6.1 C
Душанбе

ОЙИНАДОРИ ДУНЁИ БАЧАГОН

Соли равон ба зодрӯзи шоири маъруфи бачаҳо – зиндаёд Алӣ Бобоҷон 90 сол пур мешавад. Ба ин муносибат рӯзи 17-уми феврал дар Иттифоқи нависандагони Тоҷи кистон маҳфили ёдкарди шоири номбурда сурат гирифт. Ба маҳфил муовини аввали раи си Иттифоқи нависандагон Толиби Луқмон оғоз бахшида, дар бораи шеърҳои ӯ андешаронӣ намуд. Мудири бахши адабиёти кӯдако ну наврасон Насимбек Қурбонзода пиромуни эҷодиёти Алӣ Бобоҷон маърузаи худро ироа кард. Зикр гардид, ки ин шоири маҳбуб дар эҷодиёташ дунёи рангини хурдсолонро тасвири бисёрҷониба намудааст. Ба хулосаи маърузагар, шодравон кӯшидааст мавзуъҳои барои ҳар давру замон муҳимро дар шеър ҷо кунад. Дар қисмати музокира адибон ва донишмандон Ҷӯра Ҳошимӣ, Юсуфҷон Аҳмадзода, Сафияи Носир, Бадриддин Мақсудзода, Раҷабалӣ Қудратов, Мансур Суруш, Абдуғаффори Абдуҷаббор ва Шоҳ замон Раҳмон андешаҳои судманд иброз намуданд. Таъкид гашт, ки Алӣ Бобоҷон дар баробари шеърҳои бачагонааш ба рои калонсолон низ дар мавзуъҳои гуногун шеърҳои зиёд навиштааст. Мисолҳои рӯшан ифодагари он буданд, ки Алӣ Бобоҷон аз набзи шеъри дархӯри синну соли мухта лиф огоҳии комил дошт. Гуфта шуд, ки бо ашъори арзиш манди Алӣ Бобоҷон чандин насли хонандагони тоҷик тарбия ёфтаанд ва имрӯз низ ӯ дар радифи шоиро ни писандидатарини бачагони мо ҷойгоҳ дорад. Дар поёни чорабинӣ духтари шоир Нигина Бобоҷонова аз хислатҳои неки инсонӣ ва навиштаҳои таъсиргузори падараш ёдоварӣ карда, ба ҳозирин барои иштирокашон миннатдорӣ изҳор намуд.

«АС»

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо