Ҳар боре ки оҳангҳои ҷаззобу марғуби тавъам ба каломи баланду ноби ӯ садо медиҳад, шунавандаи маънифаҳмро эҳсоси аҷибе фаро мегирад, саропо гӯшу ҳуш мешавад, беихтиёр дасти андеша доман мегирад ва олами дигарро бо сарсабзию шукуфоӣ, резиши майдаборон, нағмаи булбулони хушилҳон, майсаи наврустаи канори ҷӯйборон, дашту дамани лолапӯш, осмони нилии софу беғубор пеши назараш падид меорад ва ба дилу дида нуру сафо, ба табъ болидагию ба хотираш осудагӣ мебахшад.
Ҳамбастагии оҳанги дилнишину матни воло ва садои ширину гӯшнавозу ширадор олами аз ҳикмату роз саршорро ба пайдо меорад ва шунавандаро ба ниҳодани сар ба зонуи тафаккур водор менамояд, то ба фикр фурӯ бираваду дарёбад, ки мурод аз зиндагӣ чист ва чӣ гуна бояд зист.
Дарки рисолати баланди пешанамуда, саҳлу осон напиндоштани ҳунар, хобу роҳатро канор гузоштан, шабу рӯз пайи ёфтани абёти баландмазмуну эҷоди зарбу оҳанги ба он мувофиқ заҳмат кашидан, дар назди рӯҳи поки пирони ҳунари овозхонии миллӣ ва шунавандагони худ эҳсоси масъулият намудан барои ҳунарманд замина фароҳам меорад, ки чунин нерУи бузурги барои шунаванда муассирро ба вуҷуд оварад. Дар сурати ғайри ин беҳ он бошад, ки барои тағйири шуғли хеш тасмим бигирад, зеро фурсати ҳастии чунин ҳунарманд дар ёдҳо хеле кӯтоҳ аст ва зуд фаромӯш мегардад.
Рӯйи саҳнаи овозхонӣ омадани ӯ ба лаҳзаи тулуи ғайриинтизори Офтоб дар ҳавои абрӣ мемонд, Офтобе, ки бо анвори роҳатбахши худ натанҳо оламро мунаввар мекунад, балки онро ба сурати дигар пеши дида ҷилвагар месозад ва зеботару дӯстдоштанитараш мегардонад. Омаду дар дили дӯстдорони созу мусиқии суннатӣ шӯру валвала афканд. Дар фурсати кӯтоҳ номаш вирди забонҳо шуд. Натанҳо ҳамзабонони бурунмарзӣ, балки аз миёни халқҳои дигар низ ҳампешагонашро шефтаи ҳунари худ гардонд. Ҳар матнеро, ки баргузиду ба он оҳанг баст, хоҳ аз шоирони классик буду ҳоҳ муосир, саршор аз панду андарзу ҳикмату ҳушдор буд ва аз дил бархосту бар дил нишаст. Ҳамин буд, ки дере нагузашта, сурудаҳояш дар маҳфилу тӯю сур аз сӯйи овозхонҳои мухлис бозхонӣ гардиданду то кунун ин раванд идома дорад. Сабаби чунин маҳбубият пайдо намудани ӯ пеш аз ҳама дар он буд, ки садояш ба ҳеҷ овозхони дигар ҳамсонӣ надошт, услубу шеваи сурудхониаш низ тоза буд, оҳангҳояш оҳари тозакорӣ доштанд, дар қатори рубобу тору доираву дигар созҳои мусиқии суннатӣ ба таври густарда аз баяну аккоредиону армония истифода бурд. Мусиқии суннатии миллиро бо сабки ҳиндию афғонӣ ва ғарбӣ омезиш дод. Аз нахустовозхонҳое буд, ки ба шеърҳои нимоӣ дар мисоли “Қуи сафед”-и устоди равоншод Муъмин Каноат оҳанг баст, ки аз маҳорати волои оҳангсозиаш гувоҳӣ медод:
Навоҳо об мегардад,
Ба рӯйи саҳна мерезад,
Садо аз мавҷҳои реза мехезад…
Бо шева ва лаҳни хос рез ва ё ба ибораи дигар, шаҳдхониро ба авҷи баланд расонид. Қабл аз пешниҳоди суруди ба маънӣ баланд бо интихоби байтҳои гуҳарбору муассир, ки аз нигоҳи муҳтаво бо матни суруд тавъам буданд, шаҳд мехонду комҳоро ширин мекард ва ба ин васила шунавандагони худро барои дарки маънӣ омода менамуд:
Мастӣ баҳона кардаму чандон гиристам,
То кас нагӯядам, ки гирифтори кистам.
Ё Раб, чӣ чашмаест муҳаббат, ки ман аз он
Як қатра нӯш кардаму дарё гиристам.
***
Ҳарчанд пиру хастадилу нотавон шудам,
Ҳар гаҳ ки ёди рӯйи ту кардам, ҷавон шудам.
Шукри Худо, ки ҳар чи талаб кардам аз Худо,
Дар мунтаҳои ҳиммати худ комрон шудам…
То охири солҳои ҳаштодуми қарни гузашта наъту қиссахонӣ дар шабнишиниҳо ба ҳукми анъана даромада буд ва ӯ бо тафовут аз аксари овозхонҳои мардумӣ, ки чашми хатти форсӣ надоштанд ва илова бар ин, тарбиятдидаи қиблагоҳи аз илму адабиёт огоҳаш – бобои Назрихудо буд, қиссаҳои зиёде аз қабили “Ғарибнома”, “Сангтарош”, “Маҷнуннома” ва ғайраро азёд медонисту соатҳо месуруд ва гоҳе чунин ҳам мешуд, ки то фарорасии субҳдам аз хидмат ба мардум канор намерафт.
