25.4 C
Душанбе

Парвози аввалин (ҳикоя)

Вақте ки аввалин бор болои саҳна баромад, дунё дар назараш чарх зад, тамоми мавҷудоти атроф пеши чашмаш ба шакли номуайян табдил ёфт, нигоҳашро пардаи обӣ фаро гирифт, аз ҳаяҷони зиёд вуҷудаш ба ларза омад. Дигар мадори ба атроф нигоҳ кардан надошт. Ҳама иродаашро ҷамъ карда, бо сари хам ба миёнаи саҳна омад ва чашмонашро пӯшид, вале садоҳои атроф ӯро безобита мекарданд, ҷуръаташро мешикастанд. “На, набояд худро аз даст дод” – мегуфт зери лаб. Рӯзу ҳафтаҳо интизори ин лаҳза буд. Чи қадр барои ба саҳна баромадан тайёрӣ дид, шабҳо бедорхобӣ кашид, машқ кард! Бале, аз рӯзе, ки худашро мешиносад, то ин лаҳзаҳо зери навои таронаҳои модар тамрин мекард. Маҳз модар ба ӯ парвоз омӯхт ва аввалин тамошобину довараш буд. Орзуҳои шикаставу нуҳуфтаи худро модар дар ӯ медид. Ҳар гоҳ духтараки ноздонааш арғушт мерафт, аз шодиву фараҳ дар худ намегунҷид. Нишоти ӯ аз он буд, ки орзуҳои кӯдакияш айнан дар вуҷуди ҷигарбандаш пайдо шудаву акнун амалӣ мешаванд. Бисёр мехост ин лаҳзаҳои фараҳбахшро бо чашмони худ бубинад, вале бемории ногаҳонӣ замингираш кард…

Ҳоло ҳафтсад нафар ба тамошои ӯ омадаанд, ба ҷуз модар…

Бо ин ҷисми хурдакаки худ дили бузурге дошт, фарохтар аз Замин. Мехост бо ситораҳои осмон бошад, ҳамроҳи онҳо нурпошӣ ку над, бо онҳо рақс намояд ва муҳимтар аз ҳама аз он баландиҳои дастнорас заминеро, ки худ дар он зиндагӣ мекард, тамошо кунад. Шабҳо пинҳонӣ болои бом мебаромад ва бо ҳаяҷони зиёд моҳу ахтарони осмонро тамошо менамуд ва ҳеҷ аз дидани онҳо сер намешуд. Гоҳ-гоҳе зери навое, ки дар зеҳни худ менавохт, рақс мекард ва оҳиста-оҳиста болҳои кӯчаки худро барои парвоз омода месохт.

Инак, он рӯз фаро раси да. Ҳоло дар майдони парвоз қарор дорад. Ахиран таваҷҷуҳашро аз атроф бар канда, худро хаёлан дар назди модар тасаввур кард, табассуми самимонаи ӯ барояш неруву озодӣ бахшид. Ҳамин вақт оҳанги фораме садо дод. Аввал бо нӯги пойҳояш атрофи майдон оҳиста-оҳиста давр зад ва бо ритми наво ҳаракаташро тез намуд. Ногаҳон мусиқӣ авҷ гирифт ва ӯ чарх зад, болҳояш низ барои паридан омода шуданд ва инак парвози худро шуруъ кард. Пироҳани сафеди парпараш воситаи дигаре барои болу пар заданаш буд, ҳамон пироҳане, ки модар маҳз барои ин рӯз дӯхта.

Ӯ дар ин либоси сафед фариштаяки нозуку дилкашеро мемонд, ки бо як неруи осмонӣ пар мекушояд. Пойҳояш аз замин боло шуд, сақфи толор боз гардид. Мардум аз ин муъҷизаи ногаҳонӣ ба ваҷд омада, каф мекӯфтанд. Ӯ тамоми робитаҳои худро аз замин барканд ва бо ҳамон қувваи ҳайратовар бол мезаду бол мезад. Аз замин дур мешуду ба само наздик. Дар миёни анбӯҳи абрҳо пар мекушод, акнун замин як кураи хурди нақшинро мемонд, ки дар ҳаво муаллақ аст. Мусиқӣ якнавохт садо медод ва ӯро водор ба парвози баландтар мекард. Ин лаҳза боз вуҷудашро ҳаяҷони ширин фаро гирифт, ҳаяҷони пур аз шодиву фараҳ. Охир ӯ ба ситораҳо наздик мешуд. Масофаи начандон дур миёни онҳо боқӣ монда, тамоми ахтарони само ба истиқболи ӯ баромадаанд, гӯё ҳар шаб тамрини парвози ӯро дар болои бом тамошо мекарданд.

Ногаҳон аз миёни онҳо як ситораи пуроташ пайдо шуд ва босуръат сӯи ӯ шитофт. Дар рухсораи худ дарди ҷонкоҳеро ҳис кард ва якбора садои ханда баланд гардид. Бародараш бо хашму ғазаб сахт аз кокулони чилбофти ӯ дошт ва ҷисми хурдакакашро аз миёна берун кашид. Ҳазору чорсад чашм ин саҳнаи берун аз сенарияро тамошо мекарданд. Дар ҳамин ҳолат назари ӯ танҳо ба чашмҳо афтод. Чашмҳои ҳайратзада, чашмҳои хандон, чашмҳои маҳзуну ҳамдард, чашмҳои ҳаросон, чашмҳои… Ва ҳамин тавр, ӯро аз аввалин парвоз боздоштанд ва пару болашро шикастанд…

Фурқати НИЗОМ

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо