35.1 C
Душанбе

Намоиши асарҳои нигоришии марбут ба «Роғун» дар Душанбешаҳр

Рӯзи 15-уми апрел дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои нигоришӣ баргузор гардид, ки ба сохтмонсозии «Роғун» марбут аст. Намоиши мазкур зери унвони ««Роғун” – кохи нур» сурат гирифта, дар он беш аз сад асари рассомон, муҷассамасозон ва кандакорони тоҷик ба тамошо гузошта шуд.

Дар ифтитоҳи ин намоиш Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанги Тоҷикистон суханронӣ намуд. Ҳамчунин дар ин рӯйдоди фарҳангӣ муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, раиси Иттиҳодияи рассомони Тоҷистон Наргис Ҳомидова, намояндаи сохтмонсозии неругоҳ ва аҳли ҳунару фарҳанги кишвар ҳузур пайдо карданд.

Муовини раиси Ҳизби халқии Тоҷикистон Маликшо Неъматов иброз дошт, ки асарҳои офаридаи рассомон таърихро барои ояндагон бозгӯйӣ хоҳад кард.

Меҳмонон асарҳои офаридаи рассомонро тамошо карда, ба онҳо баҳои баланд доданд.

Мижгон ХАЛИЛЗОДА, «АС»

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо