22.4 C
Душанбе

«ОБ – ОБ» Ё «ОБИ НОБ»?

Силсилаи мақолаҳои ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» дар бораи фуруду фарозҳои ҳунари овозхонӣ бисёр ҷолиб буда, бешак хонандагони пуршумор, аз ҷумла овозхонҳои ҷиддиро ба андеша водор ва ҳатман ба беҳбуди камубеши ин кор мусоидат мекунад.

Банда низ мухлиси ин ҳунари волост, аз ашъори баланде, ки ҳунарпешагони андешаманд мехонанд, бисёр хушу миннатдор мешаваду аз ҳазёнҳое, ки гурӯҳе пешниҳод мекунад, дилтангу дилафгор ва пайваста осори ин санъати волоро мешунаваду перомуни беҳбуди он меандешад.

Чанде пеш боз таронаи зебоеро шунидам, ки дар Тоҷикистону Афғонистон зиёд иҷро мешавад. Ҳар иҷро ҳусну тароват ва таъсиру таассуроти хос дорад ва ин ҷиҳат аз заминаи устувори он – сухани баланд, оҳанги мувофиқу дилрас ва иҷрои самимии воқеан ҳунармандона бармеояд.

Биёед, аз нақароти суруд шуруъ кунем:

Гулдономон гул надора,

Хурӯсо кокул надора,

И ёре, ки ма дорум,

Кӯлобу Кобул надора,

И сӯзе, ки ма дорум,

Ҷигари булбул надора!

Чӣ олист ин пора! Қаҳрамонаш дар қаламрави бузурге – аз Кӯлоб то Кобул – назири ёри худро намебинад ва сӯзашро аз сӯзи ҷигари булбул бештар медонад!

Лекин… Чаро «Хурӯсо»? «Хуросон» бошад (номи духтар)? Ё Хиромон? Бояд саҳеҳ талаффуз шавад. Ба ҳар ҳол «Хурӯсо» маънӣ надорад. Шояд овозхонҳо тоҷи овезонашро кокул гуфтаанд, аммо чӣ зишт аст он дар нисбати кокули сиёҳ ё тиллоранг ва хушрӯю хушбӯи ёр!

Батакрор бояд гуфт, ки бисёр суруди зебост, лекин агар ин гуна носаҳеҳиҳояш бартараф бишаванд, камназир хоҳад буд.

Инак, рубоие аз он суруд:

Хандонсифате дар таҳи долон шиштай,

Зулфоша ба об-оби борон шуштай.

Гуфтум, биравум бӯса кунум аз лабакош,

Хандиду ба ғамза гуфт: бобом шиштай.

Аз калимаи нахустин сар кунем, ки маънӣ надорад. Ақаллан бояд «хандонлабаке» гуфт, ки ҳам сифати ёр бошаду ҳам бо хандаю ғамзаи дар сатри охир зикршудаи ӯ бичаспад.

«Зулфоша ба об – оби борон шуштай». Ғалате надорад, лекин назокату латофате, ки хоси рубоиҳои халқист, иҷоза намедиҳад, ки чунин такрори сода манзур бишавад. Бинобар ин, ба андешаи мо меҳру муҳаббат ва мафтунию самимияти ошиқ бояд амиқтару зеботар, латифтару нозуктар баён шуда бошад. Гумон мекунем, ки аслаш «Зулфоша ба оби ноби борон шуштай» аст. «Об», «ноб», «борон» – чӣ савтиёти гӯшнавозу дилнавоз, ки такрори нозаруру нобарҷоро бекор мекунад.

Андешаи дигар сари мисраи чорум аст: «Хандиду ба ғамза гуфт: бобом шиштай». Чаро такрори қофия? Шояд баъзеҳо бигӯянд, ки шеъри халқист-ку! Дар шеъри халқӣ чунину чунонҳо зиёданд! Не, бародарон, баръакс, шеъри халқӣ бисёр ҳамвору пурбору нотакрор аст ва агар ҳарфу сатри ноҳамвору ногувору такроре ҳам бошад, аз саҳлангории мост, аз бе[1]диққатии котибону ровиёну ҳофизон аст. Танҳо ба як мисоли дигар муроҷиат мекунем:

Чашмам ба раҳи омаданат чор шудаст,

Гулҳои ҷаҳон дар назарам хор шудаст.

Гулҳои ҷаҳона бӯ кашам, бӯи ту нест,

Сад шаҳра ба шаҳр гаштам, монанди ту нест.

Магар қаринаи «сад шаҳра ба шаҳр гаштам, чун рӯи ту нест» аз эҳтимоли аслияти мисраъ дур аст?

Ин – дар омади гап.

Ва акнун боз ба асли мақсад – ҳамон суруди зебо бармегардем. Агар манзараи дар он тасвиршударо хубтар тасаввур бикунем, бештар ба асли ҳол мерасем: ошиқ маҳбубаи бемислашро дида обу адо шудааст ва бисёр мехоҳад бираваду бибӯсадаш. Лекин… дилбараки шайтонак ба ишва механдаду ба ғамза ошиқи бехудгаштаро огоҳ мекунад, ки «бобом пуштай»! Яъне, бохабар бош, ки бобом дар пуштат аст! «Пуштай», «пуштатдай», «пуштатандаҳай» ифодаҳои маъмули тоҷикианд, ки дар гуфтугӯи мардумони минтақаҳои гуногуни кишвари мову ҳамсоямулкҳо фаровон истифода мешаванд.

Ба ин тариқ, аз назари мо асли рубоии мазкур ба чунин сурат ҷилва мекунад:

Хандонлабаке дар таҳи долон шиштай,

Зулфоша ба оби ноби борон шуштай.

Гуфтум: биравум бӯса кунум аз лабакош,

Хандиду ба ғамза гуфт: бобом пуштай!

Сурудҳо, таронаҳо, рубоиву дубайтиҳои халқӣ осори пурбаҳои дар тӯли асрҳо сайқалёфтаи софу шаффофеанд, ки дилу рӯҳи мардумро ифода мекунанд. Мутаассифона, як ҳарф, вожа, Худо накарда, сатри онҳо беҷо дигар карда шавад, ҳазф ё илова шавад, хато хонда шавад, он таассуроти беғаши аввал ҳамоно барҳам мехӯрад. Бахусус имрӯз, ки фолклоршиносӣ тақрибан аз байн рафтааст, бояд муносибати дилсӯзона ба ҳар ҳарфу ҳар сатри осори мардумӣ кори ҳамагон, бахусус сарояндагони хушзавқе бошад, ки аз ин осори гаронбаҳо истифода мекунанд ва масъули ба шунавандагон расондани сухани солиму навои дилраси миллианд.

Пури ҶАҲОНГИР

мақолаи гузашта
мақолаи навбатӣ
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо