Одами баднафсро нони даҳонаш мекушад,
Шахси бадгуфторро захми забонаш мекушад.
Шавқу шӯри навҷавониро пайи ишрат мабар,
Беадабро ҷунбиши хуни ҷавонаш мекушад.
Кӯдаконашро агар н-омӯхт одобе падар,
Оқибат ноодамии кӯдаконаш мекушад.
Мебарӣ бо худ камон, аз тири он андеша кун,
Марди беандешаро тири камонаш мекушад.
Гар шиновар хешро бар сели дарё мезанад,
Ҳалқаи гирдоби дарёи равонаш мекушад.
То ки қад боло кунад, по монд дар болои дӯст,
Бевафоро дар ҷудоӣ душманонаш мекушад.
Гуфт Айюбӣ сухан аз синаи бедарду ғам,
Дарди он бедардҳои достонаш мекушад.
САФАРМУҲАММАД АЮБӢ
ШОИРИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН





