Хушбахтона, писари амаки Абдуррасул аз имтиҳони дохилшавӣ баҳои чор гирифт. Вале пирамардро ин баҳо қаноатманд накард. «Наход писари ман шуда, аз мавзуи муҳорибаи назди Маскав баҳои панҷ нагирӣ?» – гуфт амаки Абдуррасул ва ба сари писараш шӯрида, таъкид кард, ки ту бояд гапи аз китобҳо хондаатро не, ҷонбозиҳои маро нақл мекардӣ. Албатта, муаллими имтиҳонгир ба ту баҳои панҷ мемонд. Сипас ҳамчун таърихи зиндаи муҳорибаи назди Маскав ба нақле оғоз кард:
Ба шумо дурӯғу ба Худо рост, ки мо танкҳои кӯҳ барин калони немисиро ба чашм зада мегардондем. Вақте гуфтанд, ки фашистҳо бо танкҳои «Фердинанд» ва «Паланг» ҳуҷум мекунанд, ҳамаи генералҳои фронти назди Маскав барои маслиҳатпурсӣ назди ман омаданд. Гуфтам, ки ба ман як ҳафта рухсат диҳед, он тарафаш коратон набошад.
Маро бо самолёти ҳарбӣ ба Душанбе оварданд. Дар ин ҷо бо пирони кор дида суҳбат карда, аз паи кор шудам. Аз ноҳияҳои Дарвозу Кӯлоб, Масчоҳу Ҳисор, Қаротегину Зарафшон як даста мӯйсафедони чашмашон суқдорро ҷамъ кардам ва гуфтам, ки «умеди рафиқ Сталин ба шумо». Ба онҳо фаҳмондам, ки мисли дигарҳо дар майдон ҷанг намекунанд, вазифаашон фақат «ваҳ» гуфтану суқ кардан аст. Розӣ шуданду мо бо ҳамон самолёт то хатти фронт парвоз кардем. Он ҷо ҳама аз ҳуҷуми танкҳои вазнин дар изтироб афтода, интизори омадани ман буданд.
Рафиқ Сталин «Абдуррасул куҷо шуд?» – гуфта, суроғу пай кардааст. Хушбахтона, ман саривақт расидаму аз ҳисоби мӯйсафедони чашмашон суқдор зуд як рота ташкил кардам. Ротаи мо дар як баландӣ ҷой гирифт. Пагоҳӣ, соатҳои панҷ, танкҳои азимҷусаи фашистӣ аз дур пайдо шуданд. Ба шумо дурӯғу ба Худо рост, аз ғурришашон замину замон меларзид. Дарахтҳои азимро бо тасмачархҳояшон чапагардон мекарданд. Самолётҳо бомба мепартофтанд, ба ҳадаф расанд ҳам, вале бенатиҷа. Гранатаҳо таркида, ягон ҷояшонро пай намекарданд. Онҳо танк не, балои азим. Ман аз фурсат истифода бурда, қатори пеши танкҳоро байни чашмиҳо тақсим кардам. Ҳамдиёри худамон Устоҷобир як танки «Фердинанд»-ро «ваҳ ин танк аст ё балои Худо?» гуфта, ба нишон гирифт. Наузубиллоҳ, танк аввал дуд кард, баъд мисли ғӯзапоя аланга гирифт. Абдурраҳими тоҷикободӣ «ваҳ хунаат сӯзад техникадоре» гуфта аз ҷояш хеста буд, ки ду танк якбора таркид. Як танки «Шоҳпаланг» роҳашро дигар карда, бо суръат пеш меомад. Як мӯйсафеди масчоҳӣ ҳарчанд «ваҳ, ин балои Худоро бин-е» гуфт, осебе нарасид. Худам онро ба нишон гирифтам. «Худоё, ин танк ё кӯҳпора! Агар ба Маскав дарояд, замину замонро яксон мекунад. Танк ҳам ин қадар зӯр мешудаааст?!» – гуфта будам, ки тасмачархаш канда шуд.
Баъд гурӯҳи мо бо тӯрҳои моҳидорӣ ба ҳуҷум гузашт. Ман аввалин шуда «ё Ҳазрати Бурхи Сармаст» гӯён тӯрро ба болои ду танк ҳаво додам. Наузубиллоҳ, ҳаво додаму танкҳо дар даруни тӯр печида, мисли хари чор пояш ба лой ғӯтидагӣ аз ҳаракат боз монданд. Ҳамин дам як танки «Фердинанд» омад. Ман ҳамчун чашмии ботаҷриба бо ду чашмам онро ба нишон гирифта, «ваҳ, ин танк аст ё кӯҳи Хӯҷаабдулон? Агар ба Маскав дарояд, ҳамаро зеру забар мекунад» гуфта будам, танк таркиду сарпӯшаш ба ким куҷо парида рафт, дигар аз ҷояш қадди қил ҷунбида натавонист.
Ба шумо дурӯғу ба Худо рост, ки ротаи мо ҳамон рӯз зиёда аз чил танки навбаромади душманро бо чашми тӯр несту нобуд кард. Вақте ки ин хабар ба рафиқ Сталин расид, ӯ аз хурсандӣ ҳамаи моро ба Кремл даъват кард. Рафиқ Сталин, ки аз бехобӣ чашмонаш варамида буданду чубуқ мекашид, маро ба пеш бароварда, ба китфам тап-тап зада гуфт: «Хидматҳои туро Ватан фаромӯш намекунад». Сонӣ амр дод, ки ба ман як паровозу як ва гон мукофот диҳанд. Ӯ гуфт, ки амаки Абдурасул, ту одами серкӯдак, молу ҳолдор. Аз Данғара як вагон коҳ биёрӣ, ҳам ба худат мерасаду ҳам ба ҳамсояат Толиб.
Ростӣ, ман розӣ нашудам. Гуфтам, ки «Не, рафиқ Сталин, ҳоло аз Янгибозор то Данғара роҳи поезд нарафтааст». Ба шумо дурӯғу ба Худо рост, ба ман як мотосикли напа-нави чорчархаи «Ява» туҳфа карданд. Вай дар кӯҳ қадди оҳу медавид. Мотосиклро савор шуда, то Қазоқистон омадам. Дар биёбони қазоқ ногаҳон ҳам нонам тамом шуду ҳам носаму ҳам бензини мототсиклам. Мабодо аз гуруснагию беносӣ намураму ба назди кӯдакон нарасам гуфта, мототсиклро ба нону нос иваз кардам.
Ҳаво қадди ях хунук буд. Гургу шағолҳо уллос мекашиданд. Ман дар борхалтаам якта кордча доштам. Дилам пур буд, ки агар хирс ҳуҷум кунад ҳам, ишкамашро бо ҳамин кордча чок мекунам. О, одами бо фашист ҷанг кардагӣ аз хирс метарсад? Ман бист шабу бист рӯз роҳ гашта, ба Сталинобод расидам.
Мо тамоми умр рост рафтем, рост гуфтем, рост зистем. Ту ҳам, писарам, ҳамеша ростгӯ, ростқавл, росткор бош, то мардум ба ту раҳмат гӯянд. Аз дурӯғгӯӣ ягон фоида нест. Халқ беҳуда «Дурӯғгӯ – душмани Худо» нагуфтааст.
Бурҳон ҒАНӢ, Мирзо ФАЙЗАЛӢ