Сабаби дигари маҳбубияти ин марди ҳунар, дар баробари гавҳаршиносу маънисаро будан, оҳанг бастану сурудани ашъори шоироне буд, ки ағлаби мардум ҳанӯз бо осори онҳо хуб ошноӣ надоштанд. Ин онро бозгӯ мекард, ки мавсуф ҳамеша дар такопӯву ҷустуҷӯ буда, доираи мутолиааш хеле фарох аст. Ин ҳама дар замоне буд, ки шуҳрати овозхонӣ ба номи устодон Зафар Нозим, Одина Ҳошим, Ҷӯрабек Мурод, Абдулло Назрӣ, Барно Исҳоқова, Иброҳим Кобулӣ ва чанд тани ангуштшумори дигар муҳр зада шуда буду ном баровардану мавриди эътироф қарор гирифтан барои ҳар навқадами майдони ҳунари овозхонӣ саҳл муяссар намегардид. Аммо ӯ натанҳо муваффақу шуҳратёр шуд, балки дар як муддати кӯтоҳ мактаби хоси овозхонии хешро таъсис доду шогирдонро ба таълим фаро гирифт ва тавонист дар синни бистушашсолагӣ (соли 1972) барномаи рангини ҳунарии худро бо ширкати шогирдон дар пойтахти кишвар ба ҳаводоронаш пешкаш намояд. Чунин иқдом дар ин синну сол, агар аз як сӯ ҷасоратро тақозо мекард, аз сӯйи дигар далели он буд, ки ӯ ба истеъдоду ҳунари худододи хеш итминон дошт ва дилпур буд, ки дар ҷодаи интихобнамудааш, ки шебу фарозҳои бешумор дорад, дуруст гом ниҳодааст. Баъди пешниҳоди нахустбарномаи ҳунарӣ маъруфияташ дар миёни мардум боз ҳам бештар гардид ва дар ҳама минтақаҳои кишвар ҳаводорони зиёд пайдо карду сурудҳояш, ба мисли “Шудам ошиқ ба рухсорат”, “Аз дасти ғамат”, “Дидам нигори худро”, “Подшаҳи хубон”, “Модари ман” ва ғайра вирди забонҳо гаштанд.
Устод дар як суҳбати хоса ёди солҳои ҷавонӣ намуда, қисса кард, ки дар водии Вахш меҳмони хонадони як дӯсти қаринам будам. Ҳамон шаб моро ба тӯйи марди сарватманди ҳамдеҳааш даъват намуданд. Он солҳо хеле ҷавон будам. Чун диданду шинохтанд, хоҳиш карданд, ки чанд суруд бихонам. Овозхонеро, ки барои обод кардани маъракаи сур даъват карда буданд, он замон ному шуҳрати бузург дошт. Узр пеш овардам, ки чун устод ҳузур доранд, суруд хондани ман аз рӯйи одоб нест. Аммо дар раъйи худ истодагарӣ карданд, бо иҷозати устод маҷбур шудам, ки аз даъваташонро пазирам. Ҳамагӣ ду суруд хондам. Дигар ҳарчанд исрор карданд, шарти адаб набуд, ки қабул бикунам. Хулоса, бо гузаштани посе аз шаб тӯй хотима ёфт. Мо ҳам дар қатори дигарон хостем, ки тарки макон бикунем. Дӯстам табассуми малеҳ дар лаб гуфт: “Гумон кардӣ, ки ба осонӣ раҳоят мекунанд?”. Манзураш баъди бурун омадан аз тӯйхона бароям рӯшан шуд. Моро ба клуби деҳа роҳнамоӣ карданд. Чун ба он ҷо рафтем, аллакай аз ҳаводорон пур буд. Наметавонистам, ки эшонро ноумед бикунам. Дар тӯли чанд соати дигар хотири мардумро шод кардем…
Бале, бо вуҷуди ҷавонияш, аллакай номаш вирди забонҳову худаш маҳбуби ҳамагон гардида буд. Ҳар ҷо, ки мерафт, гарм истиқбол меёфт, зеро сарфи назар аз шуҳрату мақому мартабааш бо хурду бузург аз тавозуъу ширинзабонӣ кор мегирифт, бо даст бурдан ба домани хидмату соатҳои тӯлонӣ сурудани абёти саршор аз панду ҳикмату андарзи инсонсоз посухи меҳрубонии мардумро медод ва ба ин васила рисолати баланди хешро дар назди миллати сарбаландаш бо сарбаландию рӯсурхӣ анҷом медод.
Агарчи ҳунарманди нотакрор, донишманди фарҳехта, устоди зиндаёд Ҷӯрабек Назрӣ имрӯз дар миёни мо нест ва ҷояш холист, бо хидмати мондагоре, ки дар роҳи илму ҳунар анҷом доду аз худ осори гаронбаҳои илмӣ ва ҳунарӣ боқӣ гузошт, номашро дар дили ҳаводорони каломи ноб умри ҷовидона бахшид.
Ёдаш ҳамеша гиромӣ бод!
Сироҷиддин ИКРОМӢ