. Духтарак чанд дақиқа чеҳраи худро дар ойина бо диққат тамошо кард ва бовар намуд, ки амаки Насим рост мегӯяд, хушҳол ба кӯча баромад.

Сафияи НОСИР

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо