Ва шайх гуфт: Дар ин шаҳр пир марде буд сахт нодору бенаво. Ин марди пир рӯзҳо ба кӯйҳои аъённишини шаҳр рафтӣ, зуболадонҳои ағниё ҷустуҷӯ кардӣ ва ҳар порае аз обгина ва филиз, ки дидӣ, бардоштӣ ва дар кисае бикардӣ, то он киса аз он пораҳо анбошта шудӣ. Он гоҳ он киса бар дӯш гирифтиву ба бозор шудӣ ва он пораҳои обгинаву филиз ба дирҳаме чанд бифрӯхтӣ ва бо он нақдинаи ночиз ду-се гирда нон харидиву ба кулбааш бурдӣ, ки ба дур аз шаҳр ҳамебуд.
Рӯзе наздики сарои бозаргоне порафилизе бидид, ки гӯште бар он часбида буд. Хост он порафилиз бардораду дар киса кунад, ки саге хашмгин ғуррид ва бо чашмҳои шарарбор ба ӯ нигаристан гирифт.
Солхӯрдамард дарёфт, ки ин саг низ он порафилиз хоҳад, аз баҳри он порагӯшти гандида. Пас навмеду ғамзада бар замин биншаст ва ба саг гуфт: “Эй махлуқи Худо, биё, то муомилае бикунем!”
Саг хашмгинона пурсид: “Чӣ муомилае, эй мард?”
Мард бо фурӯтании бисёр гуфт: “Ту колбуди сагиат ба ман бидеҳ ва ин колбуди одамии ман баргир!”
Саг лахте диранг кард ва сипас гуфт: “Эй одамӣ, магар девона шудаӣ? Охир, ин кор чӣ гуна тавонад шуд?”
Мард гуфт: “Ман дарвеше шиносам, ки тавонад аз паси ин кор барояд. Акнун агар мувофиқат кунӣ, ба наздики ӯ шавем.”
Саг пас аз тааммуле гуфт: “Хуб аст… Ман бад-ин муомила ризо диҳам!”
Пас ҳарду ба наздики дарвеш шуданд ва мољаро бозгуфтанд. Дарвеш, ки гуфтаҳои он одамӣ ва он ҷонвар бишнид, сар фурӯ андохт ва риққате ба ӯ даст бидод.
Саг ришхандомез гуфт: “Эй дарвеш, чунон бинам, ки аз паси ин кор барнаёӣ!”
Дарвеш сар баланд кард ва оҳе сард аз сина баркашид. Он гоҳ вирде бихонд ва бар он ду бидамид. Дар дам колбудҳои он ду иваз шуданд. Он мард саг бишуд ва он саг ба сурати одамӣ даромад.
Мард, ҳамин ки худашро дар колбуди саг ёфт, шодмона овоз баровард ва бе он ки диранге бикунад, шитобон аз он ҷо бигрехт ва нопадид бигашт.
Рӯзе чанд, ки бигзашт, саг аз он зиндагии одамивору он муомила сахт пушаймон шуд. Пас ба ҳар кӯву барзан ҳамегашт ва он марди сагшуда талаб ҳамекард, то колбуди сагии худаш бозгирад ва он сурати одамӣ ба пирмард вопас диҳад.
Ва шайх гуфт: Шунидам, ки он мард дар колбуди сагии худаш басе хушнуд буду шодиҳо ҳамекард ва низ аз бими он ки он саги одамишуда мабодо аз муомилае, ки рафта буд, пушаймон гардаду колбуди сагии худаш бозхоҳад, ин шаҳр раҳо бикард ва ба сарзамини дурдасте бирафт.
Ман ин ҳуруф навиштам, чунон ки ғайр надонист,
Ту ҳам зи рӯи каромат чунон бихон, ки ту донӣ.
(Ҳофиз)
Раҳнаварди ЗАРЁБ