Ба муносибати 75-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Ка мол Насрулло китоби “Муждаи васл” ба зевари табъ ороста гардид. Мураттибон Тоҷибой Султонӣ ва Саид Юнусиён маҷмуаро ба ду қисм ҷудо намудаанд. Бахши аввал ашъори ватандӯстона ва тозаи шоирро фаро мегирад. Қисми дувуми китоб “Аз ки тобҳои пешин” ном дорад. Дар ин қисм гулчини ашъори шоир аз китобҳои қаблии ӯ: “Навгонӣ”, “Барги зуф”, “Гузаргоҳи дил”, “Номаи боли кабӯтар”, “Нома ба офтоб”, “Тоҷикистонро дигар қисмат макун”, “То даме ки лонаҳо гарманд” ва “Дар фурудгоҳи як таманно” гирд омадаанд. Мураттибон аз навъҳои гуногуни шеър, амсоли шеърҳои нимоӣ, сапед, ғазал, рубоиву дубайтӣ, чаҳор пора намунаҳо овардаанд.
Мазмуни ашъори Камол Насрулло фарогири зинда гии дирӯзу имрӯзи халқи тоҷик аст. Мутолиаи ин шеърҳо дар вуҷуди хонанда эҳсоси ба ланди ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллию давлатӣ, ваҳдату ягонагӣ, ифтихор аз суннату ойин ва фарҳанги волои гузаштагонро тақвият мебахшад.
Н. ҚУРБОНЗОДА





