Ба муносибати 700-умин солгарди умри Ҳофизи Шерозӣ, шоири классики тоҷик дар Тоҷикистон таҳияи филми мустанад шуруъ гардид. Дар ин бора “Тоҷикфилм” хабар медиҳад.
Тибқи иттилоъи ин манбаъ, қарор аст ин филм дар моҳи июни имсол дар қароргоҳи ЮНЕСКО намоиш дода шавад.
Гуфта мешавад, филмнома бо ҷалби адабпажуҳон Шодимуҳаммад Сӯфизода, Бадриддин Мақсудов, Шарифмурод Исрофилниё ва Муҳриддин Низомӣ дар давоми 2 моҳ рӯйи кор омадааст.
Манбаъ афзуд, ки дар сохти филми мустанад аз манобеъи илмии Фарҳангистони миллии улуми Тоҷикистон ва бойгонии “Тоҷикфилм” баҳрабардорӣ мешавад.
Мавзуъҳои ишқ, бозтоби замона, сабк ва шуҳрати Ҳофиз, таъсири эҷодиёти ӯ ба фарҳангҳои ҷаҳонӣ, арзишҳои озодихоҳӣ, инсондӯстӣ, ва таҳаммулпазирӣ дар эҷодиёти ӯ, нақши ашъори Ҳофиз дар рушди мусиқӣ, аз ҷумла “Шашмақом” ва дигар ҷанбаҳои ҳаёту эҷодиёти Ҳофиз дар ин филм бозтоб дода мешавад.
Ёдоварӣ мекунем, ки Ҳофизи Шерозӣ 31-уми мартии соли 1325 дар шаҳри Шероз (ҳудуди кунунии Эрон) зода шудааст. Номи шоир Шамсиддин Муҳаммад буда, азбаски Қуръонро азёд медонист ва ба 14 навъ онро тиловат мекард, тахаллуси “Ҳофиз”-ро сазовор шудааст.