Моҳи январ раванди обуна ба нашрияи адабӣ ва фарҳангии кишвар “Адабиёт ва санъат” ҷамъбаст мешавад. Нашрияе, ки ҳама аз адабиёт, фарҳанг, маърифат, илм, ҳунар, зебоӣ ва муҳаббат менависад. Нашрияе, ки аз руҳияи миллӣ, арзишҳои миллӣ ва забону ҳастии миллат офарида мешавад. Нашрияе, ки ҳар ҳафта чун китоби атрогини маърифат рӯйи дасти Шумо қарор мегирад. Аммо ин ҳафта масъулони обунаи нашрия гузоришеро пешниҳод карданд, ки тибқи он дурнамои обуна ба ҳаф таномаи “Адабиёт ва санъат” барои соли оянда ҳамагӣ 70 дарсад иҷро шудааст. Рақаме, ки касро ба андеша фурӯ мебарад. Андешаву нигаронии хосса аз ду чиз: Якум, фаъолият ва мавҷудияти нашрияи адабии кишвар асосан ба обуна ва истиқболи хонандагон вобаста мебо шад. Яъне, агар хонандагони азиз дастгирӣ накунанду об уна нашаванд, фаъолияти нашрия халал меёбаду идомаи кори он мушкил мешавад. Дуюм, адади нашри ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” ҳамагӣ 11000 нусха аст, ки ҳатто ба 0,01 дарсади аҳолии кишвар баробар намешавад. Зеро ҳоло 1 дарсади аҳолии Тоҷикистони азизамон ҳудуди 110 000 нафарро ташкил мекунад. Яъне, агар ҳатто 1 дарсади аҳолии кишвар ба ҳафтаномаи адабию фарҳангии худ обуна шаванд ва ё харидаву бихонанд, адади нашри он на 9000, балки ҳудуди 110 000 нусха мебуд. Албатта, дар шароити рушди воситаҳои дигари дарёфти ғизои маънавию фарҳангӣ рӯзнома акнун сарчашмаи асосии маълумоту маърифат нест. Аммо, ин рақамҳои зикршуда низ ҷойи андеша дошта, оинаи нигоҳу муносибати умумии мо ба фарҳангу адабиёт мебошад.
Вале дар ин миён нуктаи рӯшану умедбахш ин аст, ки тибқи маълумоти хадамоти почтаи ҷумҳуриявӣ, то имрӯз як силсила шаҳру ноҳияҳои кишвар раванди обуна ба нашрияро ба таври васеъ ба роҳ мондаанд. Бинобар ин, мехостем сипосу қадрдонии хоссаи «Адабиёт ва санъат» ро барои то имрӯз пурра ба ҷой овардани дурнамои обуна ба нашрия ба роҳбарону масъулони шаҳру ноҳияҳои Исмо или Сомонӣ, Шоҳмансур, Сангвор, Хоруғ, Дарвоз, Ванҷ, Шуғнон, Хуҷанд, Кӯҳистони Масчоҳ, Бобоҷон Ғафуров, Бохтар, Норак, Хуросон, Левакант, Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ, Панҷ, Носири Хусрав, Кӯлоб, Темурмалик, Балҷувон, Ҳамадонӣ ва Муъминобод изҳору эълон намоем. Бовар дорем, ки шаҳру ноҳияҳои дигари кишвар низ аз иқдоми шаҳру ноҳияҳои зикршуда пайравӣ намуда, раванди обунашавӣ ба нашрияи адабиву фарҳангии худро бо ҷиддият ба анҷом мерасонанд. Ин аст, ки мо дар ҷамъбасти давраи обуна ба мардуми фарҳангдӯсту адабпарвари худ, хосса ба тамоми аҳли адабу фарҳанг, ба ҳаводорони илму маърифату андеша, ба аҳли ҳунару зебоиву зебоишиносӣ ва ба ҳар як шаҳрванди огоҳу боҳувияти кишвар муроҷиат менамоем, ки ба “Адабиёт ва санъат” обуна шуда, фаъолияти нашрияи ягонаи адабии кишварамонро дастгирӣ кунед ва ба ин восита дунёи худ ва муҳити хонаводаи худро саршор аз адабиёту фарҳангу зебоиву табассум созед. Дар бораи вазъи обуна дар идораву муассисаҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар дар шумораҳои оянда маълумот нома пешниҳод мешавад. Бо мо бошед, то ҳафтаномаи дӯстдоштаи Шумо фаъол бошаду худи Шумо хушнуд!





