9.5 C
Душанбе

ПАЙКАРАИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ БУНЁД МЕШАВАД

12-уми октябри соли 2026 дар ҷаласаи кории Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳу рии Тоҷикистон бо ҳузури роҳбарияти Агентӣ, намо яндагони вазорату идораҳо, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, муассисаҳои илмӣ, расонаҳо ва коршиносони мустақил мавзуи «Асосҳои забоншиносии рақамӣ: бунёди пайкараи матнии забони тоҷикӣ ва ягонасозии истилоҳоти соҳавии фанно варии навин» баррасӣ шуд. Таъкид гардид, ки пайкараи матнии забони тоҷикӣ маҷмуаи муназзами матнҳои электронии санҷидашуда барои таҳқиқи забон ва таҳияи барно маҳои тоҷикӣ аҳаммияти хосса дорад. Ин захира метавонад дар таҳияи ни зомҳои санҷиши имло, тарҷумаи худкор ва ёварҳои рақамӣ истифода шавад. Бунёди пайкараи матнӣ ва ягонасозии истилоҳот заминаи муҳимми рушди технологияҳо бо забони тоҷикӣ мебошад. Пешбурди ин кор имкон медиҳад, ки захираи илмӣ ва адабии кишвар дар таҳияи абзорҳои рақамӣ истифода шуда, барои омӯзиш, таҳқиқ ва дастрасӣ ба иттилооту хизматрасониҳо бо забони давлатӣ имкониятҳои бештар фароҳам орад.

мақолаи гузашта
мақолаи навбатӣ
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо