Аз Эрони азиз хабари хуш расид. Тариқи нашриёти “Хирадгон” китобҳои хоҳарони барӯманд – шоири номвари тоҷик Фарзонаи Хуҷандӣ таҳти унвони “Сетор” ва донишманди маъруф Матлубаи Мирзоюнус Хоҷаева бо номи “Маҳастӣ: Рӯзгор ва осор” ба нашр расидааст.
1. “СЕТОР” гулчини ғазалиёти Шоири халқии Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Фарзонаи Хуҷандӣ аст. Ғазалиёте, ки дар китоби мазкур фароҳам омадаанд, дар солҳои гуногун суруда шуда, аз ҷониби духтари аршади шоир, номзади илми филология Шоҳонаи Озарахш интихоб гардидаанд. Ин китоб, соли 2024 аз ҷониби нашриёти “Ирфон”, ба муносибати 60-солагии мавлуди шоир ба нашр расида, ғолиби озмуни “Китоби сол” низ шуда буд.
Дар Теҳрон “Сетор” бо кӯшиши дӯсти азизи мо, дилбанди адабиёти тоҷик Муҳсини Фараҳбар ба чоп расид. Албатта, “Сетор”-и нашри Теҳрон аз нашри Тоҷикистон тафовутҳое дорад, ки дар тақризи муфассал дар он бора суҳбат хоҳад шуд. Муҳсини азизи мо то ба имрӯз китобҳои “Номаҳои Абулқосим Лоҳутӣ ва Садриддин Айнӣ” ва “Одина”-и устод Айниро ба зевари табъ ороста, ҳамчунин дар нашри вежаномаи “Самарқанд”, ки ба устод Рӯдакӣ ва Наврӯзи Тоҷикистон бахшида шудааст, бо сардабири маҷалла Алии Деҳбошӣ ҳамкорӣ кардааст.
Муҳсинҷон ҳанӯз ният дорад, ки чандин китоби дигарро аз адибони тоҷик ба нашр расонад, ки дар ин кор ба эшон барор мехоҳем.
Мавриди таъкиди хос аст, ки тарроҳии муқоваи китоби мазкур амали дасти рассоми мониқалам, бародари азизи мо Тоҳир Назар аст, ки дар муддати кӯтоҳ 10 гуна тасвир офарид, ки яке интихоб шуд.
2. “МАҲАСТӢ: РӮЗГОР ВА ОСОР”.

Ин китоб яке аз корҳои бунёдии адабиётшиноси тавонои тоҷик, доктори илми филология, профессор Матлубаи Мирзоюнус аст. Аксарият медонанд, ки таҳқиқи рӯзгор ва осори бонувони суханвар яке аз самтҳои муҳими пажӯҳишҳои профессор Матлубаи Мирзоюнус буда, зери унвони “Хубони порсигӯ” номбурда чандин китобу мақола навиштааст. Аз ҷумла: “Сиришке дар лола. Нигоҳе ба зиндагӣ ва осори Робиаи Балхӣ” (1998, 158 саҳ.), “Шукуфаи андӯҳ. Нигоҳе ба зиндагӣ ва ашъори Фурӯғи Фаррухзод” (1999, 232 саҳ.), “Шамъи Тироз. Нигоҳе ба зиндагӣ ва ашъори Маҳастии Хуҷандӣ” (2001, 324 саҳ.), “Ҳамзоди тӯфон. Нигоҳе ба рӯзгор ва осори Гулрухсор” (2007, 256 саҳ.), “Шарҳи 60 ғазали Фарзона” ва ғ. Ҳамчунин Матлубаи Мирзоюнус дар бораи рӯзгор ва осори Зебунисо (Махфӣ), Нодира (Макнуна), Мастураи Курдистонӣ, Дилшоди Барно, Зулфия Атоӣ, Парвини Эътисомӣ, Симини Беҳбаҳонӣ ва дигар бонувони суханвар мақолаву нақдҳо таълиф карда, матни нахустин тазкираи занон “Ҷавоҳиру-л-аҷоиб”-и Фахрии Ҳиравиро таҳияву нашр кардааст.
Тавре ишора шуд, Матлубаи Мирзоюнус наздик ба 30 сол аст, ки таҳқиқи рӯзгор ва осори Маҳастии Хуҷандӣ (шоири забардасти қарни XII) машғул аст ва китоби нахустинаш “Шамъи Тироз” соли 2001 нашр шудааст. Муҳаққиқ пажӯҳишҳои худро идома дода, соли 2021 китоби“Рӯзгор ва осори Маҳастии Хуҷандӣ”-ро дар 564 саҳифа тариқи нашриёти “Хуросон”-и Хуҷанд ба нашр расонид. Инак, ин таҳқиқоти арзишманд бо сарсухани донишманди тавоно, узви вобастаи АМИТ, сафири Тоҷикистон дар Эрон, профессор Низомиддин Зоҳидӣ ба нашр расидааст. Ин китоб бо кӯшиши дӯсти дигари тоҷикшинос ва тоҷикдӯсти мо Ораши Эронпур ба нашр расидааст. Ораши азиз ҳам дар нашри китобҳои муҳими тоҷикон, аз ҷумла осори устод Садриддин Айнӣ, Абдуррауфи Фитрат, Намоз Ҳотамов, Ҳаёт Неъмати Самарқандиро дар Эрон нашр карда, ният дорад, ки дар ин самт корҳои бештар анҷом бидиҳад.
ДАР ОХИР:
Ба устодони азиз Фарзонаи Хуҷандӣ ва Матлубаи Мирзоюнус, ҳамчунин ба онҳое, ки дар нашри ин китобҳо ва ба ин васила ба тарғиби илму адабиёти тоҷик дар Эрон саҳм гузоштанд – раиси нашриёти “Хирадгон” хонум Суҳайло Юсуфӣ, дӯстони азизамон Муҳсин Фараҳбар ва Ораши Эронпур, рассоми мониқалами мо Тоҳир Назар, адабпажӯҳон Низомиддин Зоҳидӣ, Нуралӣ Нурзод , Шоҳона Каримова ва ҳамаи алоқамандон муборакбод мегӯем!
Одили НОЗИР