Девони шоир бори нахуст соли 1974 бо эҳти моми адабиётшинос Саҳобиддин Сиддиқов интишор гардида буд, соли 1985 муҳаққиқи эронӣ Мир Тоҳир девони ӯро дар Эрон ба нашр расонид. Инак, Маркази илмии “Камоли Хуҷандӣ” девони интиқодии шоирро ба нашр расонд. Нашри кунунии девони Риёзии Са марқандӣ бо кӯшиши шоир ва адабиётшинос Баҳроми Раҳматзод анҷом пазируфт, ки зери назари профессор Замира Fаффорӣ тариқи нашриёти «Хуросон» дар ҳаҷми 248 саҳифа аз чоп баромад. Таҳиягар дар муқаддима муҳимтарин масъ алаҳои марбут ба зиндагии шоирро баррасӣ намуда, мақоми суханварии ӯро муайян намудааст. Ҳамзамон, дар муқаддима равишҳои таҳияи матн бо такя ба нусхаҳои хаттӣ сабт гардидаанд ва маълум карда шудааст, ки нашри ҳозир дар асоси 14 нусхаи хаттӣ ва нашрҳои Тоҷикистону Эрон омода гардида, нусхаи хаттии №3440-и китобхонаи халқии Берлин ҳамчун нусхаи асос ба кор рафтааст. Китоб аз ғазал, қасида, рубоӣ ва байтҳои алоҳидаи Риёзии Самарқандӣ гирдоварӣ шудааст.
НАШРИ «ДЕВОН»-И РИЁЗИИ САМАРҚАНДӢ
Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.





