25.4 C
Душанбе

Нақшро бин аз нигоҳи нақшгар

Ин мусаварраро дорандаи унвони Арбоби ҳунари Тоҷикистон, дотсент, узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Акмал Миршакар офаридааст. Асар “Меҳмонӣ” ном дорад ва дар жанри чеҳранигорӣ эҷод шудааст. Дар асар мо занҳои зебои тоҷикро мебинем, ки ба меҳмонӣ мераванд. Рассом дар тасвир либосҳои миллӣ, ашёи сафолӣ бо нақшҳои миллӣ ва бо усули декоративӣ сохташударо бозтоб додааст. Занҳои тоҷик аз қадим чунин анъана доранд, ки вақти ба меҳмонӣ рафтан савғояшонро болои сар бардошта мебаранд.

Рассом кӯшиш кардааст, ки ин мушоҳидаи худро зимни офаридани асар нозукбинона тасвир намояд.

Дар асар либоси занҳои тоҷик бо рангҳои гарму сард ва рӯймоли сарашон тоҷикона ва бо ороиши миллӣ тасвир шудааст. Дар пасманзари асар ҳавои тоза, абрҳои софи даргузари фасли тобистон бо ранги баланди кабуду сафед рӯи парда омадаанд. Тасвир дар равияи реализм ва бо унсурҳои хоси фолклорӣ эҷод гардидааст.

Корҳои эҷодии Акмал Миршакар жанрҳои мухталиф доранд ва ҳар як расм аз эҳсосу андеша ва мушоҳидаҳои хос сарчашма мегирад. Дар жанрҳои манзаранигорӣ, чеҳранигорӣ (портрет), композитсияҳои мавзуӣ ва натюрморт асарҳои ҷолиб офаридааст.

Мавриди зикр аст, ки Акмал Миршакар соли 1961 дар оилаи шахсияти шинохтаи шеъру адаби тоҷик Мирсаид Миршакар ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна дар Омӯзишгоҳи саросарии рассомии ба номи М. Олимов ва Донишкадаи давлатии санъати рассомии Маскав ба номи В. Суриков таълим гирифтааст. Ба ҳайси омӯзгор дар Омӯзишгоҳи саросарии рассомии ба номи М. Олимов, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи М. Турсунзода, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз соли 2013 то ҳол устоди Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон аст.

Асарҳои Акмал Миршакар рангоранг буда, бо шеваи ороишӣ ва бо истифода аз рангҳои гуногун эҷод шудаанд. Ӯ рангҳоро дақиқнигарона ва созгор бо жанру мавзуи мавриди тасвир интихоб мекунад.

Ба назари рассом, рангҳо ба инсон таъсири аҷибе доранд ва ӯро болидаруҳу хушҳол месозанд.

Бика ЁҒИБЕКОВА, ҳунаршинос

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо