Ба ғайри оташи сӯзон даруни сина надорам,
Чу санг ҳезуми дӯзах шудам ба фазли шарорам.
Агар забон бинамоям, забонаест аз оташ
В-агар даҳон бикушоям, ба ҷуз духон набарорам.
Маро ба «гулхани ҷовид» нисбат аст аз ин пас,
Ба гиря даст наёбад касе ба куштани норам.
В-агар сиришк хамӯшам кунад, насим карим аст,
Барад ба пойи азизони дил барои нисорам.
Дило, ту шуълаи сӯзандаӣ, ба ҳурмати сӯзат
Чу лола оташи Наврӯзро, бимон, бинигорам!
Нахуст дарнагирифтам, вале дар охири қисса
Шарори оташи андӯҳи ишқ рафт ба корам.
Агар зи хирмани хокистарам мазор бароранд,
Ҳазор чӯҷаи қақнус пар кашад зи мазорам.
***
Ту шояд беҳтар аз ҷонӣ миёни қалби беморам,
Зи ҳар ҷони дигар ҷуз ту мани озурда безорам.
Дили ман бе майи ишқат ба минои тиҳӣ монад,
Садо то дардиҳад дар бод, дил бар бод биспорам.
Ту ҳаргиз хуш надорӣ ҳарду иқрори маро, аммо
Дар ин дунё туро дорам, дар он дунё туро дорам!
Ба меҳри ту, ба қаҳри ту, ба раҳми ту, ба ҷаври ту
Гунаҳкорам, гунаҳкорам, гунаҳкорам, гунаҳкорам!
Агарки раҳматам орӣ в-агарки нафратам борӣ,
Сазоворам, сазоворам, сазоворам, сазоворам!
Ба хун ҳаргиз нахоҳам шуст маҷмуи сиёҳиро,
Сияҳрӯзам, сияҳбахтам, сияҳрӯям, сияҳкорам!
Маро дар хок оромиш нахоҳад буд бе авфат,
Агарчи ҷони ширинӣ, бубахш, осуда бигзорам.
***
Ҳар киро ёди Худо бар осмон дар мешавад,
Офтоб ӯро бародар, моҳ хоҳар мешавад.
Доғи моро мекунад сарпанҷаи марг ошкор,
Лолаи дилҳои мо рӯзе, ки парпар мешавад.
Лӯлие фоли маро медиду механдидамаш,
– Бар сари тобути ту, – мегуфт, – маҳшар мешавад.
Соҳибистеъдод бигрезонад аз худ ғайрро,
Ҳарки танҳо мешавад, бо ман баробар мешавад.
Меравад тарҳи падар як умр пешопеши ман,
Зери ҳар нахле, ки хобам, сояи сар мешавад.
Бӯсагоҳам остони хонаи модар бувад,
Дар Ватан гӯрам кунанд, оғӯши модар мешавад.
НОЛА
Вақти рафтан ба роҳ ҷониби кор
Марди девонаро ҳамемонам,
Шоирон мухлисони шеъри худанд,
Ғазаламро баланд мехонам.
Он яке қоҳ-қоҳ механдад,
Дигаре ханда мекунад хомӯш,
Ҷои ман шарм карда бонуе,
Сураташ сурх мешавад то гӯш.
Чӣ тавон кард? Ин гирифторӣ
Ман ба кас орзу намекардам,
Шеър мебуд гар гули фирдавс,
Ба Худо, ҳеҷ бӯ намекардам.
Шеър дард аст, дарди бедармон,
Шоирирост нола дар оғоз,
Ғазалам нолаи дил аст, рафиқ,
Ноларо мекашанд бо овоз!
БАРФИ САР
Ишқи ту пинҳон бувад дар қалби ман
Ҳамчу лаъли сурх андар ҷавфи санг,
Нанг нагзорад, ки ифшояш кунам,
Лаънати ҳарду ҷаҳон бар ному нанг!
Аз кадомин нанг суҳбат меравад?
Нанги пирӣ, нанги мӯҳои сапед,
Нанги барфи сар, ки аз сардии он
Гул нахоҳад руст дар марзи умед.
Ларза мегирад маро наздики ту,
Дил даруни сина муштам мезанад,
Гарчи оташ мефитад дар ҷони ман,
Ҳай ба рухсори дуруштам мезанад.
Дасту поям назди ту аз ман наянд,
Ҳолатам монад ба авзои баҳор:
Гиряҳоро ханда барҳам мезанад,
Хандаҳоро гиря меояд дучор.
То надонӣ ҳарфи ишқам баҳри туст,
Мешавам дар пушти ҳарфи худ баҷо,
Меравам аз пеши чашмат оқибат,
Меравам, аммо намедонам куҷо…
ХАТ
Медамад субҳу боз чун дирӯз
Меравам сӯи дафтари корам,
Боз як рӯз меравад бе ишқ,
Вой аз зиндагии такрорам!
Мешавад чанд сафҳае таҳрир
Бо хати мораки шикастаи ман.
Мисли ман вақт бо қалам рӯзе
Мекашад хат ба ҷисми хастаи ман…
ДАР КӮЧА
Кӯча пур аз садои ҳаёҳу,
Кӯча пур аз нидои ҳақорат,
Кӯча пур аз ҳавои ғурур аст.
Дар кӯча лутф мояи таҳқир,
Дар кӯча сабр ранҷи сабур аст.
Дар кӯча буду ҳаст ва мемонад
Истодагӣ хитоб,
Афтодагӣ суол,
Вақте ки дастҳои дарозанд
Имрӯз ҷои кӯдаки лӯлӣ
Мансуби модарони калонсол.
Дар кӯча ҳеҷ кас
Дунболи офтоб намегардад,
Урёнтарин касе, ки дар ин шаҳр аст,
Дар кӯча бениқоб намегардад…
ДАРАХТ
Ҳаст се чиз, ончи бахтам кардааст,
Беҳису сарду карахтам кардааст.
Ман ниҳоли дар биёбон рустаам,
Оби чашми худ дарахтам кардааст.
АТРИ СИЯҲГӮШ
Наврӯз ба сарзамини ман баргардад,
Шерозаи қоқу ба чаман баргардад.
Гар атри сияҳгӯш барад бод ба Ғарб,
Садсола ғариб бар Ватан баргардад.
РУБОӢ
Афсӯс аз ин пирии бефарҳангам,
Ҷуз маърифати оҳ накард оҳангам.
Ҳарчанд ба рӯйи дидааш ҷо додам,
Бигрехт ҷавонӣ аз раҳи ожангам.
***
То қадри вафо баробари хас нашавад,
Парвардани ишқ дар дилам бас нашавад.
Дар сад биравам, ба пои худ хоҳам рафт,
Ҷуз қомати ман асои ман кас нашавад.
ҚАТЛ
Ҳанӯз азбас бурудат рӯйи кор аст,
Зимистон дар дили ман барқарор аст.
Дилам меларзад андар маҳфили сӯг,
Гули бодом мақтули баҳор аст.
ДУБАЙТӢ
Ҳама сӯзи диламро сина гум кард,
Дилам холист, чун ганҷина гум кард.
Ба ҷуз пирии ман аксе надорад,
Ҷавонии маро ойина гум кард.
ҒАЗАЛ
Умри ман сарфи ба наҷми бахти худ наззора шуд,
Солҳо рафтанду тира тарҳи ин сайёра шуд.
Бар тамошои худам саргарм будам, оқибат
Акси ман бо оина афтоду садҳо пора шуд.
Як диле дар ихтиёрам доштам, он мушти хун
Сахт шуд аз сахтии айём, санги хора шуд.
То ман аз гаҳвора дасту пойи худ берун задам,
Осмон гаҳвораҷунбону замин гаҳвора шуд.
Ишқро бо ҷон парастидам, тавонамро гирифт,
Ҳаркиро бар ёрии худ хостам, патёра шуд.
Маргро як лаҳза мехонанд, аз бахти дурушт
Зиндагонии дили ман мурдани ҳамвора шуд.
Ҷуз сухан аз неъмати дигар гузаштам бедареғ,
Шеърро нозам, ки охир чораи бечора шуд.
Давлати РАҲМОНИЁН